Духтар дар беҳолатӣ. Акс аз бойгонӣ

Одамрабоӣ дар Душанбе: ҷавон духтари 22-соларо куҷо бурд

1152
(Таҷдидшуда 21:50 06.01.2018)
Сокини шаҳри Душанбе, ҷавони 24 сола духтари 22-соларо аз хонааш рабудаст

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Дар ин бора марди 52-солаи сокини пойтахт ба Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст.

Ҳодиса се рӯз пеш аз Соли нав 27-уми декабр ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ки марди 52-солаи сокини кӯчаи Камол Хуҷандии пойтахт ба ВКД муроҷиат кардааст, ки  рӯзи 27-уми декабри соли 2017, шахси номаълум худсарона ба хонааш ворид шуда,  духтари 22-солаашро маҷбуран гирифта ба самти номаълум ғайб задааст. 

Зимни баргузории корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 24-солаи сокини кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе бо гумони одамрабоӣ дастгир шудааст.

Манбаъ меафзояд, ки нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

1152
Барчаспҳо:
одамрабоӣ, рабудани духтар, ВКД-и Тоҷикистон, Душанбе, Тоҷикистон