Ду бародар дар Кӯлоб мардеро бо зарби корд куштанд

Обуна шудан
Бародарон ба бадани марди 35 сола 16 маротиба бо корд задаанд

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин фоҷиа рӯзи 19 феврал рух додааст.

Гуфта мешавад, ки дар паи баргузории чорабниҳио вижаи ҷустуҷӯӣ, кормандони милитсия марди 22- сола ва бародараш ҷавони 17-солаи сокинони шаҳри Кӯлобро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир кардаанд.

Тафтишот муайян намуда, ки бародарон рӯзи 19-уми феврал, тахминан соати 19:45, дар кӯчаи Чармгарони поёни шаҳри Кӯлоб, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 35 —солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда, сипас бо корди дар дасташон буда, 16-маротиба ба узвҳои бадани ӯ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

"Дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", —омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки далели шайъӣ ду адад корд гирифта шудааст.

Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0