Интерпол, акс аз бойгонӣ

Русия 28 шаҳрванди Тоҷикистонро тариқи Интерпол ҷустуҷӯ дорад

101
(Таҷдидшуда 15:31 23.05.2018)
Ҷустуҷӯи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар таҳияи аъмоли террористӣ гумонбар мешаванд, тавассути Интерпол сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Русия тавассути Интерпол 28 шаҳрванди Тоҷикистонро барои иртиботашон бо гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар ҶТ) ҷустуҷӯ дорад, хабар медиҳад ТоҷикТА.

Нафароне, ки таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд, қаблан дар ҳудуди Русия буда, дар омодасозии ҳамлаҳои террористӣ ширкат варзидаанд. Зодагони Тоҷикистон ҳамчунин ба ташкили роҳҳои интиқоли ҷангиён ба минтақаҳои амалиёти ҳарбӣ дар Сурия иштирок намуда, ба паҳн кардани экстремизм машғул будаанд.

Ба наздикӣ феҳрасти пулиси байналмилалиро зодаи 32-солаи ноҳияи Рудакии Тоҷикистон Абдушаҳид Турсунов пур кард, ки қаблан нест кардани раисҷумҳури кишвари худ Эмомалӣ Раҳмонро ба нақша гирифта буд.

Соли 2014 вай қаламрави Русияро тарк намуда, ба Сурия гузашт. Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳури кишвар пештар гузориш дода шуд, ки таи солҳои 2014-2017 зиёда аз 1140 шаҳрванди Тоҷикистон ба созмони "Давлати исломӣ", ки дар бисёр кишварҳои дунё мамнӯъ аст, пайвастаанд.

Дар айни замон, тақрибан 300 нафар шаҳрванди кишвар дар ин рӯйхат ҳачун фавтидагон ба ҳисоб мераванд. Танҳо 70 нафари онҳо ба ватан баргаштаанд, ки аксарияти онҳо авф шудаанд.

101
Барчаспҳо:
ҷустуҷӯ, Интерпол, Тоҷикистон, Русия