Гиряи мард. Акс аз бойгонӣ

Хоҳарон аз бародари худ ҳомила шуданд: тоҷике дар Русия 8 сол зиндон шуд

1170
(Таҷдидшуда 19:45 30.05.2018)
Хоҳарони дугоник, то замоне ки дар 13 солагӣ аз бародари худ ҳомиладор нашудаанд ба волидайнашон чизе нагуфтаанд

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik.  Додгоҳи шаҳри Волгогради Русия муҳоҷири тоҷикро ба гумроҳкунии хоҳарони худ айбдор донист, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти Кумитаи тафтишотии Русия.  

Бино ба иттилоъи манбаъ, сокини 25 солаи Тоҷикистон тирамоҳи соли 2016 ба шаҳри Волгоград барои кор омадааст. Ӯ ҳамроҳ бо волидайн ва хоҳарони 13-солаи худ зиндагӣ мекардааст. 

"Ӯ аз соли 2016 то августи соли 2017 дар хонаи худ бо навбат бо хоҳарони дугоникаш алоқаи ҷинсӣ кардааст. Хоҳарон муҳлати тӯлонӣ ба ҳеҷ кас дар ин бора чизе нагуфтаанд. Волидайн дар ин бора замоне хабардор шуданд, ки хоҳарон ҳомиладор шуданд", — иттилоъ додааст манбаъ.

Вақте, ки модараш аз ин ҳолат бохабар шудааст, ӯ ба пулис муроҷиат накардааст ва писарашро пинҳон намудааст. Ӯ писарашро гурезонда ба дигар минтақа равон мекунад вале кормандони пулиси Русия  ӯро дастгир карданд.

"Бояд қайд намуд, ки ҷиноятро кормандони тибб ошкор карданд. Онҳо дар бораи ин ҳодиса ба пулис хабар доданд", таъкид кардааст манбаъ.

Баъд маълум шуд, ки хоҳарони дугоникро бародари худашон гумроҳ карда бо онҳо алоқаи ҷинсӣ мекардааст.

Додгоҳ муҳоҷири тоҷикро ба гумроҳии хоҳарони дугоник айбдор намуда, ӯро ба 8 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кардааст.

Дар рафти корҳои ҷустуҷӯӣ айбдоршаванда пурра ба гуноҳи худ иқрор шудааст.

1170
Барчаспҳо:
8-соли зиндон, додгоҳ, Тоҷикистон, Русия