Арест, архивное фото

Ҳабси ҷавоне, ки 180 000 сомонии сокини ноҳияи Ишкошимро гирифт

1229
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳабси ҷавоне хабар медиҳад, ки 180 000 сомонии занеро аз худ карда бар нагардонидааст

ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Мақомот мегӯяд, ҷавони 22-солаи сокини Душанбе ба боварии сокини ноҳияи Ишкошим даромада, аз ӯ 180 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

"Зани 42-солаи сокини ноҳияи Ишкошим, шикоят кадааст, ки моҳи майи соли 2018, ҳангоми дар кӯчаи Мушфиқии шаҳри Душанбе қарор доштанаш, ҷавони 22-солаи сокини кӯчаи мазкур, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 180.000-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст". 

Ҳамчунин, ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор марди 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дурбати ҳамин шаҳр, бо ариза муроҷиат намудааст.

Ӯ гуфтааст, ки соли 2015, марди 36-солаи сокини кӯчаи Саъдии Шерозии пойтахт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Прадо”-ро ба маблағи 30.000-доллари амрикоӣ нархгузорӣ намуда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

Сокини ноҳияи Ишкошим дар сархати ронандагони ҷаримагурез: рӯйхати ВКД

Вазорати умури дохила мегӯяд, ки айни замон нафарони тақаллубкор дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот дар ин самт идома дорад.

1229