Сомони и доллары, архивное фото

Раводид ба Канада бар ивази 180 ҳазор сомонӣ: қалллобии сокини Душанбе

386
(Таҷдидшуда 10:40 25.01.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз тақаллубкорие дар ҳаҷми махсусан калон хабар медиҳад. Чӣ гуна марди 29 сола сокини шаҳри Душанберо фиреб кард?

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар масъалаи тақаллубкори ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 33-сола бо ариза муроҷита кардааст.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ ҷабрдида, сокини кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанбе мебошад.

Қаллобӣ: тасарруфи 60 000 сомонӣ ва бо роҳи фиреб соҳиб шудан ба мошини "Тойота-Кемри"

Ӯ муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2019 дар кӯчаи М.Турсунзода, марди 29-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 175 ҳазору 570-сомонӣ гирифтааст.

Ӯ ваъда додааст, ки бар ивази ин миқдор маблағ, ҳуҷҷатҳои лозима, аз ҷумла раводид ба Ҷумҳурии Канада, барои ба кор рафтанро дуруст мекунад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.

Дар Тоҷикистон сатҳи ҷиноятҳои қаллобӣ ва авбошӣ афзоиш ёфтаст

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

386
Барчаспҳо:
тақаллуби пул, тақаллуб, ВКД, Тоҷикистон
ДТП, архивное фото

Садамаи маргбор: ронандаи "Опел-Зафира" марди 59 -соларо пахш кард

425
(Таҷдидшуда 13:44 04.03.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргборе дар ноҳияи Данғара хабар медиҳад, ки дар паи он марди 59 - сола ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Вазортаи корҳои дохилӣ ин садамаи маргбор рӯзи 2-юми март, шабонгоҳ тахминан соати 23:00 ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ки ронандаи худрави тамғаи "Опел-Зафира", Зарифов Сафармад Самадович, сокини 38 - солаи шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти И.Шарифи ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.

Садамаи маргбор: ҳалокати пирамарди 76-сола зери чархи мошини Камолиддин

Ӯ дар ҳамин ҳол, пиёдагард Шукуров Файзалӣ Эмомович, сокини 59 - солаи ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи мазкурро пахш намудааст.

"Дар натиҷа, Шукуров Ф.Э. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзудааст, ки аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

425
Барчаспҳо:
садамаи маргбор, маргбор, Тоҷикистон, садама
Арест, архивное фото

Боздошти марди 35 -сола: сокини Восеъро фиреб дода 25 ҳазор сомониашро гирифт

839
(Таҷдидшуда 12:14 06.02.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марди 35 -сола бо ҷурми қаллобӣ хабар медиҳад, ки 25 ҳазор сомонии ҷавони 24 - соларо аз худ кардааст

ДУШАНБЕ, 6 феврал - Sputnik. Марде аз ноҳияи Файзобод ба боварии ҷавони 24 -сола даромада маблағи ӯро аз худ кардааст.

Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ин мард дар паи баргузорииимни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.

Зани рус 11 шавҳарашро "зери хок" кард

Гуфта мешавад, ки ӯ, моҳи январи соли 2021, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти М.Вайсови ноҳияи Восеъ даромада, аз ӯ 25 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Душанбе: ду ҷавон худро маъюб вонамуд карда, талбандагӣ мекарданд - акс

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

839
Барчаспҳо:
ВКДҶТ, қаллобӣ, Файзобод, боздошт

ВКД: дар се садамаи ахир чаҳор нафар ба ҳалокат расиду шаш нафари дигар маҷрӯҳ шуданд

0
(Таҷдидшуда 14:09 08.03.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз сар задани се садамаи нақлиётии мадҳуш хабар дод. Дар натиҷаи ин се садамаи нақлиётӣ чаҳор нафар ба ҳалокат расидаасту шаш нафари дигар осеб дида дар бемористон бистарӣ гардиданд

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон санаи 6-уми марти соли равон, ронандаи автомашинаи “Опел-Вектра”, Солиев Бороналӣ, сокини ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Норак-Ваҳдат”, дар ҳудуди деҳаи Элоки шаҳри маҳкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан”, ки дар канори рости роҳ истода будааст, бармехурад.

“Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Солиев Б.У. ва мусофираш, Сидиқов Рамазон, сокини ҷамоати деҳоти К.Исмоилов, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - таъкид доштааст ВКД кишвар.

Инчунин, худи ҳамон рӯз, ронандаи автомашинаи “Мерседес-Бенс”, Фаёзӣ Афзал, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок” дар ҳудуди деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба бетони муҳофизати болои пули сойи деҳаи мазкур бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Фаёзӣ Афзал ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Гуфта шудааст, ки мусофирони дигар ин автомашина Ҷалилова Истанбону, сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, Ҳакимова Мафтуна, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмони ноҳияи Б.Ғафуров, Фаёзӣ Малика Валиевна, сокини шаҳри Хуҷанда ва 2-фарзанди хурдсолаш Фаёзова Раъно Афзаловна, соли таваллудаш 2015, Фаёзова Ҳанифа Афзаловна, соли таваллудаш 2017,  ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Ҳамзамон ВКД Тоҷикистон аз як ҳодисаи дигари нохуш низ хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ, санаи 6-уми марти соли равон, ронандаи автомашинаи “Ренҷ-Ровер Спорт”, Мирзоев Муҳсин, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоеви ноҳияи Спитамен, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Дэу-Дамас”, таҳти идораи Раҳимов Умедҷон, сокини ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоев, ки дар як самт ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи “Дэу Дамас” Қулдошева Муҳайё Сайдуллоевна, сокини ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Манбаъ зикр кардааст, ки ронандаи автомашинаи “Дэу Дамас” Раҳимов У.А. ва мусофираш, Нормаҳмадова Оиша, соли таваллудаш 1947, сокини ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоеви ҳамин ноҳия ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таъкид доштааст, ки дар ҳоли ҳозир, таҳқиқоти ҳодисаҳои мазкур аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.

0
Барчаспҳо:
бемористон, бистарӣ, ҳалокат, нақлиёт, садама, Тоҷикистон