Нож в руке, архивное фото

Дашноми қабеҳ доду дар қафаси синааш корд зад: авбошӣ дар Душанбе

413
(Таҷдидшуда 13:04 27.01.2020)
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳодисаи кордкашие хабар медиҳад, ки дар паи он марди 25-солаи сокини шаҳри Душанбе бистарӣ шуд

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 23-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани авбошӣ дастгир карда шуд.

Кордкашии духтари ҷавони 23-сола: мард дар бемористон бистарӣ шуд

Номбурда, санаи 25-уми январи соли 2020, тахминан соати 14:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Р.Амакии пойтахт қарор доштанаш аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос марди 25-солаи сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо дашномҳои қабеҳ дода, бо корди дар дасташ буда, дар поёни қафаси синааш задааст.

Кордкашии хонандагони синфи 9 дар шаҳри Хуҷанд ба чӣ анҷомид?

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Манбаъ афзуда, ки аз рўи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

413
Барчаспҳо:
Душанбе, кордкашӣ, Тоҷикистон
Арест, архивное фото

Кордкашӣ дар бозори Исфара: ҷавони 27 -сола падару писарро захмӣ кард

321
(Таҷдидшуда 19:29 17.01.2021)
Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти сокини 27 - солаи шаҳри Исфара хабар медиҳад, ки дар ҷинояти авбошӣ гумонбар мешавад

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикисон дар паибаргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз боздошти марди 27-солаи сокини шаҳри Исфара, хабар медиҳад.

Бино ба гузориши ин ниҳод, ин мард, ки соли 2012 бо моддаи 104 ва 252 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.

"Номбурда, санаи 14-уми январи соли 2021, тахминан соати 14:00, дар бозори марказии шаҳри Исфара аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо ҷавони 21-солаи сокини шаҳри мазкур ва падараш марди 44-сола, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 2-маротиба ба дасту пои ҷавони 21-сола ва 1-маротиба ба пои падари ӯ задааст", - омадаатс дар хабарнома.

Дар натиҷа ҳардуи онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.

Бистарӣ шудани ҷавони 20-сола аз зарби корд дар Душанбе

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

321
Барчаспҳо:
ВКД ҶТ, Исфара, боздошт
Арест. Архивное фото

Пули "Бонки Эсхата" -ро зада, терминалҳоро шикастанд: боздошти ду бародар ва рафиқашон

560
(Таҷдидшуда 13:13 13.01.2021)
Бародарон Сайҳун ва Абдумаҷид Абдуманоновҳо ва ҳамаслаки онҳо Суҳроб Ҷӯраев баъди дуздии пайдарпайи терминалҳои пулгузаронӣ дар маҳаллаҳои Хуҷанд, оқибат ба дасти милитсия афтоданд

ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Идораи Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо ироаи ин иттилоъ гуфт, нафарони боздоштшуда, ҳама сокинони шаҳри Хуҷанд буда, аз моҳи декабри соли гузашта то аввалҳои моҳи январи соли ҷорӣ ба ғорати терминалҳои пулгузаронӣ машғул шудаанд, ки дар ҳафт ҳолат аз 2760 то 12 000 сомониро дуздидаанд.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷавонон ин ҷиноятро шабона содир намудаанд.

"Гумонбарон дар ҳайати гурӯҳ бо маслиҳати пешакӣ ва бо асбоби оҳании мехкашӣ сарпуши теминалҳоро кушода, дастгоҳи пулқабулкунӣ ё кешкодро тасарруф намуда, баъди ба дасти овардани маблағи ҷамъшуда, таҷҳизоти пулқабулкунакро ҳамчун ашёи нолозим партофтаанд", - гуфт Шарифӣ.

Ба иттилои манбаъ, ин гурӯҳи ҷавонон ба ҷуз дуздии маблағи терминалҳои мавҷудбуда дар маҳаллаҳои 13, 18, 20 ва 28 - уми Хуҷанд ба соҳибмулкон "Бонки Эсхата" ва "Душанбе Ситӣ" зарари молумулкӣ расонидаанд.

Гумонбарон аз ҷумла санаи 14 декабри соли гузашта аз терминали назди мағозаи "Доро" воқеъ дар маҳаллаи 20 - уми Хуҷанд 7518 сомониро тасарруф намуда, дастгоҳи ҳисоб ва қабули пул, ки маҷмӯан 4950 сомонӣ арзиш дошт, шикаста корношоям кардаанд.

Боздошти келини 21-солаи хона, ки хусурро ғорат карду ду “Лексус” ва як “Киа” харид-видео

Мақомоти милитсияи шаҳри Хуҷанд ҳоло нисбати "иттифоқи сегона" бародарон Сайҳуни 28 - сола, бародараш Абдумаҷид Абдуманнонови 22 - сола ва шарики онҳо Сӯҳроб Ҷӯраеви19 - сола, бар асоси моддаи 244 (дуздӣ ) - и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз намудааст.

560
Барчаспҳо:
Суғд, боздошти гумонбарон, боздошт, ғорат, Бонк
Арбитр показывает красную карточку на футбольном матче. Архивное фото

Даъват шуданд: доварони футболи тоҷик ба Арабистони Саудӣ мераванд

19
Дар доираи ёддошти ҳусни тафоҳум байни федератсияҳои футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Арабистони Саудӣ ҳайати доварони Тоҷикистон бозиҳои чемпионати Арабистони Саудиро ҳакамӣ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 22 январ - Sputnik. Ҳайати доварон аз Тоҷикистон барои ҳакамии бозиҳои чемпионати Арабистони Саудӣ оид ба футбол даъват шуданд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар доираи ёддошти ҳусни тафоҳум байни федератсияҳои футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Арабистони Саудӣ ҳайати доварони Тоҷикистон бозиҳои чемпионати Арабистони Саудиро ҳакамӣ хоҳанд кард.

Доварони ФИФА Насрулло Кабиров (Норак) ва Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе), инчунин ёварони доварони ФИФА Акмал Буриев (Турсунзода) ва Хусрави Сиддиқзод (Душанбе), ки ба рӯйхати доварони баргузидаи Конфедератсияи футболи Осиё шомиланд, барои ҳакамии бозиҳои чемпионати Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.

Дастпарвари футболи тоҷик сармураббии дастаи футболи “Олой”-и Қирғизистон шуд

Ҳайати ҳакамони зикршуда бозиҳои дивизиони якуми ин кишварро ҳакамӣ мекунанд. Дар лигаи якуми Арабистони Саудӣ, ки 20 даста баромад мекунад, айни замон 16 давр баргузор шуда, ҷадвали мусобиқаро бо 43 имтиёз дастаи «Ал-Хазм» ишғол менамояд.

19