ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. Дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 63-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шурободи ноҳияи Ш.Шоҳин ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шудааст
Бино ба гузориши ВУД, номбурда, рӯзи 5-уми марти соли 2020, тахминан соати 08:50, дар кӯчаи Марказии ноҳияи мазкур, бо марди 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шурободи ҳамин ноҳия вохӯрдааст.
Аз сабаби муноқишаи ба миён омада, мард бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба қисмати чапи қафаси синааш задааст.
"Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки айни замон нафари гумонбаршуда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, корҳои тафтишотӣ идома дорад.
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Бино ба гузориши дафтари матбуотии ин ниҳод, дар бораи ҳодисаи мазкур ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ муроҷиат намудааст.
Ин мард шикоят кардааст, ки 20-уми январи соли 2021, тахминан соати 23:40, дар дохили хобгоҳи "Текстил", воқеъ дар кӯчаи Айнии пойтахт, ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ бо ӯ ҷангу ҷанҷол кардааст.
Мусодираи силоҳи оташфишон аз сокини Турсунзода: "барои ҳимояи оилаам харидам"- навор
Тибқи иттилои манбаъ, ноболиғ ӯро дашномҳои қабеҳ гуфта, бо корд 1-маротиба ба китфи росташ задааст.
"Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки феълан гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикисон дар паибаргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз боздошти марди 27-солаи сокини шаҳри Исфара, хабар медиҳад.
Бино ба гузориши ин ниҳод, ин мард, ки соли 2012 бо моддаи 104 ва 252 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
"Номбурда, санаи 14-уми январи соли 2021, тахминан соати 14:00, дар бозори марказии шаҳри Исфара аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо ҷавони 21-солаи сокини шаҳри мазкур ва падараш марди 44-сола, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 2-маротиба ба дасту пои ҷавони 21-сола ва 1-маротиба ба пои падари ӯ задааст", - омадаатс дар хабарнома.
Дар натиҷа ҳардуи онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.
Бистарӣ шудани ҷавони 20-сола аз зарби корд дар Душанбе
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
ДУШАНБЕ, 23 янв— Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти шаш зани ҷавон ба иттиҳоми авбошӣ гузориш медиҳад.
Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, ин занони ҷавон, ки ҳамагӣ аз 19 то 25-сола будаад, дар пайи занозанӣ дар клуби шабонаи "Аура" дастгир шудаанд.
Гуфта мешавад, бо сабаби ночиз ба ҳамдигар дарафтодаву тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд.
Ҳамин тавр, тавре РВКД менависад, "ду гурӯҳ ҷавонзанон аз ду ҷониб, бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд".
"Сабаби муноқишаи мазкур “расидани китфи яке ба китфи дигаре дар вақти рақс ва ба ин тартиб халал расонидан ба истироҳати ҳамдигарӣ” унвон гардидааст. Дар ин замина номбурдагон ба ҳамдигар дарафтода, бо мушту пой ва зарфҳои шишагин якдигарро латукӯб намудаанд", - омадааст дар гузориш.
Афзун бар ин, онҳо ба эроди атрофиён аҳамият надода, тартиботро дар мавзеи ҷамъиятӣ ба таври дағалона ва ба муддати тулонӣ вайрон кардаанд.
Нисбати ҳамаи боздоштшудагон тибқи талаботи моддаи 237 қисмҳои 2 ва 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ дар ҳайати гуруҳӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.
Навор ва аксҳои ин гурӯҳи боздоштшударо РВКД нашр кардааст.
Ёдрас мешавем, қисмҳои 2 ва 3-и моддар 237(авбошӣ) Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз 5 то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.