ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 48-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст.
Ӯ шикоят кардааст, ки рӯзи 5-уми январ, тахминан соати 17:30, дар кӯчаи Н.Махсуми пойтахт шахсони номаълум аз ҳиссиёти авбошӣ, бе ягон асос писараш ҷавони 20-соларо лату кӯб намудаанд.
Ҳамчунин авбошон бо корди дар дасташон буда, 1 маротиба ба пой ва шикамаш задаанд.
"Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегардад", - омадааст дар хабарнома.
Дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Кордкашии ноболиғон дар Душанбе дар шаби Соли нав
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Идораи Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо ироаи ин иттилоъ гуфт, нафарони боздоштшуда, ҳама сокинони шаҳри Хуҷанд буда, аз моҳи декабри соли гузашта то аввалҳои моҳи январи соли ҷорӣ ба ғорати терминалҳои пулгузаронӣ машғул шудаанд, ки дар ҳафт ҳолат аз 2760 то 12 000 сомониро дуздидаанд.
Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷавонон ин ҷиноятро шабона содир намудаанд.
"Гумонбарон дар ҳайати гурӯҳ бо маслиҳати пешакӣ ва бо асбоби оҳании мехкашӣ сарпуши теминалҳоро кушода, дастгоҳи пулқабулкунӣ ё кешкодро тасарруф намуда, баъди ба дасти овардани маблағи ҷамъшуда, таҷҳизоти пулқабулкунакро ҳамчун ашёи нолозим партофтаанд", - гуфт Шарифӣ.
Ба иттилои манбаъ, ин гурӯҳи ҷавонон ба ҷуз дуздии маблағи терминалҳои мавҷудбуда дар маҳаллаҳои 13, 18, 20 ва 28 - уми Хуҷанд ба соҳибмулкон "Бонки Эсхата" ва "Душанбе Ситӣ" зарари молумулкӣ расонидаанд.
Гумонбарон аз ҷумла санаи 14 декабри соли гузашта аз терминали назди мағозаи "Доро" воқеъ дар маҳаллаи 20 - уми Хуҷанд 7518 сомониро тасарруф намуда, дастгоҳи ҳисоб ва қабули пул, ки маҷмӯан 4950 сомонӣ арзиш дошт, шикаста корношоям кардаанд.
Боздошти келини 21-солаи хона, ки хусурро ғорат карду ду “Лексус” ва як “Киа” харид-видео
Мақомоти милитсияи шаҳри Хуҷанд ҳоло нисбати "иттифоқи сегона" бародарон Сайҳуни 28 - сола, бародараш Абдумаҷид Абдуманнонови 22 - сола ва шарики онҳо Сӯҳроб Ҷӯраеви19 - сола, бар асоси моддаи 244 (дуздӣ ) - и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз намудааст.
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ин мард дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳияи Вахш дастгир карда шудааст.
Гуфта мешавад, ки номбурда, рӯзи 8-уми декабри соли 2020, тахминан соати 15:30-дақиқа, хонаи истиқоматиашро ба қиморхона табдил додааст.
Боздошти сокини 68 солаи Восеъ: манзили зисташро ба қиморхона табдил дод
"Ӯ мардони 35, 38, 49 ва 29-солаи сокинони ноҳияи мазкурро ба хонааш даъват карда, ба онҳо барои бозӣ кардани қимор шароит муҳайё намудааст", - омадааст дар хабарнома.
ВУД мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 240-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд.
Бо пули қимор кори ҳалол кардан ҷоиз аст?: посухи Шӯрои уламо ба Закариё
Манбаъ афзуда, ки тафтишот дар ин самт идома дорад.
Раисиҷумҳури Русия зимни дастури эмгузаронии оммавии аҳолӣ таъкид карда буд, ки ваксинаи русӣ алайҳи коронавирус шароити хоси интиқолро талаб намекунад ва зарур хонд, ки инфрасохтори зарурӣ ҳарчӣ зудтар фароҳам шавад.
Ваксинаи “Sputnik V” аллакай дар бисёр кишварҳои ҳамсоя истифода мешавад. Аз ҷумла дар як пойгоҳи низомии Русия дар Арманистон, ҳайати шахсӣ бо ин ваксина эмгузаронӣ шуданд.
Таъкид мешавад, ки дар ваксинагузаронӣ ҳама чиз ихтиёрӣ, бо розигии хаттии ҳайати низомӣ ва ҳам дигар гуруҳи шаҳрвандон сурат мегирад.
Дар Беларус "Sputnik V"-ро аввалин шуда, табибон гирифтанд. Баъдтар, дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 5,5 миллион нафар эм карда мешаванд.
Дар Қазоқистон ваксинагузаронӣ ҳанӯз оғоз нашудааст, аммо дар Караганда истеҳсоли доруи Русия аллакай дар авҷ аст.
Дар Украина низ ба "Sputnik V" таваҷҷуҳ доранд. Онҳо аллакай ба ҷамъоварии имзоҳо барои сабти ном ва истеҳсоли ваксинаи Русия шурӯъ кардаанд.
Bloomberg самаранокии ваксинаи русии "Спутник V" -ро тасдиқ кард
Барои онҳое, ки имкони эмгузаронӣ ҳанӯз ба даст наомадааст, хабари хуш низ ҳаст: Озмоишҳои иловагии пӯсти тӯс барои пешгирии коронавирус ба анҷом расиданд. Даво аз ҷониби олимони ёқутистонӣ сохта шудааст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки он хавфи бемориҳоро кам мекунад ва инчунин раванди барқарорсозиро осон месозад.