Проверка расселенного дома сотрудниками ФМС

ХФМ: Русия вуруди 1,2 миллион хориҷии қонуншиканро манъ кард

7
(Таҷдидшуда 15:54 15.12.2014)
Дар ҳоли ҳозир дар Русия низоми худкори манъи вуруди хориҷиёне, ки тайи як сол қавонини буду бош дар он кишварро нақз мекунанд, амал менамояд.

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Тайи чанд соли ахир беш аз 1,2 миллион хориҷиёне, ки дар қаламрави Русия қонуншиканӣ кардаанд, иҷозаи вуруд ба ФР-ро аз даст додаанд, гуфт Константин Ромодановский, сардори Хадамоти федералии муҳоҷират.

Ба қавли ӯ, дар Русия ҳоло  низоми худкори манъи вуруди хориҷиёне, ки тайи як сол қавонини буду бош дар он кишварро нақз мекунанд, амал менамояд.

"Шурӯъ аз аввали ҷорӣ гардидани ин муқаррарот, ки ҳоло ду сол ҳам аз он нагузаштааст, беш аз 1, 2 миллион хориҷӣ аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шудаанд",- гуфт вай аснои суханронӣ дар ҷаласаи СҲШ (Созмони ҳамкории Шанхай) оид ба масоили муҳоҷирати глобалӣ.

7
Барчаспҳо:
нақз, вуруд, манъ, ХФМ, СҲШ, Константин Ромодановский, Русия
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон во Дворце культуры в Матчинском районе

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муҳоҷират: мо имкон дорем, ки мардумро пурра бо кор таъмин намоем

1593
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, имкони бо кор фаро гирифтани муҳоҷирини меҳнатӣ дар дохили Тоҷикистон вуҷуд дорад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар Паёми имсолааш ба парлумони Тоҷикистон, ки дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе идома дорад, гуфт, соли 2020 бо сабаби пандемияи "вируси корона" 80% - и муҳоҷирини меҳнатӣ натавонистанд ба берун раванд.

"Аз 460 ҳазор нафаре, ки ҳамасола берун мерафтанд, фақат 111 ҳазор рафтаанд. Он чӣ ишора карда истодаам, ин аст, ки мо дар дохили кишвар захираву имконотеро дорем, ки дар оянда боз ҳам беҳтар кор карда, шароити корӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ эҷод намоем ва шароити корӣ фароҳам оварда, мардуми худро пурра бо кор таъмин намоем", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Тибқи иттилое, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъи аъзои парлумон эълон кард, соли гузашта дар Тоҷикистон 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ таъсис ёфта, беш аз 6,5 ҳазор ҷои кории нав ба вуҷуд омадааст.

Вай афзуд, 157 муассисаи таҳсили умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва 1,2 млн мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд.

“Дар ин давра 193 ҳазор ҷойи кории доимиву мавсимӣ ташкил шуда, даромади пулии аҳолӣ 10% зиёд шудааст”, - гуфт президент.

Вай афзуд, пасандозҳои сокинони Тоҷикистон 17, 2 фисад зиёд шуда, 11,4 миллиард сомониро ташкил додааст, ки гувоҳи зиёд шудани даромади аҳолӣ ва афзоиши эътимоди онҳо ба ташкилотҳои карзӣ аст.

1593
Барчаспҳо:
пешниҳод, Эмомалӣ Раҳмон, муҳоҷират, Тоҷикистон
Пешеходы идут по Патриаршему мосту в Москве.

Муовини вазир нақшаи ҷалби муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Русияро гуфт

461
(Таҷдидшуда 12:26 26.01.2021)
Намояндаи Вазорати сохтмон ва манзилу коммуналии Русия гуфт, ки чӣ гуна ширкатҳои русӣ коргарони хориҷиро ҷалб хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Никита Стасишин, муовини вазири сохтмон ва манзилию коммуналии Русия, дар эфири шабакаи телевизионии "Москва 24" гуфт, ки дархостҳои ширкатҳо барои воридоти муҳоҷирони корӣ чӣ гуна иҷро мешаванд.

"Ҳама ҳамоҳангсозии байниидоравӣ дар шакли электронӣ сурат мегирад. Таҳиягарон ва ширкатҳо бояд танҳо дар платформаи электронӣ ариза пешниҳод кунанд",- гуфт ӯ.

Намояндаи вазорат илова кард, ки дархостҳо барои пешниҳоди захираҳои меҳнатӣ ҳарчи зудтар баррасӣ карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 22 январ вазири сохтмон ва манзилию коммуналии Федератсияи Русия Ирек Файзуллин аз таъсиси механизми вуруди муҳоҷирон ба Федератсияи Русия барои кор дар сохтмонҳо хабар дод.

Русия аз патенти муҳоҷирони меҳнатӣ 577 миллион доллар фоида гирифт

Ин суръат бахшидан ба масъалаҳои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз Туркия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пас аз як қатор изҳороти намояндагони мақомоти Русия дар бораи норасоии нерӯи корӣ дар ин кишвар сурат гирифтааст.

Иҷозати Ҳукумати Русия барои вуруди муҳоҷирон аз Тоҷикистон

Дар нимаи моҳи январ, президенти Русия Владимир Путин ба ҳукумати Федератсияи Русия супориш дод, ки масъалаи содда кардани ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба сохтмонҳоро то 1 март баррасӣ кунанд.

461
Барчаспҳо:
сохтмон, кор, Муҳоҷират, Тоҷикистон, Русия

COVID, президентии Трамп ва Apple Watch: пешгӯиҳои "Симпсонҳо" - видео

0
Яке аз дарозтарин филмҳои тасвирӣ дар таърихи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико натанҳо бо саҳнаҳои ҳаҷвӣ, балкӣ бо пешгӯиҳои худ машҳур аст

Масалан Доналд Трампро ҳанӯз 10 сол пеш дар ин филм ба ҳайси президенти ИМА интихоб карда буданд.

Трампро аз филми "Дар хона танҳо" ҳам хориҷ карданд - навор

Дар ҳамон филм аввалин маротиба соатҳои Apple Watch, чанд чол пеш аз инқилоби "себӣ" пайдо шуда буданд.

Ҳаводорони филми тасвирии "Сипмсонҳо" боз чанд лаҳзаи дигари пешбинишударо дарёфт карданд:

  • ҷароҳати футболбози бразилиягӣ Неймар дар қаҳрамонии ҷаҳон;
  • пайдоиши шахсияти Грета Турберг;
  • вирусе, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Дар ин бора дар сериале, ки ҳанӯз соли 1993 наворбардорӣ шудааст, гуфта мешавад. Он замон ин маризӣ "осака -вирус" ном гирифта буд;
  • Камала Харрис дар маросими савгандёдкунии раҳбари нави "Қасри Сафед" - Ҷо Байден.

Дигар пешбиниҳои хонаводаи "Симпсонҳо" - ро дар навори боло тамошо кунед.

0
Барчаспҳо:
вируси корона, Доналд Трамп, ИМА