Глава ФМС РФ Константин Ромодановский. Архивное фото

Раиси ХФМ афви муҳоҷиронро баъди роиҷ шудани патент истисно намедонад

10
(Таҷдидшуда 10:04 29.12.2014)
Дар Хадамоти муҳоҷирати Русия масъалаи афви муҳоҷиронеро, ки муддати мадид дар он кишвар буданд ва хостори дарёфти муҷҷавиз(патент) барои иҷозаи кори қонунӣ ҳастанд, баррасӣ менамоянд.

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Сарвари ХФМ-и ФР Константин Ромодановский афви муҳоҷирони меҳнатиро пас аз ҷорӣ шудани низоми кор бо патент истисно намедонад, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Масъалаи афви муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия қабл аз ин ҳам мавриди муҳокима қарор гирифта буд, аммо ХФМ ин равандро комилан ҳалшуда намеҳисобад.

"Ман фикр мекунам, ки пас аз ҷорӣ шудани низоми нави корӣ барои муҳоҷирон масъалаи афви муҳоҷирон ба миён хоҳад омад, албатта барои онҳое, ки ба таври қонунӣ дар Русия кор кардан мехоҳанд. Шояд мо ба онҳо иҷозаи қонунӣ бидиҳем. Мо дар ин бора фикр мекунем",- гуфт сардори ХФМ аснои мусоҳиба бо "Российская газета".

Аз 1 январи соли 2015 дар Русия ҷои квотаҳои кунунӣ барои муҳоҷирони хориҷиро патент мегирад. Аммо ин тағйирот танҳо барои ҷалби нирӯи кори хориҷӣ аз сӯи соҳибкорони инфиродӣ буда, корхонаҳову ширкатҳо бояд ҳамчунон иҷозатномаи кор бигиранд. Фақат муҳоҷирони хориҷие патент гирифта метавонанд, ки аснои убури марзи Русия дар корти муҳоҷират мақсади сафарашонро "кор" нишон дода бошанд.   

10
Барчаспҳо:
патент, истисно намедонад, афви муҳоҷирон, ХФМ, Константин Ромодановский, ФР, Русия