Паспортный контроль в аэропорту, архивное фото

Дар Русия қоидаҳои нави муҳоҷират ҷорӣ шуданд

45
(Таҷдидшуда 10:05 16.02.2015)
Шурӯъ аз 1 январи соли 2015 ба қаламрави Русия ворид гардидани муҳоҷирон, тибқи қоидаҳои нави муҳоҷират амалӣ мешавад ва он аз аввали соли равон оғоз гардид.

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Аз 1 январи соли 2015 дар Русия қоидаҳои нави муҳоҷират ба қувваи қонун даромаданд. Ҳамин тавр, барои буду боши қонунии худ дар ФР муҳоҷирон бояд санадҳои зиёдеро пешниҳод созанд.

Бар пояи тағйироти қонунгузории Русия, ки аз 1 январи соли 2015 амалӣ мешавад, аз ин ба баъд шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои кор вориди ФР мешаванд, ба ғайр аз патент бояд санади тиббӣ дар бораи саломатӣ дошта бошанд. Инчунин доштани ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба пардохти АДШҲ (НДФЛ) ва донистани забони русӣ шарти ҳатмист.

Сафар ба Русия —танҳо бо шиносномаи хориҷӣ

Дар ҳамин ҳол, сар аз панҷшанбеи 1-уми январи соли 2015 вуруди шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ба Русия бо шиносномаҳои дохилӣ манъ гардид.  

Оҷонсии маҳаллии Tojnews бо такя ба сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия навишт, ки шаҳрвандони Русия низ барои ба кишварҳои ИДМ сафар кардан бояд шиносномаи хориҷӣ бо худ дошта бошанд.

Ин меъёр барои кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ (Беларус ва Қазоқистон) дахл надорад. Инчунин, ин шабу рӯзҳо гуфтушунидҳо барои ворид шудани Қирғизистон ба Созмони иқтисодии АвруОсиё идома дорад, бино бар ин шаҳрвандони ин кишвар низ бидуни шиносномаи хориҷӣ метавонанд ба Русия ворид шаванд.

Бо такя ба расонаҳои русӣ, ин сомона менависад, ки пас аз ҷоришавии низоми нави вуруд ба Русия шумори муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар дар оғози сол то 50% коҳиш хоҳад ёфт. Ба ин далел, ки на ҳамаи онҳо метавонанд шиносномаи хориҷӣ пайдо кунанд.

Патент ба ҷои квота

Аз 1 январи соли 2015 дар Русия ҷои квотаҳои кунунӣ барои муҳоҷирони хориҷиро патент мегирад. Аммо ин тағйирот танҳо барои ҷалби нирӯи кори хориҷӣ аз сӯи соҳибкорони инфиродӣ буда, корхонаҳову ширкатҳо бояд ҳамчунон иҷозатномаи кор бигиранд. Фақат муҳоҷирони хориҷие патент гирифта метавонанд, ки аснои убури марзи Русия дар корти муҳоҷират мақсади сафарашонро "кор" нишон дода бошанд.

Арзиши моҳонаи патент дар Маскв барои муҳоҷирон чор ҳазор рублро ташкил медиҳад, менависад сомонаи Департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди пойтахти Русия.

"Ҳазина ба молиёти (андози) шаҳрвандони Русия ва муҳоҷирон баробар хоҳад буд ва ин имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ барои табааи кишвар муҳайё гардад",-афзуд Максим Решетников, вазири ҳукумати Маскав, ҳамзамон роҳбари Департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди пойтахт.

Масъулини департамент изҳор медоранд, ки муҳоҷирати бе раводид ба дӯши сохторҳои коммуналӣ ва дигар бахшҳо бори зиёдатиро таҳвил медиҳад. Онҳо аз хидматрасонии маориф, тандурустӣ истифода карда, ҳеч як намуди андоз намесупоранд. Бинобар ин, аз ҳисоби рӯи кор омадани низоми нав 12 миллиард рубли иловагӣ ба буҷаи шаҳр ворид мегардад.

"Ин низом ба зиммаи муҳоҷирон хароҷоти иловагиеро, ки қаблан ба дӯши москвагиҳо ва дигар шаҳрвандони ФР, ки дар бахши фаъоли иқтисодӣ кор мекарданд, мегузорад ",- илова кард Решетников.

Тарзи гирифтани патент содда, шаффоф ва аниқ аст. Дар Маскав муассисаи вижа ба фаъолият пардохта, тамоми санадҳои марбутаро метавон дар як рӯз ва дар як идора дарёфт кард.

Ба замми ин пешниҳоди санад дар бораи саломатӣ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донистани забони русӣ барои ҳар як корҷӯ шарту зарур аст.

Бино бар маълумоти Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, дар ин кишвар аз Тоҷикистон бештар аз 1 миллиону 200 ҳазор муҳоҷир дар пайи ҷустуҷӯи кор ҳастанд.

 

45
Барчаспҳо:
НДФЛ, АДШҲ, донистани забони русӣ, вуруд бо шиносномаи хориҷӣ, қоидаҳои нави муҳоҷират, қонуни нав, Департаменти сиёсати иқтисодӣ, ХФМ, Решетников, ФР, Тоҷикистон, Русия, Маскав
Мавзуъ
Роҳбари ХФМ ФР: 40 %-и муҳоҷирон дар Русия мутобиқ нашудаанд
Вакилони тоҷик хостори пуштибонӣ аз муҳоҷирон мебошанд
Каромат Шарипов: “Садовод” макони тазоҳуроти муҳоҷирон мешавад