Рейд народных дружинников по выявлению нелегальных мигрантов. Архивное фото

Муҳоҷирони ғайриқонунӣ 10 сол иҷозаи вуруд ба ФР-ро аз даст медиҳанд

12
(Таҷдидшуда 14:35 06.01.2015)
Қонунгузории Русия меъёрҳои қавонини марбут ба будубоши шаҳрвандони хориҷиро шадидтар кард. Тибқи ин санад, онҳое, ки меъёрҳои қонуни мазкурро нақз мекунанд барои аз 5 то 10 сол аз ФР ихроҷ мешаванд.

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Қонуне, ки бар тибқи он шаҳрвандони хориҷӣ барои нақзи реҷаи муҳоҷират то 10 соли дигар наметавонанд вориди Русия шаванд, 12-уми январ ба қувваи амал медарояд, мегӯянд масъулини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон.

Санад пеш аз таҷлили Соли нав аз ҷониби Владимир Путин, райисҷумҳури Русия ба тасвиб расида буд.

Афроде, ки бештар аз 180 рӯз бе санади зарурӣ дар Русия ба сар бурдаанд, ба мӯҳлати панҷ ва онҳое, ки аз нӯҳ моҳ бештар дар Русия ғайриқонунӣ будаанд, ба муддати 10 сол хориҷ карда мешаванд.  

Ба иттилои Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, тайи нӯҳ моҳи соли гузашта барои нақзи меъёрҳои иқомат 141 муҳоҷири тоҷикистонӣ аз қаламрави Русия ихроҷ карда шудаанд. Теъдоди умумии ихроҷшудагон аз ҶТ бошад, дар маҷмӯъ 9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

12
Барчаспҳо:
ихроҷ, хориҷ мешаванд, аз даст медиҳанд, иҷозаи вуруд, Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, Владимир Путин, Тоҷикистон, ФР, Русия
Мавзуъ
Дар Русия қоидаҳои нави муҳоҷират ҷорӣ шуданд
Вакилони тоҷик хостори пуштибонӣ аз муҳоҷирон мебошанд
Дар Маскав патент барои муҳоҷирон 4000 рубл арзиш хоҳад дошт
Мигранты у здания Управления Федеральной миграционной службы России

Дар Русия 40% муҳоҷирон бо сабаби коронавирус бекор мондаанд

186
(Таҷдидшуда 15:12 09.07.2020)
Як таҳқиқот муаян кардааст, ки бештар аз 50% муҳоҷирон дар Русия тамоми манбаҳои даромади худро аз даст додаанд

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар Русия, бар асари пандемияи коронавирус бештар аз ҳама муҳоҷирони меҳнатӣ азият кашиданд, хабар медиҳад рӯзномаи тиҷоратии "Ведомости" бо истинод ба як пурсиши РАНХиГС.

Аз рӯйи натиҷаҳои ба даст омада, 40%-и муҳоҷирон ҳангоми пандемия бекор шуданд.

Илова бар ин, 35%-и муҳоҷирон маҷбур буданд ба рухсатии бемузд раванд.

Бештари тағирот ба муҳоҷироне, ки дар Маскав зиндагӣ мекарданд, таъсир расонд. Ҳамин тавр, 76% хориҷиён ҷои кори худро аз даст доданд ё ба рухсатии маҷбурӣ рафтанд.

Дар уммум 51% муҳоҷирон дар Русия ва 54% шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав гуфтаанд "ҳамаи манбаҳои даромад"-ро аз даст додаанд. Ҳамзамон, болоравии даромадҳо ва ё дар як сатҳ боқӣ мондани он танҳо 19% боқӣ мондааст.

Ёдовар мешавем, ки аз аввали сол ҷараёни муҳоҷират ба Русия нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 беш аз 2 маротиба кам шудааст.

186

Коженов тағйиротҳо ҳангоми гирифтани патентро тавзеҳ дод

432
Раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов тавзеҳ дод, ки аз 1 июл тартиботи гирифтани иҷозатномаи кор барои муҳоҷирон чигуна мешавад

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов дар мусоҳиба бо телевизиони "Мир-24" гуфт, ки аз 1 июл муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми дархости патент бояд кадом тағйиротҳоро дар назар бигиранд.

Ӯ ёдрас шуд, ки 18 апрел раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонид, ки мувофиқи он муҳоҷирони меҳнатӣ аз 15 март то 15 июн имтиёзҳои калон ба даст оварданд. Яъне, муҳоҷирон аз супурдани андози патент ва худро ба қайд гузоштан озод шуданд.

"Мақомоти Русия тамоми чораҷӯиҳоро андешиданд, то дар давраи мушкили карантин ба муҳоҷирон кӯмак расонанд", - таъкид кард Коженов.

Ёдрас мешавем, Русия аз 27 март, чун даҳҳо кишвари дигар, марзҳояшро баст ва парвозҳои байналмилалӣ лағв шуданд.

15 июн мӯҳлати амали фармони мазкур то 15 сентябр тамдид гардид.

"Ягона маҳдудият дар он аст, ки касе ки кор мекунад ва даромад дорад, бояд андози патентро супорад. Нафароне ки аз кор маҳрум шуданд, метавонанд, бидуни нигаронӣ аз ҷарима ва депорт дар ҳудуди Русия монанд", - гуфт президенти федератсия.

 

Ҳамчунин ӯ афзуд, ки ба муҳоҷирон иҷозат дода мешавад, ки бидуни убури сарҳад патент ба даст оранд. Зеро марзҳо бастаанд. 

Кӯмак: Коженов байни муҳоҷирон хӯрока тақсим кард - Навор

"Агар дар ин муддати зикргардида мӯҳлати патенти муҳоҷир ба анҷом расад, ӯ бидуни убури сарҳад метавонад навашро ба даст орад", - таъкид кард вай.

Раиси муҳоҷирон афзуд, ки Русия ба ворид шудани муҳоҷирон ба кишвар маҳдудияте ҷорӣ накардааст ва замоне ки карантин ба анҷом мерасад, хоҳишмандон метавонанд ба Русия сафар кунанд.

432
Национальный банк Таджикистана

Бонки миллӣ иҷозатномаи Фонди қарзии хурди “Шаби Меъроҷ”-ро бозхонд кард

0
Дар ин бора қарори раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода рӯзи гузашта ба тасвиб расидааст

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон аз бозхонди иҷозатномаи Фонди қарзии хурди “Шаби Меъроҷ” хабар дод.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳоди молии кишвар, қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи  Фонди қарзии хурди “Шаби Меъроҷ” рӯзи 14 июл аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон содир шудааст.

“Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2020, таҳти №93 мутобиқи моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 8,9 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” иҷозатномаи Фонди қарзии хурди “Шаби Меъроҷ” бозхонд карда шуд”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ҷанбаҳои дигари фаъолияти ФҚХ “Шаби Меъроҷ” дар асоси қарори қабулгардида ва дар доираи қонунгузории амалкунанда баррасӣ карда мешаванд. 

0