Муҳоҷирон дар Москва. Акс аз бойгонӣ

Ромодановский: баъд аз ду моҳ муҳоҷирон ба Русия бармегарданд

9
(Таҷдидшуда 15:07 19.01.2015)
Мудири Хадамоти федероли муҳоҷирати Русия муътақид аст, ки теъдоди муҳоҷирони корӣ базудӣ ба нишондодҳои маъмулӣ мерасад ва набояд камбуди нерӯи кори хориҷиро интизор шуд.

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Баъд аз як ё ду моҳи дигар теъдоди муҳоҷирони кории хориҷӣ дар Русия ба нишондодҳои маъмулӣ мерасад ва камбуди нерӯи кори хориҷӣ эҳсос нахоҳад шуд, навиштааст РИА Новости ба иқтибос ба мудири ХФМ Русия Константин Ромодановский.

Қаблан мудири ХФМ хабар дода буд, ки аз авоили соли ҷорӣ дар муқоъиса бо ҳамин давраи соли гузашта теъдоди муҳоҷирон 70% коҳиш ёфтааст. Ба эътиқоди вай, камбуди муҳоҷирон ба вазъи иқтисодӣ ва ташдиди қавонини муҳоҷират дар кишвар бастагӣ дорад.

"Ба тадриҷ теъдоди муҳоҷирони ба кишвар воридшаванда афзоиш меёбад", — гуфт Ромодановский дар сӯҳбат бо барномаи "Шоми шанбе бо Сергей Брилев".

Ба гуфтаи раҳбари ниҳоди муҳоҷират, ҳоло муҳоҷирони кории хориҷӣ умдатан кишварро тарк мекунанд, вале бештаре аз ин афрод нафароне ҳастанд, ки қонуни будубош дар кишварро нақз мекунанд ва ин нишони танзим дар ин бахш аст.

"Бо вуҷуди ин, фикр мекунам, то чанд моҳи дигар, оморе мунташир мешавад, ки далели ба теъдоди маъмулӣ баргаштани миқдори муҳоҷирони корӣ дар Русия аст", — таъкид кардааст вай.

Тибқи муқаррароти ҷадиди муҳоҷират дар Русия, ки аз авоили соли ҷорӣ роҳандозӣ шуд, ҳамакнун муҳоҷирон ба ҷойи гирифтани иҷоза ба кор, бояд патент ё муҷҷавиз дарёфт кунанд. Барои ин муҳоҷирон муваззафанд дар тӯли сӣ рӯзи баъд аз вуруд ба Русия шахсан ба ХФМ ё ниҳоди вобастаи он муроҷиъат кунанд. Дар сурати дер мондан аз ин мӯҳлат муҳоҷирон ҷарима мешаванд.

Асноди танҳо он атбоъи хориҷӣ барои гирифтани муҷҷавиз қабул карда мешаванд, ки далели сафар ба Русияро дарёфти кор унвон кардаанд.

9
Барчаспҳо:
раванди муҳоҷират, Идораи федероли муҳоҷират, Константин Ромодановский, Русия
Мавзуъ
Дар Русия қоидаҳои нави муҳоҷират ҷорӣ шуданд
ФР барои нақзи реҷаи муҳоҷират манъи вуруд то 10 солро ҷорӣ менамояд