ИФМ: дар Русия ҳудуди 2,5 млн муҳоҷирони корӣ зиндагӣ мекунанд

© Sputnik / Александр Уткин / Гузариш ба медиабонкМуҳоҷирон аз Осиёи Миёна. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирон аз Осиёи Миёна. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз беш аз даҳ миллион атбоъи хориҷии воридшуда ба қаламрави Русия ҳудуди 2,5 миллион нафар изҳор доштаанд, ки барои ҷустуҷӯйи ҷойи кор омадаанд.

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Ҳудуди 11 миллион нафар атбоъи хориҷӣ феълан дар Русия қарор доранд ва ҳудуди 2,5 нафар аз онҳо изҳор доштаанд, ки барои кор ба кишвар омадаанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба ИФМ Русия.

"Тибқи иттилоъи низоми иттилоъотии ИФМ (ХФМ- Хадамоти федералии муҳоҷират-идора) Русия, дар кишвар 10 миллиону 959 ҳазор нафар атбоъи хориҷӣ қарор доранд, ки 2 миллиону 426 ҳазор нафарашон барои кор вориди кишвар шудаанд", — хабар доданд дар ин ниҳод.

Қаблан гузориш шуда буд, ки аз авоили соли ҷорӣ теъдоди муҳоҷирони корӣ дар Русия 70% коҳиш ёфтааст. Он замон Константин Ромодановский ин амрро ба вазъи иқтисодӣ дар кишвар ва таҷдиди қавонини муҳоҷират дар Русия рабт дода буд.

Тибқи қавоиди ҷадид дар Русия, ки аз оғози соли нав мавриди иҷро қарор гирифтанд, ҳамакнун муҳоҷирони корӣ муваззафанд бар ҷои иҷозатнома муҷаввизи кор дарёфт кунанд.

Барои гирифтани муҷаввизи кор шаҳрванди хориҷӣ муваззаф аст, ки донистани забони русӣ, асосҳои қонунгузорӣ ва таърихи кишварро собит созад. Ба ғайр аз ин, аз соли 2015 барои вуруд ба қаламрави Русия паспорти хориҷӣ зарур аст (ба ҷуз аз кишварҳои Иттиҳоди Авруосий — Қазоқистон, Белорус, Арманистон ва Қирғизистон).

Тибқи иттилоъи авохири соли гузашта, дар қаламрави Русия ба ҷуз аз Қрим ва гурезаҳои украинӣ бо аҳдофи мухталиф ҳудуди 9,9 миллион атбоъи хориҷӣ қарор доштанд, ки аз онҳо 2,7 миллион нафар ба сурати қонқнӣ дар ФР кор мекарданд.

Ба иттилоъи вазорати кори Тоҷикистон дар соли 2014 аз кишвар 834 ҳазору 58 нафар ба хориҷи кишвар сафар кардаанд, ки аз онҳо 670 ҳазору 806 нафарашон муҳоҷирони корӣ мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0