Нуқтаи тафтишотии гумрукӣ дар фурудгоҳ. Акс аз бойгонӣ

Фақат дар моҳи январ 239 шаҳрванди ҶТ аз Русия ихроҷ гардидааст

7
Ба иттилои хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон сабаби аслии “депорт” шудани муҳоҷирони кории тоҷик нақзи қавонини буду боши онҳо дар Федератсияи Русия гардидааст.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Тайи як моҳи гузаштаи соли равон 239 шаҳрванди Тоҷикистон бинобар нақзи қонун аз сарҳади давлатии Русия ба ватан бозпас гардонида шудаанд, иттилоъ медиҳад АМИТ "Ховар" бо истинод ба шӯъбаи таҳлил ва иттилооти ХМ ҶТ.

Ба қавли манбаъ, аз ин теъдод 200 нафарашон мардон ва боқимондаро занон ташкил медиҳанд.

Дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2014 ин рақам 100 нафар бештар аст. Тайи моҳи январи соли гузашта аз қаламрави Русия 139 шаҳрванди Тоҷикистон ихроҷ шуда буд.

Маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ҳокӣ бар он аст, ки тӯли соли 2014 аз ҳудуди Русия наздик ба 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон "депорт" шудааст.

7
Барчаспҳо:
муҳоҷират, ихроҷ, депорти муҳоҷирон, Хадамоти муҳоҷират, ХМ, ХФМ, Тоҷикистон, Русия
Мавзуъ
Дар Русия қоидаҳои нави муҳоҷират ҷорӣ шуданд
Дар Маскав пешниҳод карданд, ки наҳваи бимаи муҳоҷирон иваз шавад
Ҳашт муҳоҷир дар "зиндони муҳоҷирон"-и Маскав қасди худкушӣ карданд
Муҳоҷирон аз сафири Тоҷикистон дар Русия дархости кӯмак карданд
Каромат Шарипов: “Садовод” макони тазоҳуроти муҳоҷирон мешавад

Маскав дар ҷустуҷӯи 13 ҳазор муҳоҷири корӣ

68
(Таҷдидшуда 10:16 22.01.2021)
Аз 26 ҳазор ҷойҳои кории холӣ дар соҳаи сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хадамоти хаткашон, таксиҳо дар вилояти Маскав фақат нисфаш банд аст

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Намояндаи Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Ҳукумати Қирғизистон дар Русия Майрамбек Бейшенов гуфт, дар кадом соҳаҳо дар Федератсияи Русия эҳтиёҷоти шадид ба коргарони хориҷӣ эҳсос мешавад.

Ба гуфти ӯ, корфармоён дар Маскав ва вилояти Маскав барои пайдо кардани муҳоҷирон барои сохтмон, хадамоти манзилию коммуналӣ, хадамоти хаткашон, таксиҳо ва хӯроки умум дархостҳо равон кардаанд.

Аз 26 ҳазор ҷойҳои холии корӣ танҳо барои нисфи онҳо коргарон пайдо шуданд ва шумораи ҷойҳои корӣ низ меафзояд, илова намуд Бейшенов.

"Корфармоён, ҳам аз муассисаҳои давлатӣ ва ҳам ширкатҳои бузурги хусусӣ бо мо тамос гирифтанд. Онҳо ба ҷалби муташаккилона манфиатдор буданд. Аммо масъала ҳалли худро намеёбад, зеро барои овардани шаҳрвандони мо парвозҳои мунтазамро зиёд кардан лозим аст", - гуфт ӯ.

Дар Маскав қувваи корӣ намерасад: ВУД муҳоҷирони тоҷику ӯзбекро ҷалб мекунад

Ёдовар мешавем, ки муовини якуми сардори Вазорати корҳои дохилии Русия Александр Горовой дар ҷаласа изҳор дошт, ки Маскав норасоии муҳоҷирони кориро баръало эҳсос мекунад.

Дастури Путин барои сода кардани ҷалби муҳоҷирон ба сохтмонҳо

Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир корҳои густардае барои ҷалби нерӯи корӣ аз хориҷ ба минтақа идома дорад.

68
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, вилояти Маскав, Маскав, кор
Рабочие на строительной площадке, архивное фото

Дар Маскав қувваи корӣ намерасад: ВУД муҳоҷирони тоҷику ӯзбекро ҷалб мекунад

694
(Таҷдидшуда 21:11 21.01.2021)
Вазорати корҳои дохилаи Русия ва мақомоти шаҳри Маскав эълон кардаанд, ки пойтахти Русия ниёз ба муҳоҷирони меҳнатӣ ба хусус аз кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дорад

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ба гуфтаи муовини аввали Вазорати корҳои дохилаи Русия Александр Горовой, ин кишвар ба норасоии ҷиддии муҳоҷирони меҳнатӣ рӯ ба рӯ шудааст.  

Ҳамчунин намояндаи ВУД-и Русия таъкид доштааст, ки кормандони пулис ва мақомоти шаҳр барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои мушаххас анҷом медиҳанд.

Зарар аз муҳоҷират то туризм: Тоҷикистон соли 2021 - ро чӣ гуна пешвоз мегирад

“Мо дар якҷоягӣ бо департаменти ҳукумати пойтахт, маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ барои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкорӣ дорем, то онҳоро барои кор дар бахши сохтмон ҷалб намоем”, гуфт Горовой.

Муовини ВУД-и Русия илова кард, ки идора уҳдадор аст, раванди муҳоҷирати меҳнатиро зери назорат гирад.   

“Вазъи муҳоҷират бояд таҳти контрол боқӣ бимонад. Мушкилот буд, аммо ҳоло онҳо муайян шуданд. Пас аз бекор шудани маҳдудиятҳои коронаӣ, кишвар ба норасоии қуваи кории хориҷиён рӯ ба рӯ шуд”, - гуфт Горовой.

Ёдрас мешавем, ки дар миёни моҳи январи соли равон раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба ҳукумати кишвараш дастур дод, ки то 1 март масъалаи ҷалби соддаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба бахши сохтмонро баррасӣ намоянд.

694
Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, Тоҷикистон, камбуд, норасоӣ, Маскав, муҳоҷирон, муҳоҷират, муҳоҷир, Русия
Арбитр показывает красную карточку на футбольном матче. Архивное фото

Даъват шуданд: доварони футболи тоҷик ба Арабистони Саудӣ мераванд

19
Дар доираи ёддошти ҳусни тафоҳум байни федератсияҳои футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Арабистони Саудӣ ҳайати доварони Тоҷикистон бозиҳои чемпионати Арабистони Саудиро ҳакамӣ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 22 январ - Sputnik. Ҳайати доварон аз Тоҷикистон барои ҳакамии бозиҳои чемпионати Арабистони Саудӣ оид ба футбол даъват шуданд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар доираи ёддошти ҳусни тафоҳум байни федератсияҳои футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Арабистони Саудӣ ҳайати доварони Тоҷикистон бозиҳои чемпионати Арабистони Саудиро ҳакамӣ хоҳанд кард.

Доварони ФИФА Насрулло Кабиров (Норак) ва Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе), инчунин ёварони доварони ФИФА Акмал Буриев (Турсунзода) ва Хусрави Сиддиқзод (Душанбе), ки ба рӯйхати доварони баргузидаи Конфедератсияи футболи Осиё шомиланд, барои ҳакамии бозиҳои чемпионати Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.

Дастпарвари футболи тоҷик сармураббии дастаи футболи “Олой”-и Қирғизистон шуд

Ҳайати ҳакамони зикршуда бозиҳои дивизиони якуми ин кишварро ҳакамӣ мекунанд. Дар лигаи якуми Арабистони Саудӣ, ки 20 даста баромад мекунад, айни замон 16 давр баргузор шуда, ҷадвали мусобиқаро бо 43 имтиёз дастаи «Ал-Хазм» ишғол менамояд.

19