Санкт-Петербург. Акс аз бойгонӣ

Теъдоди ками шаҳрвандони Тоҷикистон ба Петербург мераванд

3
(Таҷдидшуда 11:35 20.02.2015)
Муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ ҳар чӣ камтар макони фаъолияти меҳнатиашонро “пойтахти шимолӣ”-и Русия интихоб мекунанд ва ин анъана рӯ ба коҳиш ёфтан дорад. Масъулини идораи муҳоҷирати ФР мегӯянд, ин амр омилҳои мавсимӣ дорад.

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Шумораи онҳое, ки аз Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербург ба муҳоҷирати корӣ мераванд дар моҳи январи соли равон дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 22% кам шудааст, менависад сомонаи "Русия барои ҳама".

"Муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ ҳар чӣ камтар макони фаъолияти меҳнатиашонро “пойтахти шимолӣ”-и Русия интихоб мекунанд ва ин анъана рӯ ба коҳиш ёфтан дорад ва ин амр хусусияти мавсимӣ дорад", — иброз медоранд масъулини ХФМ дар Санкт-Петербург.

Имсол аз Тоҷикистон 5,6 ҳазор нафар озими пойтахти шимолӣ шудаанд, дар ҳоле ки ин рақам дар ҳамин давраи соли 2014 қариб 7 ҳазор нафарро ташкил медод.

Рақамҳо ҳокӣ аз онанд, ки шумори муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар Санкт-Петербург 22 дарсад, аз Ӯзбакистон 23% кам шудааст. Ҳамчунин, теъдоди муҳоҷирони қирғиз  дар ин минтақа ду баробар коҳиш ёфтааст. Ба навиштаи сомона, дар моҳи январи соли равон ҳамагӣ 969 қирғизистонӣ вориди Петербург шудаасту бас.

Дар маҷмӯъ, тайи як моҳи ахир (авохири декабр ва моҳи январ) шумораи муҳоҷирони корӣ дар Санкт-Петербург  16 ҳазор коҳиш ёфта,  алъон 304 ҳазор расман сабти ном шудаанд.

3
Барчаспҳо:
коҳиш ёфтани теъдоди муҳоҷирон дар пойтахти шимолӣ, муҳоҷират, муҳоҷирон, ХФМ, Санкт-Петербург, Қирғизистон, Ӯзбакистон, Тоҷикистон, Русия
Мавзуъ
ФР барои нақзи реҷаи муҳоҷират манъи вуруд то 10 солро ҷорӣ менамояд
Муҳоҷирон метавонанд муҷаввизи корро то як сол тамдид кунанд
Дар Маскав пешниҳод карданд, ки наҳваи бимаи муҳоҷирон иваз шавад
Назарсанҷӣ: 27% сокинони Русияро муҳоҷирон нороҳат намекунанд