Ширкати коркарди чӯб. Акс аз бойгонӣ

Атбоъи тоҷикро барои кор ба кишвари Хабаровск даъват мекунанд

6
(Таҷдидшуда 16:17 27.02.2015)
Ширкати коркарди чӯб ва сохтмонӣ аз кишвари Хабаровск барои пазироии муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон омода аст ва барояшон фароҳам кардани маскан ва шароити мусоиди корро кафолат медиҳад.

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ширкати машғули коркарди чӯб ва сохтмонӣ дар шаҳри Комсомолски лаби Амури кишвари Хабаровск шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор даъват мекунад, хабар додааст маркази матбӯъотии намояндагии вазорати меҳнати Тоҷикистон дар ФР.

Ба гуфтаи мудири ширкати "Восток" Ҳикмат Иброҳимов, ҳоло дар ин ширкат беш аз 80 зодаи Тоҷикистон машғули кор ҳастанд.

"Ҳамаи коргарон тибқи муқаррароти қавонини кори Русия сабти ном шуда бо маскан ва хӯроки седаъфина таъмин шудаанд", — гуфт раҳбари ширкат.

Минбаъд ширкат қасд дорад теъдоди коргаронро аз ҷумлаи муҳоҷирони кории тоҷик афзоиш бидиҳад.

6
Барчаспҳо:
даъвати муҳоҷирони кории тоҷик, муҳоҷират, муҳоҷирон, ширкати "Восток", Ҳикмат Иброҳимов, кишвари Хабаровск, Тоҷикистон, Русия
Мавзуъ
Нигаронии маскавиҳо аз муҳоҷират, ҷиноёти қавмӣ ва кисабурон
Расонаҳо: идораи муҳоҷират ва зиддимухадироти Русия лағв мешаванд
Созмони муҳоҷират: мизони бекорӣ солҳои наздик афзоиш меёбад
Дар Русия қоидаҳои нави муҳоҷират ҷорӣ шуданд