Раҳбари ИФМ ФР Константин Ромодановский. Акс аз бойгонӣ

Раҳбари ХФМ: Русия феълан ба афви муҳоҷиратӣ ниёз надорад

9
(Таҷдидшуда 10:45 16.04.2015)
Раҳбари Идораи Федероли муҳоҷират бар ин назар аст, ки феълан афви муҳоҷиратӣ зарур нест ва қавл дод, ки ба ин мавзӯъ дар нимаи дуввуми соли ҷорӣ рӯй хоҳанд овард.

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Феълан Русия ба афви муҳоҷиратӣ ниёз надорад, иқтибос овардааст РИА Новости аз суханони раҳбари ИФМ ФР Константин Ромодановский.

"Идораи муҳоҷират ба ин мавзӯъ тобистон ва ё тирамоҳ замоне, ки бозгашти муҳоҷирон оғоз шуда вазъ оромтар мешавад, рӯй меоварад", — гуфт раҳбари ИФМ.

Вай таъкид кард, ки феълан вазъи муҳоҷиратӣ бидуни ихтисоси иқдомоти изофӣ танзим мешавад.

Раҳбари идора зикр кард, ки дар тӯли се соли ахир муҳоҷирон ба қаламрави Русия танҳо ворид мешуданд, вале имсол дар пайи ташдиди қавонини муҳоҷиратӣ амали баръакс оғоз шуд.

Ромодановский бар ин назар аст, ки чунин нишондод бозгӯйи танзими вазъ аст ва он теъдоди муҳоҷирон, ки ба Русия зарур аст, дар солҳои наздик танзим мешавад.

9
Барчаспҳо:
афви муҳоҷирон, муҳоҷирон, муҳоҷират, изҳори назари раҳбари ИФМ, ИФМ, Константин Ромодановский, Русия
Мавзуъ
Нигаронии маскавиҳо аз муҳоҷират, ҷиноёти қавмӣ ва кисабурон
Расонаҳо: идораи муҳоҷират ва зиддимухадироти Русия лағв мешаванд
Созмони муҳоҷират: мизони бекорӣ солҳои наздик афзоиш меёбад
Дар Русия қоидаҳои нави муҳоҷират ҷорӣ шуданд
ФР барои нақзи реҷаи муҳоҷират манъи вуруд то 10 солро ҷорӣ менамояд
Посетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы, архивное фото

Русия умури муҳоҷиратро рақамӣ мекунад

674
(Таҷдидшуда 16:23 19.01.2021)
Вазорати умури дохилии Русия лоиҳаи қонунеро таҳия дорад, ки ба рақамисозии низоми муҳоҷирати кишвар равона шудааст

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. ВУД Русия баъди як сол ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонун барои рақамӣ кардани низоми муҳоҷират дар кишварро пешниҳод хоҳад кард, хабар додааст ТАСС бо такя ба ноиби сардори Сарраёсати умури муҳоҷирати ВУД Русия, Павел Дутов.

“Барои мо истифодаи технологияи рақамӣ хеле муҳим аст”, - изҳор дошт Дутов зимни ҷаласаи Кумитаи ҳифзи сиҳатии Думаи давлатӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар доираи Вазорат аллакай низоме ҷорӣ мешавад, маълумот аз дигар сохторҳоро низ фаро хоҳад гирифт. Аз ҷумла тафтиши вуҷуди маълумотномаи тиббии муҳоҷир имконпазир хоҳад шуд. Ин иттилоъро метавон дар низоми онлайн гирифт.

Қаблан мудири Маркази таҳқиқоти умури муҳоҷират, корманди калони илмии Академияи улуми Русия, Дмитрий Полетаев изҳор дошт, ки рақамикунонии таъмини муҳоҷирон бо кор солҳои наздик афзоиш хоҳад ёфт. Ӯ таъкид намуд, ки рақамикунонӣ соҳаҳои дигарро низ фаро хоҳад гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки Русия соли 2020 аз рӯи теъдоди муҳоҷирон ба панҷгонаи кишварҳои пешсаф шомил шуд, ки ба ҳисоби СММ дар қаламрави он ҳудуди 12 миллион муҳоҷир иқомат доранд.

674
Барчаспҳо:
рақамӣ, муҳоҷират, Русия
Марде дар майдони сохтмонӣ, акс аз бойгонӣ

Дастури Путин барои сода кардани ҷалби муҳоҷирон ба сохтмонҳо

496
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба кабинаи вазирон дастур додааст, ки ба масъалаи сода кардани ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба сохтмонҳо расидагӣ кунад

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия ба Кабинаи вазирон супориш додааст, ки то 1 март масъалаи ҷалби содаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба сохтмонҳо дар замони пандемияро баррасӣ намояд, хабар додааст РИА Новости.

“Путин ба Ҳукумат супориш дод, то 1 март ба масъалаи ҷалби содаи муҳоҷирон ба соҳаи сохтмон расидагӣ кунад”, - таъкид шудааст дар хабар.

Аз ҷумла баррасии ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои узви ИДМ ба сохтмонҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар назар аст.

Қаблан Путин дар бораи ин масъала изҳор дошт, ки бояд имкон дод, то ҳам муҳоҷирон маблағ кор кунанду ҳам соҳаи сохтмон рушд ёбад.

Раисиҷумҳури Русия аз камбуди нерӯи корӣ дар бахши сохтмон суҳбат карда, таъкид намуда буд, ки ин мавзуъро бо ноиби сарвазир Марат Хуснуллин баррасӣ карда буд.

Вазорати сохтмони Русия барои вуруди соддаи муҳоҷирони меҳнатӣ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ пешниҳод карда буд. Зикр гардид, ки ширкатҳои ниёзманд ба нерӯи корӣ метавонанд муҳоҷирони меҳнатиро бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва таъмини кору манзили зист ҷалб намоянд.

496
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, Русия
Тими наврасони Тоҷикистон (U-17)

Рақибони тими наврасони тоҷик дар "Ҷоми Иттиҳод" муайян шуданд

0
(Таҷдидшуда 20:41 20.01.2021)
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рақибони дастаи мунтахаби наврасони ҷумҳурӣ оид ба футбол – “U-17”-ро дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” номбар кард

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, футболбозони то 17-солаи тоҷик дар “Ҷоми рушд-2021” бо тимҳои мунтахаби наврасони Белорус, Қазоқистон ва Молдова рақобат мекунад.

“Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар 17-ум мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021”, ки аз 31 январ то 6 феврал дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск доир мегардад, иштирок мекунад”,  - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, барои пирӯзӣ дар ин мусобиқа 4 дастаи мунтахаби наврасони соли таваллудашон на бештар аз 2004 талош мекунанд. Дар “Ҷоми рушд-2021” дар Минск футболбозони навраси тоҷик бо ҳамсолонашон аз Қазоқистон (31 январ), Молдова (3 феврал) ва Белорус (6 феврал) бозӣ хоҳанд кард.

Футбол: бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум шуд

Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда муайян мегардад, тавзещ дод Кумитаи олимпӣ.

0
Барчаспҳо:
Ҷом, Футбол, Тоҷикистон