Корманди ИФМ дар метрои Москав. Акс аз бойгонӣ

ИФМ ФР: беш аз 1,3 миллион нафар мамнуъ-ул-вуруди Русия шуданд

7
Манъи вуруд аз панҷ то даҳ сол беҳтарин наҳваи танзим мебошад, зикр кард дар дидор бо раиси ҷумҳури Русия Фладимир Путин раҳбари ИФМ ФР.

ДУШАНБЕ, 7 мая — Sputnik. Дар Русия беш аз 1,3 миллион нафар барои нақзи муқаррароти будубош мамнуъ-ул-вуруд шудаанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба раҳбари ИФМ ФР Константин Ромодановский.

Зимни сӯҳбат бо раиси ҷумҳури ФР Владимир Путин раҳбари Идораи муҳоҷират зикр кард, ки манъи вуруд ба қаламрави Русия аз панҷ то даҳ сол беҳтарин навҳаи танзим мебошад. Бад ин тартиб, барои бори нахуст дар кишвар раванди бенизоми муҳоҷирон боздошта шуд. Феълан барои 1 миллиону 350 ҳазор нафар нақзкунандагони муқаррароти будубош вуруд ба Русия мамнуъ шудааст.

Ба гуфтаи Ромодановский, феълан дар Русия, бидуни шаҳрвандони Украина, 10 миллион нафар қарор доранд. Вай таъкид кард, ки ин теъдод барои кишвар маъмулӣ мебошад.

Ҳамчунин раҳбари ИФМ таъкид дошт, ки коҳиши теъдоди атбоъи хориҷӣ умдатан аз ҳисоби афзоиши теъдоди берун мешудагон сурат мегирад, ки ба коҳиши мизони ҷароим мусоъидат мекунад.

7
Барчаспҳо:
эъломи теъдоди афроди мамнуъ дар Русия, ИФМ, Владимир Путин, Константин Ромодановский, Русия
Мавзуъ
Нигаронии маскавиҳо аз муҳоҷират, ҷиноёти қавмӣ ва кисабурон
Расонаҳо: идораи муҳоҷират ва зиддимухадироти Русия лағв мешаванд
Созмони муҳоҷират: мизони бекорӣ солҳои наздик афзоиш меёбад
Дар Русия қоидаҳои нави муҳоҷират ҷорӣ шуданд
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон во Дворце культуры в Матчинском районе

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муҳоҷират: мо имкон дорем, ки мардумро пурра бо кор таъмин намоем

1651
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, имкони бо кор фаро гирифтани муҳоҷирини меҳнатӣ дар дохили Тоҷикистон вуҷуд дорад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар Паёми имсолааш ба парлумони Тоҷикистон, ки дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе идома дорад, гуфт, соли 2020 бо сабаби пандемияи "вируси корона" 80% - и муҳоҷирини меҳнатӣ натавонистанд ба берун раванд.

"Аз 460 ҳазор нафаре, ки ҳамасола берун мерафтанд, фақат 111 ҳазор рафтаанд. Он чӣ ишора карда истодаам, ин аст, ки мо дар дохили кишвар захираву имконотеро дорем, ки дар оянда боз ҳам беҳтар кор карда, шароити корӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ эҷод намоем ва шароити корӣ фароҳам оварда, мардуми худро пурра бо кор таъмин намоем", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Тибқи иттилое, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъи аъзои парлумон эълон кард, соли гузашта дар Тоҷикистон 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ таъсис ёфта, беш аз 6,5 ҳазор ҷои кории нав ба вуҷуд омадааст.

Вай афзуд, 157 муассисаи таҳсили умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва 1,2 млн мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд.

“Дар ин давра 193 ҳазор ҷойи кории доимиву мавсимӣ ташкил шуда, даромади пулии аҳолӣ 10% зиёд шудааст”, - гуфт президент.

Вай афзуд, пасандозҳои сокинони Тоҷикистон 17, 2 фисад зиёд шуда, 11,4 миллиард сомониро ташкил додааст, ки гувоҳи зиёд шудани даромади аҳолӣ ва афзоиши эътимоди онҳо ба ташкилотҳои карзӣ аст.

1651
Барчаспҳо:
пешниҳод, Эмомалӣ Раҳмон, муҳоҷират, Тоҷикистон
Пешеходы идут по Патриаршему мосту в Москве.

Муовини вазир нақшаи ҷалби муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Русияро гуфт

465
(Таҷдидшуда 12:26 26.01.2021)
Намояндаи Вазорати сохтмон ва манзилу коммуналии Русия гуфт, ки чӣ гуна ширкатҳои русӣ коргарони хориҷиро ҷалб хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Никита Стасишин, муовини вазири сохтмон ва манзилию коммуналии Русия, дар эфири шабакаи телевизионии "Москва 24" гуфт, ки дархостҳои ширкатҳо барои воридоти муҳоҷирони корӣ чӣ гуна иҷро мешаванд.

"Ҳама ҳамоҳангсозии байниидоравӣ дар шакли электронӣ сурат мегирад. Таҳиягарон ва ширкатҳо бояд танҳо дар платформаи электронӣ ариза пешниҳод кунанд",- гуфт ӯ.

Намояндаи вазорат илова кард, ки дархостҳо барои пешниҳоди захираҳои меҳнатӣ ҳарчи зудтар баррасӣ карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 22 январ вазири сохтмон ва манзилию коммуналии Федератсияи Русия Ирек Файзуллин аз таъсиси механизми вуруди муҳоҷирон ба Федератсияи Русия барои кор дар сохтмонҳо хабар дод.

Русия аз патенти муҳоҷирони меҳнатӣ 577 миллион доллар фоида гирифт

Ин суръат бахшидан ба масъалаҳои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз Туркия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пас аз як қатор изҳороти намояндагони мақомоти Русия дар бораи норасоии нерӯи корӣ дар ин кишвар сурат гирифтааст.

Иҷозати Ҳукумати Русия барои вуруди муҳоҷирон аз Тоҷикистон

Дар нимаи моҳи январ, президенти Русия Владимир Путин ба ҳукумати Федератсияи Русия супориш дод, ки масъалаи содда кардани ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба сохтмонҳоро то 1 март баррасӣ кунанд.

465
Барчаспҳо:
сохтмон, кор, Муҳоҷират, Тоҷикистон, Русия
Девочка в окне домика зимой

Ҳушдори КҲФ аз сардии шадиду яхбандӣ: беш аз 40 дараҷа хунук мешавад

0
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки давоми се рӯзи оянда дар кишвар ҳавои номусоид хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Ин ниҳод бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар гуфтааст, ки  то 29 январи соли равон ҳавои сард дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ боқӣ мемонад.

Ба иттилои манбаъ, дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ  ва қисмати ғарии ВМКБ ҳаво шабона -16-21 дараҷа, дар шарқи ВМКБ - 36-41 дараҷа, дар Булонкул - 51-53 сард мешавад.

Бо сабаби идомаи ҳавои сард, дар аксари минтақаҳои кишвар яхбандӣ боқӣ мондааст, мегӯяд, манбаъ.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо мақсади пешгирии садамаҳо ба шаҳрвандон хотиррасон мекунад, ки ҳангоми гаштугузор сару либоси мавсимӣ ба бар дошта бошанд, то худро аз бемориҳои сармохӯрдагӣ ҳифозат карда тавонанд.

Ба ронандагон тавсия медиҳад, ки суръати ҳаракати мошинҳоро боло набаранд, аз ҳар гуна сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.  

Таркиши чойхона дар хиёбони Рӯдакӣ: 12 нафар ба бемористон интиқол ёфт

КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад қоидаҳои бехатрии сӯхторро ҷиддан риоя карда, дастгоҳҳои барқиро беназорат нагузоред, ва ҳама асбобҳои гармидиҳиро дар ҳолати хуб нигоҳ доранд, то боиси ҳодисаи ногуфоре нагардад.

0
Барчаспҳо:
роҳҳо, ҳушдор аз яхбандӣ, сардӣ, ҳушдор, КҲФ Тоҷикистон