Ба муҳоҷирон дар маркази муҳоҷират патент дода мешавад. Акс аз бойгонӣ

Ба 500 шаҳрванди Тоҷикистон иҷозаи вуруди такрорӣ ба Русия дода шуд

14
(Таҷдидшуда 17:04 03.06.2015)
То имрӯз теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо кӯмак ва мусоидати вазорати меҳнати кишвар ва Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия иҷозаи дубора сафар кардан ба ФР-ро дарёфт намудаанд.

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Беш аз 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқи вуруди дубора ба Русияро пайдо карданд, менависад сомонаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон.

"Зиёда аз 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо кўмак ва мусоидати бевоситаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Тағойзода Сумангул, роҳбарияти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия иҷозаи сафари дубора ба Русяиро дарёфт намуданд, инчунин донишҷуён ва муҳассилине, ки дар омўзишгоҳҳои ФР таҳсил менамуданд, чунин имтиёзро пайдо карданд",- қайд мешавад дар хабари манбаъ.

Ҳамзамон, бо  мақсади бартараф кардани мушкилот ва проблемаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва он шаҳрвандоне, ки воридшавии онҳо ба ФР манъ карда шудааст, дар якҷоягӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоли ҶТ ва Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия гурўҳи экспертӣ ташкил карда шуда, аз рўйи 5 категория (табақа) шаҳрвандон метавонанд ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд.

14
Барчаспҳо:
имтиёз барои донишҷӯён ва муҳассилин, муҳоҷирон, иҷозаи вуруди такрорӣ, муҳоҷират, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти федералии муҳоҷират, Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, Сумангул Тағойзода, Русия, Тоҷикистон
Мавзуъ
Маҳмадбеков: фондҳои ҷамъиятӣ аз ҳисоби муҳоҷирон таъсис мешаванд
Муҳоҷирон барои ба ватан фиристодани бемор маблағ ҷамъ карданд
Оҷонсӣ: муҳоҷирон бо дастмузди кам дар ватан кор кардан намехоҳанд
Мигранты у здания УФМС

Теъдоди муҳоҷирони депортшуда дар давраи пандемия аз вилояти Маскав маълум гардид

195
(Таҷдидшуда 19:14 26.01.2021)
Муайян шуд, ки аксари муҳоҷирони депортшударо аз вилояти Маскав зодагони Осиёи Марказӣ ташкил медиҳанд

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Дар давраи ҳамагирии коронавирус аз вилояти Маскав беш аз 400 муҳоҷир депорт шудааст, изҳор доштанд дар хадамоти матбуотии Саридораи амнияти минтақавӣ.

"Аз 1 март то 31 декабри соли гузашта кормандони Хадамоти федералии иҷроияи Федератсияи Русия дар вилояти Маскав ва Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав аз ҳисоби Русия 404 муҳоҷирро ба ватанашон фиристод", -омадааст дар изҳорот.

Инчунин, зиёда аз 80% қарорҳои судҳои вилояти Москва дар бораи депортатсия иҷро шудаанд.

Дар айни замон, аксар хориҷиён муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ буданд. Ҳашт дарсади депортшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ва 81% муҳоҷирон аз Ӯзбекистон мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки депортатсия нисбати муҳоҷироне, ки беасос ва бидуни асноди лозимӣ дар Русия буду бош доштанд ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд,  татбиқ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муҳоҷират: мо имкон дорем, ки мардумро пурра бо кор таъмин намоем

Дар ҳоли ҳозир, боз 36 шаҳрванди хориҷӣ дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ ҳастанд ва мунтазири парвоз ба ватан мебошанд.

Тарҳи қонуни нав дар Русия: як гурӯҳи муҳоҷирон депорт нашаванд - кадом?

Пештар хабар дода шуд, ки дар 11 моҳи соли 2020 муҳоҷирони меҳнатӣ ба буҷаи минтақаҳои Русия 577,6 миллион доллар ворид карданд, дар ҳоле ки дар соли 2018 ин маблағ 757 миллион доллар буд.

195
Барчаспҳо:
Маскав, вируси корона, депорт, муҳоҷирон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон во Дворце культуры в Матчинском районе

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муҳоҷират: мо имкон дорем, ки мардумро пурра бо кор таъмин намоем

4283
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, имкони бо кор фаро гирифтани муҳоҷирини меҳнатӣ дар дохили Тоҷикистон вуҷуд дорад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар Паёми имсолааш ба парлумони Тоҷикистон, ки дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе идома дорад, гуфт, соли 2020 бо сабаби пандемияи "вируси корона" 80% - и муҳоҷирини меҳнатӣ натавонистанд ба берун раванд.

"Аз 460 ҳазор нафаре, ки ҳамасола берун мерафтанд, фақат 111 ҳазор рафтаанд. Он чӣ ишора карда истодаам, ин аст, ки мо дар дохили кишвар захираву имконотеро дорем, ки дар оянда боз ҳам беҳтар кор карда, шароити корӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ эҷод намоем ва шароити корӣ фароҳам оварда, мардуми худро пурра бо кор таъмин намоем", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Тибқи иттилое, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъи аъзои парлумон эълон кард, соли гузашта дар Тоҷикистон 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ таъсис ёфта, беш аз 6,5 ҳазор ҷои кории нав ба вуҷуд омадааст.

Вай афзуд, 157 муассисаи таҳсили умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва 1,2 млн мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд.

“Дар ин давра 193 ҳазор ҷойи кории доимиву мавсимӣ ташкил шуда, даромади пулии аҳолӣ 10% зиёд шудааст”, - гуфт президент.

Вай афзуд, пасандозҳои сокинони Тоҷикистон 17, 2 фисад зиёд шуда, 11,4 миллиард сомониро ташкил додааст, ки гувоҳи зиёд шудани даромади аҳолӣ ва афзоиши эътимоди онҳо ба ташкилотҳои карзӣ аст.

4283
Барчаспҳо:
пешниҳод, Эмомалӣ Раҳмон, муҳоҷират, Тоҷикистон
День 27 января

Зодрӯзи Савриниссо Сабзалиева ва хотироти қурбониёни Ҳолокост: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 20:03 26.01.2021)
Рӯзи бисту ҳафтуми январ Рӯзи байналмилалии хотираи қурбониёни Ҳолокост мебошад. Соли 1916 Манитоба аввалин музофоти Канада шуд, ки дар он ба занҳо ҳуқуқи интихоб дода шуд

Рӯзи 27 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1916 Манитоба аввалин музофоти Канада шуд, ки дар он ба занҳо ҳуқуқи интихоб дода шуд.

Соли 1935 дар бозии ниҳоии чемпионати Америкаи Ҷанубӣ оид ба футбол дастаи Уругвай дастаи Аргентинаро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард.

Соли 1948  дар Америка аввалин магнитофони  ширкати "Wire Recording Corporation of America"  ба фурӯш бароварда шуд, ки 149,5 доллар арзиш дошт.

Соли 1987 ИМА ва Муғулистон муносиботи дипломатӣ барқарор намуданд.

 

Соли 1990 забони беларусӣ забони давлатии Беларус эълон карда шуд.

Рӯзи 27 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1993 миёни Тоҷикистон ва Туркманистон муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуд.

Соли 2004 Гвардияи президентӣ ба Гвардияи миллии Тоҷикистон тағйири ном кард.

Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба муносибати бистумин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон  барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад: "Аз лаҳзаҳои ба даст овардани истиқлолият давлатҳоямон мунтазам ба пурра сохтани мазмуни нави ҳамкории байнидавлатии худ бо ҳамгиройии фаъол дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш мекунанд".

Соли 2017 дар "Кохи Наврӯз" Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе китоби  "Қазоқҳои Тоҷикистон"-и профессори кафедраи таъриху назарияи журналистика ва ВАО-и электронии Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Русия  Абдусаттор Нуралиев рӯнамоӣ гардид.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Федератсияи  Русия  оид ба ҳамкории  иқтисодӣ  баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 27 январ

Рӯзи байналмилалии хотираи қурбониёни Ҳолокост.

Рӯзи 27 январ кӣ ба дунё омадааст

Абдуқаҳҳори Қосим (1965)- шоир.

Валентина Виборнова (1927) - доктори илми фалсафа.

Fаффоралӣ Сафар (1950)- шоир.

Маҳмадқул Каримов (1964) - доктори илми химия, профессор.

Лучинский Пётр (1940)- арбоби ҳизбӣ. (солҳои 1986-1988 Котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон).

Саид Марофиев (1938) - муаррих, профессор.

Равшани Ёрмуҳаммад (1942) - нависанда, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Савриниссо Сабзаалиева (1948) - актрисаи театру кино, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Сорбон (Облоқул Ҳамроев) (1940) - нависанда, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Тсой Божелав (1945) - доктори илмҳои физикаю математика, профессор.

Усмонзода Хаймагул (1960)- шоира.

0
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн