Ҷаласаи ҳукумати Русия. Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Русия низоми муҳоҷиратро бо Қирғизистон содда карданист

8
(Таҷдидшуда 14:27 05.06.2015)
Дар сурати тасвиби созишнома шаҳрвандони ҳар ду кишвар имкон пайдо мекунанд, ки давоми 30 рӯзи аввали воридшавӣ ба қаламрави якдигар бе қайди расмӣ иқомат кунанд.

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Кабинаи вазирони Русия ба президент тарҳи пешнависи созишнома дар бораи соддасозии низоми муҳоҷират бо Қирғизистонро пешниҳод мекунад, иттилоъ медиҳад сомонаи ҳукумати ФР.

"Лоиҳаи санади мазкур шаҳрвандони ҳар ду кишварро аз ӯҳдадории сабти ном (ба қайди расмӣ гузоштани аснод) дар мақомоти зирабт давоми 30 рӯзи аввали будубош озод менамояд",- омадааст дар маълумотномаи ҳуққати мазкур.

Ин мӯҳлат аз рӯзи аввали воридшавии шаҳрвандон ба қаламрави ҶҚ ва ФР, ки дар корти муҳоҷирати онҳо марзбонон мӯҳр мегузоранд, ҳисоб карда мешавад.

Баъди 30 рӯзи иқомат, шаҳрвандон бояд дар мақомоти марбутаи кишвари дахлдор  сабти ном шаванд.

Санад дар ҷаласаи ҳукумати Федератсияи Русия рӯзи 28-майи соли 2015 баррасӣ ва тасдиқ гардидааст.

8
Барчаспҳо:
пешнависи созишнома, муҳоҷирон, соддазосии раванди муҳоҷират, созишномаи дуҷониба, Ҳукумати ФР, кабинаи вазирони Русия, Дмитрий Медведев, Русия, Қирғизистон
Мавзуъ
Русия барои муҳоҷирони Қирғизистон гирифтани патентро осон кард
Қирғизистон расман шомили Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шуд
Бинои сафорати Тоҷикистон дар Русия, акс аз бойгонӣ

Пулгирӣ аз тоҷикон бо ваъдаҳои дурӯғи бозгашт ба Ватан: ҳушдори Сафорат

297
Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳушдор додааст, ки вақтҳои охир бархе афрод бо ваъдаи ташкили сафар ба Ватан тариқи автобусҳо аз шаҳрвандони Тоҷикистон пул гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 31  май — Sputnik. Рӯзҳои охир аз тарафи баъзе шахсони манфиатҷӯ ва ғаразнок дар бораи он, ки гӯиё тавассути нақлиёти заминӣ, аз ҷумла автобусҳо, сафар намудан ба Тоҷикистон имконпазир аст, миёни шаҳрвандон маълумоти беасос ва нодуруст паҳн карда мешавад, хабар додаст Сафорат.

“Ҳамчунин, ҳолатҳое мушоҳида шудааст, ки нафарони тамаъҷӯ шаҳрвандонро фирефта намуда, барои сафар ба Тоҷикистон аз онҳо маблағ гирифтаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки ба маълумоти шубҳанок ва носанҷида бовар накарда, аз сафар ба самти Тоҷикистон тавассути нақлиёти заминӣ худдорӣ намоянд.

“Зеро сарҳадҳои давлатӣ миёни Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз эпидемияи коронавирус ҳанӯз ҳам баста мебошад ва воридшавӣ ба қаламрави давлатҳои мазкур, аз ҷумла тавассути воситаҳои нақлиёти заминӣ, манъ аст”, - тавзеҳ додаст Сафаорат.

Намояндагии Тоҷикистон илова намуд, ки дар сурати ташкил шудани рейсҳои чартерии ҳавопаймоҳо ва ё барқарор шудани хатсайрҳои мунтазам, инчунин кушодашавии сарҳадҳо, расман шаҳрвандон хабардор карда мешаванд.

Ба шаҳрвандон барои гирифтани иттилои иловагӣ рақамҳои телефон, аз ҷумла дар Маскав,  +7 (926) 411 09 61, +7 (995) 501 87 33, +7 (985) 740 02 12,  +7 (495) 690-41-86, шаҳри Санкт-Петербург, +7 (961) 611 16 17, +7 (812) 490 47 46, шаҳри Уфа, +7 (347) 276 52 96, +7(927) 231 71 71, +7(927) 945 65 66, шаҳри. Екатеринбург, +7 (922) 115 33 19, +7 (343) 370 23 60 ва шаҳри Новосибирск рақамҳои +7 (913) 487 38 22, +7 (383) 349 59 70 пешниҳод шудаанд.

297
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, фиреб, Русия, Тоҷикистон
Молитва, архивное фото

Даргузашти Ҳоҷӣ Эҳсоншо, президенти “Ванҷ Фуд” аз коронавирус-акс

2471
(Таҷдидшуда 13:10 29.05.2020)
Ҳоҷӣ Эҳсоншо Мунавваров, президенти ширкати “Ванҷ Фуд”, ки моҳи равон ба синни 43 расид, бар асари коронавирус даргузашт

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Наздикони Мунавваров мегӯянд, ӯ қариб як ҳафтаи охир дар шӯъбаи эҳё қарор дошт ва соати 11 ба 12-и шаби гузашта дар шаҳри Твер ҷон дод.

Эҳсон Раҳмихудоевич Мунавваров зодаи деҳаи Бунайи Ванҷ буда, 2 майи соли 1977 таваллуд шудааст. Мактаби деҳаро хатм карда, ба муҳоҷират ба Русия рафтааст. Дар Донишгоҳи улуми иҷтимоии Маскав чаҳор сол таҳсил намуда, ба далели шуғлаш ба тиҷорат онро ба анҷом нарасондааст.

Ҳоҷӣ Эҳсоншо Мунавваров, ки аз соли 1994 дар Русия қарор дошт, молики ду ширкат-Ванҷ Фуд ва “Арзан Голд” мебошад, ки дар бахшҳои гуногун фаъолият доранд.  Ӯ маҳсулоташро бо унвонҳои “Дары Таджикистана”, “Таджикчай”, “Памир”, “Бунайчай” пешниҳод мекард.

Тибқи иттилои сомонаи vanj.info, Эҳсоншо Мунавваров барномаи хайрияи хешро дошт, ки ба мустаманду дармондагон дасти ёрӣ дароз карда, дар созмондиҳӣ ва адои корҳои хайр дар миёни ҳаммеҳанони шаҳри Твер аз пешсафон буд.

Ӯ изҳор дошта буд, ки “ҳоли зору машаққати бархе аз ҳаммеҳанон дар мулки ғариб андӯҳгинаш менамояд, аз аъмоли бади бархе аз ҳаммеҳанон, ки миллатро бадном мекунанд, сахт озурдаву нороҳат мешавад. Вале худ мекӯшад ба қадри тавон барои баланд бардоштани обрӯи миллат коре анҷом диҳад”.

2471
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото

ВУХ Тоҷикистон: давоми 11 рӯз 680 тоҷикистонӣ ва 58 тобут аз Русия ба ватан интиқол ёфт

0
(Таҷдидшуда 15:59 31.05.2020)
Ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалиния" боз 49 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Федератсияи Русия ба ватан интиқол дод

ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Ширкати "Уралские авиалиния" шаби 29 ба  30 - юми  май парвози махсус аз Русия ба Тоҷикистонро анҷом дод, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймои ин ширкат 49 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки тайи чанд моҳи охир дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия қарор доштанд, аз Москва ба Душанбе интиқо дод.

Гузашта аз ин, 13 тобути шаҳрвандони кишвар низ ба Тоҷикистон интиқол ёфт.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки сар аз 19 то 30 майи соли ҷорӣ дар ҳамоҳангӣ бо ҷониби Русия аз марказҳои нигаҳдории муваққатии ин кишвар ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 680 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои омодашудаи зарурӣ барои сафарро доштанд, инчунин ҷасадҳои 58 ҳамватан баргардонида шуданд.

Сатторов: дар фурудгоҳҳои Маскав дигар шаҳрвандони Тоҷикистон намондаанд

Вазорат иттилоъ медиҳад, ки ҷиҳати иҷрои дастури роҳбари давлат оид ба татбиқи нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандон, айни замон имконияти анҷом додани парвозҳои махсус ба Русия ва дигар кишварҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии ватанӣ мавриди корбарӣ қарор дорад.

Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам оварда шудани шароити лозим, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.

0
Барчаспҳо:
Русия, шаҳрвандони тоҷик, интиқол, ВУХ ҶТ