Боздоштгоҳи махсус барои муҳоҷирон дар вилояти Амур. Акс аз бойгонӣ

Додситонии ФР боздоштгоҳҳои муҳоҷиронро ба тартиб медарорад

4
Барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар боздоштгоҳҳои муваққатии Русия ба сар мебаранд, додситонӣ санадеро оиди танзим ва тафтиши муассисаҳои марбута ба имзо хоҳад расонд.

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Прокуратураи генаралии Русия дар садади тасвиби як санад дар бораи санҷишу танзими муассисаҳое аст, ки он ҷо шаҳрвандони хориҷӣ ба сар мебаранд, иттилоъ медиҳад сомонаи Шӯрои назди райисҷумҳури ФР оид а ҳуқуқи инсон.

Аз моҳи апрели соли гузашта боздоштгоҳҳои вижа аз тобеъияти пулис ба ХФМ гузаронида шуданд. Аммо Хадамот дар ин росто бо мушкилот мувоҷеҳ гардид: мақомоти ҳокимияти маҳаллии Русия аснои бунёди марказҳои зарурӣ бо ХФМ ҳамкориро дуруст ба роҳ намонданд — дар саросари ФР бояд 80 муассиса сохта ба истифода дода мешуд.

"Барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар боздоштгоҳҳои муваққатии Русия ба сар мебаранд, Додситонии кулли ФР санадеро оиди танзим ва тафтиши муассисаҳои марбута ба имзо хоҳад расонд",- қайд мешавад дар номаи муовини аввали Прокуратураи генералии Русия Александ Буксман.

Ба қавли ӯ, маводи тавсиявӣ дар бораи тафтишу санҷиши муассисаҳои махсус низ таҳия ва омода хоҳад шуд.

Соли 2014 дар як қатор боздоштгоҳҳои муҳоҷирон дар вилоёти Вологда, Кострома ва Самара нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ ба мушоҳида расида, бо дахолати мақомот камбудиҳо бартараф гардиданд.

4
Барчаспҳо:
нақзи ҳуқуқи инсон дар Русия, тафтиши муассисаҳои вижа, муҳоҷират, муҳоҷирон, ХФМ, Прокуратураи генералии ФР, Александр Буксман, Вологда, Кострома, Самара, Маскав, Русия

Омори муҳоҷират дар Тоҷикистон: чанд нафар омаду чӣ қадар кишварро тарк кард

211
(Таҷдидшуда 15:02 17.01.2021)
Дар умум дар робита бо ҳамагирии коронавирус ва баста будани марзи аксари кишварҳо, сатҳи муҳоҷират дар Тоҷкистон коҳиш ёфт

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар давоми соли 2020 - 740,2 ҳазор шаҳрванд Тоҷикистонро тарк кард, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Ин рақам дар муқоиса бо нишондоди соли гузашта, 1 миллиону 517 ҳазор ё 67,2% камтар аст.

Ҷуғрофияи сафари шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби агентӣ дақиқ гуфта нашудааст.

Тарҳи қонуни нав дар Русия: як гурӯҳи муҳоҷирон депорт нашаванд - кадом?

Бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ аз кишварҳои зерин омадаанд: Ӯзбекистон - 271,5 ҳазор (66,2% аз шумораи умумии воридшудагон), Русия - 54,9 ҳазор (13,4%), Қирғизистон - 45,9 ҳазор ( 11,2%), Қазоқистон - 9,3 ҳазор (2,3%).

Бекорӣ аз байн меравад? Амонзода дар саросари ҶТ ярмаркаи ҷойи кори холӣ ташкил мекунад

Аз кишварҳои хориҷии дур ба Тоҷикистон бештар аз Афғонистон - 6 ҳазор нафар (1,5%), Чин - 3,1 ҳазор нафар (0,8%), Туркия - 2,7 ҳазор нафар (0,7%), 1,9 ҳазор нафар (0,5%), Эрон - 1,3 ҳазор нафар (0,3%), ИМА - 1,2 ҳазор нафар (0,3%), Олмон - 0,5 ҳазор нафар (0 , 1%), Покистон - 0,4 ҳазор нафар (0,1%) сабт шудааст.

211
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, муҳоҷират, омор
Иностранные рабочие возвращаются после обеденного перерыва

Дар сохтмонҳои Маскав 14 ҳазор шаҳрвандони Ӯзбекистон бо кор таъмин мешаванд

553
(Таҷдидшуда 12:41 15.01.2021)
Намояндагони ширкатҳои бузурги Русия ба Ӯзбекистон рафтанд, то аз манотиқи гуногуни кишвар барои кор дар сохтмонҳо коргар биёранд

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ширкатҳои бузурги сохтмонии Русия, дар доираи барномаи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон дар Ӯзбекистон, чанд ҳазор сокини кишварро барои кор дар объектҳои Маскав ва вилояти Маскав ҷалб хоҳанд кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати шуғл ва меҳнати Ӯзбекистон.

Муовини якуми вазири меҳнати Ӯзбекистон Эркин Муҳиддинов бо намояндагони ширкатҳои русии "ПИК-Индустрия" ва "ТехСтрой" мулоқот кард.

Онҳо махсус барои интихоб кардани довталабон барои кор дар объектҳои Маскав ва вилояти Маскав ба Ӯзбекистон рафтанд.

Интихоби довталабон то охири моҳи январ дар ҳамаи минтақаҳои Ӯзбекистон аз рӯи ихтисосҳои челонгар, гудозанда, пошидан ва андохтан, кафшергари барқӣ, барқчӣ ва хиштчин идома мекунад.

Вазорати шуғли аҳолӣ гуфтааст, ки то охири соли 2021 ширкатҳо тақрибан 14 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистонро дар Русия бо кор таъмин хоҳанд кард.

Маълум аст, аз 15 то 31 январ дар байни сокинони вилоятҳои Андиҷон, Намангон, Фарғона, Хоразм, Бухоро, Ҷиззах, Қашқадарё, Навоӣ, Самарқанд, Сирдарё, Сурхондарё ва Тошканд коргарон интихоб карда мешаванд. Ва инчунин дар Қароқалпоқистон, Тошканд ва Самарқанд низ барнома роҳандозӣ мешавад.

Бо даъвати корфармоён: як гурӯҳ муҳоҷирини ӯзбек ба Русия барои кор рафтанд

Ёдрас мешавем, ки қаблан президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев фармонеро имзо кард, ки дар солҳои 2020-2021 шумораи муҳоҷиронро аз Ӯзбекистон барои кор дар Русия  ба 100 ҳазор нафар мерасонанд.

Вазорати кишоварзии Русия пешниҳод кард, ки муҳоҷирон "ба саҳро" бештар ҷалб карда шаванд

Аммо аввал, бояд сатҳи омодагии касбӣ ва забономӯзии шаҳрвандони Ӯзбекистон ба роҳ монда шавад.

553
Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, шаҳрвандон, муҳоҷират, кор, Русия
Даст ба дуо, акс аз бойгонӣ

Даргузашти Дӯстмурод Уроқов, иқтисодшиносу адиби тоҷик-акс

0
(Таҷдидшуда 16:11 17.01.2021)
Дӯстмурод Уроқов, иқтисоддони тоҷик, ки ба эҷоди асарҳои бадеӣ низ шуҳрат дошт, дар синни 78-солагӣ даргузашт

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе яке аз донишварони пуркори иқтисоддон ва адиби соҳибдилу соҳибқалам Дӯстмурод Уроқов дар синни 78-солагӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид, хабар додааст Фаридун Раҳнавард, рӯзноманигори тоҷик.

Дӯстмурод Уроқов, соли 1942 таваллуд шуда, доктори илми иқтисод, профессор, ходими шоистаи илми Тоҷикистон мебошад.

Дар бораи сабаби фавти Уроқов иттилое ироа нашудааст. Раҳнавард дар саҳифааш аз хизматҳои Уроқов барои илму адабиёт гуфтааст.

“Равоншод умри худро вақфи хидмат ба илму маориф ва адабиёт намуда, аз худ як силсила осори арзишманди илмиву адабӣ ба ёдгор гузоштанд. Академики Академияи иқтисодии Авруосиё, Арбоби илму техникаи Тоҷикистон ва Раиси Ассосиатсияи муҳосибон ва аудиторонии Тоҷикистон буд”, - изҳор дошт Раҳнавард.

Таъкид шудааст, ки марҳум дар баробари таълифи осори илмӣ ва фаъолияти пурсамар дар соҳаи иқтисод ба эҷоди асарҳои бадеӣ низ рағбат дошт.

Дар феҳрасти асарҳои бадеияш "Муҳофиз", "Қиссаҳои марғуби зиндагӣ", "Овора", "Диёри файзбори ман", "Меҳрона" ва ғайра зикр шудаанд, ки дар радифи осори илмӣ номашонро зинда медоранд.

0
Барчаспҳо:
даргузашт, Тоҷикистон