Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо муҳоҷирон дар шаҳи Уфа. 8 июли 2015

Э.Раҳмон ба муҳоҷирон: ман доим дар фикри шумо ҳастам

11
(Таҷдидшуда 09:12 13.07.2015)
Дар мулоқоте, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Уфаи Русия бо муҳоҷирон ва намояндагони диаспораҳои тоҷикон барпо кард, аз муҳоҷирон хостааст, то ба ДИИШ напайванданд ва дар фикри ватан бошанд.

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷики муқими Бошқирдистон аз "душмани Ислом" будани "Давлати исломӣ", ҳамеша дар фикри шаҳрвандони муҳоҷир будани худ гуфтааст, менависад сомонаи президент.

Раҳмон унвони профессори фахрии Донишгоҳи нафту кимиёи Уфаро соҳиб шуд
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Мулоқоти мазкур рӯзи чоршанбеи 8 июл баргузор шудааст. Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо намояндаи диаспора ва муҳоҷири меҳнатии тоҷик гурӯҳи бо ном "Давлати Исломи"-ро хатарнок ва душмани ислом хонда, изҳор доштааст, он на танҳо бо зиндаҳо, балки бо мурдаҳо низ меҷангад ва даст ба хароб кардани қабрҳо мезанад.

Раисҷумҳур таъкид кардааст, ҷиноятҳои ваҳшатноки ин гуруҳи террористӣ, ки ҳазорон одамони бегуноҳ, пиронсолону занону кӯдаконро қатл кардааст, гувоҳи он аст, ҳадафи бунёдгузорон ва роҳбарони "Давлати исломӣ" беобрӯ кардани Ислом ва дар дили инсонҳо ҷо кардани тарсу ҳарос аз ин дини муқаддас аст.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар бисёр мулоқоту суханрониҳояш ҳамеша изҳор медорад, ки экстремизму терроризм, зӯровариву хушунат ва қатлу куштор бо дини мубини Ислом ягон робита ё умумияте надорад.

"Зеро Ислом дини сулҳу салоҳ ва ойини тараҳҳуму инсондӯстона мебошад. Хусусан, мазҳаби ҳанафии Ислом, ки мо пайрави он мебошем ва таълимоти асосгузори он — Имоми Аъзам, ки пири мазҳаби мо мебошад, инсонҳоро ба таҳаммулгароӣ ва муросову мадоро даъват мекунад", — таъкид кардааст президент.

Бино ба гуфтаи президенти кишвар, аз рӯи таҳлилҳои коршиносон гуруҳҳои тундрав дар бештар маврид дар миёни муҳоҷирон ва онҳое, ки аз муҳити хонавода дур афтодаанд, таблиғоти худро ба роҳ мемонанд, зеро ҷавононе, ки болои сарашон шахси маслиҳатдеҳ ва насиҳаткунанда надоранд, метавонанд ба осонӣ фирефтаи тарғиботи гуруҳҳои тундрав ва ифротгар шаванд.

"Бинобар ин, шумо ҳамдиёрони азиз, ки ба кишвари дӯсту бародари Русия бо нияти неку бо меҳнати ҳалол таъмин кардани зиндагии осудаҳолонаи падару модар ва наздикону пайвандонатон омадаед, хуб меҳнат кунед, бо ҳамдиёрон тифоқ бошед, ҳамдигарро дастгирӣ намоед. Онҳое, ки калонсолу ботаҷриба ҳастанд, бояд ҳидоятгари ҷавонон бошанд, ба онҳо роҳи дурусти зиндагиро фаҳмонанд, ба худшиносиву худогоҳӣ даъват намоянд, роҳи фарқ кардани неку бад ва ҳаққу ноҳақро ёд диҳанд", — гуфтааст раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони диаспораи тоҷик гуфтааст, "ҳар яки шумо бояд хислатҳои неку ҳамидаи миллиамонро минбаъд низ пос доред, ҷавононро аз роҳи бад гардонед, аз аҳли хонадон ва наздиконатон, ки дар Ватан ҳастанд, бехабар набошед ва доим дар фикри Ватан, ободии он болоравии обрӯи тоҷикон бошед".

Дар идомаи суханронии худ, раисиҷумҳур дар хитоб ба муҳоҷирон гуфтааст, "ҳамеша дар фикри шумо ва интизори шумо ҳастем, тамоми саъю талоши худро ба он равона месозем, ки масъалаву мушкилоти кору фаъолият ва будубоши шуморо ҳаллу фасл кунем".

11
Барчаспҳо:
суханронӣ, дипспораҳо, муҳоҷирон, мулоқот, ДИИШ, Эмомалӣ Раҳмон, Русия, Уфа

Ҳалокати тоҷикистонӣ зери масолеҳи сохтмонӣ дар мағоза: харидор буд - видео

403
(Таҷдидшуда 14:44 07.08.2020)
Шаҳрванди Тоҷикистон дар мағозаи сохтмоние дар Тюмен фоҷиабор ба ҳалокат расид: Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи ҳодиса парванда боз кард

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳудуди як мағозаи сохтмонӣ ба ҳалокат расид, хабар медиҳад "Россия 1 Тюмень".

Руҳулло Нурматов дар шаҳри Тюмен ба сифати сохтмончӣ кор мекард. Дар баробари фаъолият ба сохтмони хонаи худӣ машғул буд.

Шоми 4 август шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон барои интиқоли маводҳои фармоишдодашуда ба мағоза омад.

Ҳалокати муҳоҷири тоҷик баъди сарозер шудан аз ошёнаи 12: ҳамагӣ ду рӯз кор кардааст

Дар қисмати боркунии маводҳои сохтмонӣ, замоне, ки плитаҳои тахтагинро ба дохили мошини боркаш бор мекарданд, боркунак ба дигар тараф тоб хӯрду масолеҳи сохтмонӣ ба сари Руҳулло чаппа шуд.

Нурматовро ба бемористон интиқол доданд, вале ҷароҳатҳои вазнин боиси марги ҷавон шуд.

Шаҳрванди Тоҷикистон хонадор ва соҳиби ду фарзанд буд.

Феълан аз ҷониби Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

403
Барчаспҳо:
тоҷикистонӣ, муҳоҷир, ҳалокат, Тюмен

Муноқишаи муҳоҷирон бо мақомоти қудратӣ дар марзи Русия ва Қазоқистон: ҷузъиёт

224
(Таҷдидшуда 16:00 05.08.2020)
Интизорӣ барои бозгаштан ба Ватан, дар марзи Русия ва Қазоқистон бо муноқишаи миёни муҳоҷирон ва кормандони қудратӣ анҷомид

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар марзи Русия ва Қазоқистон миёни муҳоҷирон ва кормандони қудратӣ муноқиша сар зад. Нахустин шуда шабакаи Match аз ин ҳодиса хабар дод.

Дар ин шабака наворе нашр шуда буд, ки дар он муҳоҷирон ба сӯи марз ҳаракат мекунанд. Аз навор суханони қабеҳ шунида мешуд.

Пасон намояндаи расмии Гвардияи миллии Русия Валерий Грибакин дар суҳбат бо "Интерфакс" гуфт, ҷанҷол рӯзи 3 август рух дод.

Шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон дар марзи Қазоқистону Ӯзбекистон, ба Ватан расиданд

"Муноқишаи миёни муҳоҷирон ва мақомоти қудратӣ дар вилояти Самара ба зудӣ, бидуни дахолати намояндагони Гвардияи миллӣ пахш шуд", - қайд кард Грибакин.

Бино ба гузориши "Интерфакс" қазия субҳидам, соати 9 ба вуқӯъ пайваст. Мардум дар интизори сафар буданд, вале ягон хабар нашуду онҳо ба ғазаб омаданд.

Дар паи ин низоъ касе осеб надидааст. Феълан вазъият дар марзи Русия ва Қазоқистон ором аст.

Айни ҳол дар урдугоҳи муваққатӣ дар марзи Қазоқистону Русия 840 муҳоҷир дар интизори интиқоли онҳо ба ватан мебошанд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳастанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Самара то ҳол ин қазияро шарҳ надодааст.

224
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, муноқиша, Қазоқистон, Русия
Садамаи маргборе, ки дар пайи он Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расид

КҲФ низ садамаи Баҳром Ғафуриро шарҳ дод ва чанд акс аз ҷои ҳодиса нашр кард

0
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода менависад, ки агар ҳодиса соати 4:00 рух дода бошад, соати 4:18 дастаи наҷоти КҲФ ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд. Аммо мутаассифона ҳунармандро натавонистанд аз марг наҷот диҳанд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. КҲФ низ садамаи мудҳишеро, ки дар пайи он овозхони номӣ Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд шарҳ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, 04:16 дақиқа ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар кўчаи  Рудакӣ  106 ноҳияи И.Сомонӣ, садамаи нақлиёти рўх додааст.

Соати 04:18 дақиқа Дастаи зудамали наҷоти Раёсат ба ҷои ҳодиса сафарбар шуд, афзудааст манбаъ.

Садамаи маргбори Баҳром Ғафурӣ
Дафтари матбуоти КҲФ
Садамаи маргбори Баҳром Ғафурӣ

Гуфта мешавад, дар натиҷа муаян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Ланкурузер» (200)  рақами давлатиаш 1991 КК 01ТҶ, аз ўҳдаи идораи мошин набаромада, ба автомашинаи партовкаши тамғаи «Камаз»  бармехӯрад.

Бар асари ин бархурди мудҳиш як нафар мусофири он сарояндаи хушхону маъруф Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расидааст. Дар ин садама ду нафари дигар: Зарипов Баҳодур ва Анварзода Ислом бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхонаи Қарияи Боло интиқол дода шудаанд.

Сабаби ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД ва БДА-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ муаяйн карда мешавад.

0