Муҳоҷирон дар яке аз сохтмонҳои Русия. Акс аз бойгонӣ

Хадамот беш аз 17 ҳазор тоҷикистониро аз сафари Русия боздоштааст

13
(Таҷдидшуда 12:24 15.07.2015)
Бо ҳолати моҳи майи соли ҷорӣ, бештар аз 300 ҳазор тоҷикистонӣ аз вуруд ба Русия манъ шудаанд, мегӯяд сухангӯи Хадамоти муҳоҷират.

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар 6 моҳи имсол 17 399 шаҳрванди кишварро, ки дар рӯйхати мамнӯъшудагони Русия қарор доштаанд, аз сафар ба он кишвар баргардонидааст, менависад хабаргузории "Озодагон".

Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират дар суҳбат бо хабаргузорӣ гуфтааст, афроде, ки исмашон дар ин рӯйхат ворид шудааст, худ огоҳӣ надоранд ва барои мушаххас кардани ин ҳолат ба хадамот муроҷиат мекунанд. Ӯ афзудааст, вақте шаҳрвандон ба хадамот муроҷиат мекунанд, маълум мешавад, ки дар рӯйхати мамнуъулвуруд қарор доранд.

"Ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Русия муайян карда шуд, ки 17399 нафар дар рӯйхати мамнӯъшудагон дар махзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират мебошанд ва онҳо аз сафари бебарор баргардонида шуданд", — илова кардааст Қодирӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар шаш моҳи соли равон ба Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 46 ҳазору 221 нафар муроҷиат кардааст.

Ба қавлит сухангӯи Хадамот, муроҷиаткунандаҳо асосан оиди масъалаҳои муайян намудани ҳолати беруншавӣ (депортатсия) аз Русия, қонунгузории кишвари кордиҳанда, оид ба гирифтани патент, барқарор намудани ҳуҷҷатҳои гумшуда, кӯмаку ёрӣ расонидан барои ба Ватан баргаштани хешовандон ва ғайра муроҷиат менамоянд.

"Айни ҳол рӯйхати шаҳрвандони сафарашон ба Русия манъгардида ба ҳолати 15 май соли равон ба тамоми зерсохторҳои Хадамоти муҳоҷират дастрас шудааст ва муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар ҷои маҳали зисти хеш пеш аз ба Русия сафар намудан, аз санҷиш гузаранд", — афзудааст Қодирӣ.

Тибқи омори ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия марзи як миллионро убур мекунад. Тибқи иттилои расмӣ бошад, ба ҳолати моҳи майи имсол 303 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар рӯйхати мамнӯъшудаҳои ин кишвар қарор доранд.

13
Барчаспҳо:
баргардонидан, 300 ҳазор, мамнуъ, сафар, Хадамоти муҳоҷират, Абдуллоҳ Қодирӣ, Русия, Тоҷикистон