Соли 2016 дар Русия низоми ҷадиди муҳоҷиратии “Мир” роҳандозӣ мешавад

© Sputnik / Сергей Сергеев / Гузариш ба медиабонкИстгоҳи қатори Казан дар Маскав. Акс аз бойгонӣ
Истгоҳи қатори Казан дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастарсӣ ба низоми “Мир”-ро куллияи ниҳодҳои алоқаманд назири вазорати иқтисод ва алоқа, молия, дифоъ, ВКД, марзбонӣ, ХФА ва ХФМ пайдо хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Русия дар соли 2016 низоми ҷадиди муҳоҷират ва сабти номро роҳандозӣ мекунад. Қарори марбутаи имзошуда аз сӯйи нахуствазир Дмитрий Медведев рӯзи душанбе дар сомонаи ҳукумати ФР мунташир шудааст.

"Низоми "Мир" бо ҳадафи ҳимояти асноди ҳуввият аз тақаллуб, беҳбуди судмандии назорати марзӣ ва ҷилавгӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ, тавсеъаи комилият, воқеъият ва аҳамияти сабти ном ва раванди муҳоҷиратро ҳадаф дорад", — омадааст дар санад.

Баъд аз пайвастан ба ИИА муҳоҷирини қирғиз аз санҷишҳо озод намешавнад

Дастарсӣ ба ин низомро куллияи ниҳодҳои алоқаманд, аз ҷумла вазорати иқтисод ва алоқа, молия, дифоъ, ВКД, марзбонӣ, ХФА ва ХФМ, Агентии федеролии нақлиёти баҳрӣ ва дарёӣ дарёфт мекунанд ва ба онҳо дастур шудааст, ки то 1 январи соли 2016 тартиби фаъолияти бахшҳои ҷудогонаи ин низомро мушаххас созанд.

Ҳамзамон куллияи ниҳодҳои давлатии машғули таҳияи ин низом муваззафанд фаъолиятҳои худро бо Идораи федероли муҳоҷират ва вазорати алоқаву иртибототи оммавӣ ҳамоҳанг созанд, омадааст дар Низомнома.

Ба ҷуз аз ин ба эътиқоди муаллифони ин тарҳ ин низом мусоъидат мекунад, ки дар бораи сафарҳои шаҳрвандони Русия ва атбоъи хориҷӣ, фаъолияти меҳнатии атбоъи хориҷӣ барои таҳияи вазъи муҳоҷиратӣ дар қаламрави кишвар иттилоъи комил ва саҳеҳ ҷамъоварӣ карда шавад.

Беҳбуди судмандии назорати марзӣ, созгор сохтани манобеъи иттилоъотии давлатӣ, ки дар арсаи назорати марзӣ ва муҳоҷиратӣ истифода мешаванд, ва ҳамчунин дар арсаи муқобала бо ҷароим ва терроризм, дар бахши ҷилавгирӣ аз қочоқи маводди мухаддир ва мадҳушкунанда аз аҳдофи аслии низоми "Мир" унвон шудаанд.

Дар маҷмӯъ дар Русия ба иттилоъи Идораи муҳоҷирати ФР феълан беш аз 10 миллион нафар муҳоҷирон қарор доранд ва ҳудуди як миллион нафари онҳо атбоъи Тоҷикистон мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0