Муҳоҷирон дар бозори сохтмонӣ дар Строгинои Русия. Акс аз бойгонӣ

Дар Краснодари Русия “лавҳаи сипос” ба сохтмончиёни тоҷик пайдо шуд

20
(Таҷдидшуда 14:24 11.09.2015)
Намояндагони ин корзор гуфтаанд, пешгирии таҳрифи таърих, ки “мехоҳанд қаҳрамонии падару бобоҳои моро хат бизананд”, ҳадафи дигари онҳо аст.

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Дар биноҳои навбунёди шаҳри Краснодар ахиран лавҳаҳое насб гардида, дар он аз гуруҳи сохтмончиёни Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Молдова изҳори ташаккур шудааст, менависад сомонаи Юга.ру.

"Аз коргарони далери ҷумҳуриҳои бародари Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Молдова ташаккур мекунем",- навишта шудааст дар яке аз чунин лавҳаҳо.

Лавҳаи дигар чунин навиштаҷот дорад — "Ин бино бо кумаки қаҳрамонони меҳнати Тоҷикистон бунёд шудааст".

Ин лавҳаҳоро фаъолони шаҳри Краснодари Русия дар пайи роҳандозии корзори "Ҳифозати муҳоҷирон" насб кардаанд. Далели роҳандозии ин корзор нишон додани "қаҳрамонони аслии рушди минтақа" гуфта шудааст.

Намояндагони ин корзор гуфтаанд, пешгирии таҳрифи таърих, ки "мехоҳанд қаҳрамонии падару бобоҳои моро хат бизананд", ҳадафи дигари онҳо аст.

"Бо роҳандозии ин корзор мо натанҳо кори сохтмончиёнро ҳифз кунем, балки ёдрас кунем, ки ҳамаи мо дар ин ҷаҳон меҳмон ҳастем", — гуфтаанд муаллифони корзор.

Бино ба омори ғайрирасмӣ, беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия муҳоҷири меҳнатиянд, ки бештари онҳо ба кори сохтмон машғул ҳастанд.

20
Барчаспҳо:
биноҳо, ташаккур, лавҳа, сохтмон, муҳоҷират, Краснодар, Русия
Рубль, архивное фото

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон барои ситондани пул аз ҳамватан дар Русия

240
(Таҷдидшуда 20:18 28.11.2020)
Як шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳамватанаш бо истифодаи зӯроварӣ ҳамаи маблағҳои доштаашро ситондааст. Муттаҳам боздошт шудааст

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Аз шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Санкт Петербург наздики 150 ҳазор рубл ситонда шудааст, хабар дод ФАН бо такя ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Ҷабрдида дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ изҳор доштааст, ки ӯро гурӯҳи муҳоҷирон мавриди фишор қарор додаанд. Ӯ таъкид кардааст, ки амали ин гуруҳро як нафар роҳбарӣ менамудааст.

Манбаъ афзуд, ки нахуст аз ҷабрдида 50 ҳазор рублашро гирифта, баъдан маҷбур кардаанд, ки боқимондаи пулро аз корти бонкияш гирифта диҳад.

Дар маҷмӯъ маблағе, ки аз ҷабрдида ситонда шудааст, 149 ҳазор рублро ташкил додааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ изҳор доштаанд, ки муттаҳам дар ташкили ғоратгарӣ боздошт шудааст. Муайян гардидааст, ки ӯ ҳамватани ҷабрдида буда, феълан таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

240
Трудовые мигранты, архивное фото

Бозгашт ба Тоҷикистон тариқи Ӯзбекистону Қирғизистон арзонтар аст

306
Бозгашти муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон аз масирҳои Ӯзбекистону Қирғизистон хароҷоти камтари маблағ дорад

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дар ҳоле ки  чиптаи ҳавопаймо аз Маскав ба Душанбе ҳудуди 395 евроро ташкил медиҳад, бозгашт ба Тоҷикистон тариқи шаҳрҳои Ӯзбекистону Қирғизистон арзонтар аст, хабар додаст сомонаи Парстудей.

Манбаъ афзуд, қимати билет аз шаҳрҳои Русия ба Самарқанд 25 ҳазор рубли русӣ аст ва тоҷикҳо ҳазор то ҳазору 500 рубли дигарро барои ронандагони таксиҳо то марзи Тоҷикистон пардохт мекунанд.

“Ҳамчунин тоҷикҳои дорои тобеияти Русия, ки бо ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ ба Қирғизистон меоянд, аз шаҳри Уши ин кишвар то Хуҷанди Тоҷикистон барои хадамоти таксӣ 150 то 200 сомонӣ пардохт мекунанд”, - омадааст дар матлаб.

Манбаъ афзудааст, ки парвоз ба шаҳрҳои Ӯзбекистону Қирғизистон барои бозгашти коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия 8 то 15 ҳазор рубл арзонтар тамом мешавад.

Қаблан далели гарон будани нархи чиптаҳоро масъулини ширкати тоҷикистонӣ ба пур кардани танҳо 60 дарсади сандалиҳо барои ҷилавгирӣ аз густариши Ковид 19, гаронии сӯхт ва ҳазинаҳои ҷонибӣ ба манзури хариди маводи зиддиуфунӣ унвон мекунанд

306
Участие Рустама Эмомали в XIII пленарного заседания Парламентской Ассамблеи Организации Договора о коллективной безопасности (ПА ОДКБ)

Рустами Эмомалӣ бо дигар аъзоёни СААД амнияти минтақаро баррасӣ кард: пешниҳодаш қабул шуд

0
Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон нахустин маротиба дар ҷаласаи Шӯро ва Ҷаласаи 13-уми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат ва суханронӣ кард

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонзода, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО, дар ҷараёни кори ҷаласаҳои зикршуда дар қатори масъалаҳои ташкилӣ натиҷаҳои корҳо оид ба амалигардонии афзалиятҳои раёсати Федератсияи Россия дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2020, вазъият дар минтақаи зери масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва чораҳои муқовимат ба таҳдиду хатарҳо ба амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон дар идомаи ҷаласа лоиҳаи санадҳои қонунгузории намунавӣ ва тавсияҳо оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният, ҷараёни имплементатсияи меъёрҳои санадҳои қонунгузории намунавӣ дар қонунгузории миллии давлатҳои аъзои созмон, лоиҳаи Барномаи фаъолияти Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба наздикшавӣ ва ҳамгироии қонунгузории миллии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2021-2025 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ дар ҷаласа бо дарназардошти Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2021 пешниҳод кардаст, ки ҷаласаи навбатии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ нимсолаи якуми соли 2021 дар Тоҷикистон доир карда шавад.

“Иштирокчиёни ҷаласа пешниҳодро якдилона қабул карданд”,-афзудааст манбаъ.

Ҳамзамон зимни ҷаласа таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террорист аз ҷониби Вячеслав Володин, роҳбари Думаи давлатии Русия садо додааст.

Мақомдорони СААД вазъи муҳоҷират дар пандемияро баррасӣ кардаанд

Номбурда гуфтааст, таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ имконият медиҳад, ки ба ҷинояткории байналмилалӣ муборизаи самаранок бурда шавад.

“Аз ҳама муҳим, мо холигии ҳуқуқиро бартараф мекунем, вақте созмон, ки дар як кишвари СААД террористӣ эътироф шудааст, метавонист дар қаламрави кишвари дигар озодона фаъолият кунад”, - изҳор дошт Володин.

Ӯ илова намуд, ки ба ҳамин восита хадамоти махсуси кишварҳои узв метавонанд ҳамкориро ба сатҳи нисбатан баланд бардоранд.

0
Барчаспҳо:
қонунгузорӣ, мудофиа, амният, суханронӣ, ширкат, СААД, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон