Гурезагони сурӣ аз марзи Маҷористону Сербистон убур мекунанд. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Маҷористон: девор ва артиш мавҷи гурезаҳоро коҳиш дод

11
Дар Маҷористон сар аз 15 сентябр қонуне ба амал даромад, ки назорати марзи давлатиро пурзур ва барои убури ғайриқонунии он муҷозот пешбинӣ мекунад.

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Дар пайи иҷрои қонуни нави Маҷористон дар бораи убури марзҳо мавҷи гурезаҳо коҳиш ёфтааст, изҳор дошт Золтан Ковач, сухангӯи ҳукумати ин кишвар зимни як брифинг дар шаҳри Сегед.

"Натоиҷи аввалия ин аст, ки мавҷи гурезаҳо коҳиш ёфтаааст. Чун мо хатти марзро бо бунёди девору мустақар кардани артиш мустаҳкам кардем. Аз ин ба баъд ҳар нафаре мехоҳад, бояд онро дар доираи қонун убур кунад. Онҳо бояд барои дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ муроҷиат кунанд", — изҳор дошт Ковач.

Сар аз 15 сентябр қонуне ба амал даромад, ки назорати марзи давлатиро дар Маҷористон пурзур ва барои убури ғайриқонунии он муҷозот пешбинӣ мекунад.

Аз ин ба баъд убури ғайриқонунии хатти марз ҷиноят ҳисобида мешавад, ки ҷазо дар шакли маҳрум шудан аз озодӣ ва ё ихроҷ аз қаламрави кишвар пешбинӣ шудааст. Муҷозот барои қочоқчиёне, ки афроди қонуншиканро аз марз мегузаронанд, сангин хоҳад шуд.

То ин замон гурезагон марзро аз минтақаи Реске амалан бидуни назорат убур мекарданд — тахмин зада мешуд, ки эшон баъд аз убур бояд бидуни таъхир ба идораи назидктарини пулис рафта барои дарёфти паноҳандагӣ ариза пешниҳод мекарданд, вале дар воқеъ қисми зиёди гурезагон бо тарси он ки мумкин аст дар Маҷористон эшонро нигаҳ доранд, ҳуҷҷатҳои худро дуруст намекарданд.  

Аз оғози соли 2015 ба ҳудуди Иттиҳоди Аврупо наздики 500 ҳазор муҳоҷир ворид шудааст, ҳамарӯзи шумори онҳо аз ҳисоби афроди навворид меафзояд. Комиссияи Аврупо изҳор доштааст, ки буҳрони муҳоҷирати феълӣ баъд аз ҷанги дувуми ҷаҳонӣ бузургтарин буҳрон ба ҳисоб меравад.

11
Барчаспҳо:
ҷиноят, артиш, марз, паноҳандагон, гурезагон, Золтан Ковач, Иттифоқи Аврупо
Арест, архивное фото

Боздошти сокини Петербург барои қатли муҳоҷири тоҷик: ҷавони 22 - соларо буғӣ карда кушт

101
Дар Санкт - Петербурги Русия як марди 48 - сола ба гумони қатли муҳоҷири 22 - сола аз Тоҷикистон боздошт шуд

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Муҳоҷири 22 - сола аз Тоҷикистон дар шаҳри Санкт - Петербург кушта шуд, хабар медиҳад нашрияи Петербург. ру.

Ба иттилои манбаъ, хабари кушта шудани муҳоҷирро ба мақомоти пулис марди 45 - сола расонд. Гуфта мешавад муҳоҷири тоҷик дар хонаи ин мард ба ҳайси иҷоранишин зидагӣ мекард.

Вазорати меҳнат гуфт, дар шаш моҳ чӣ қадар муҳоҷир ба Русия рафт

Манбаъ меафзояд, ҷавони 22 - соларо нахуст кӯфтанд ва сипас аз роҳи буғӣ кардан ба қатл расонданд.

Зимнан, кормандони пулис ба гумони қатли муҳоҷири ҷавон, соҳибхона, марди 45 - сола, ки бекор аст, боздошт намуданд.

Феълан алайҳи боздоштшуда протокол тартиб дода шуда ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад. 

Зикр мегардад, ки тафтишот дар ин самт идома дорад.

101
Барчаспҳо:
қатл, тоҷик, муҳоҷир, Санкт-Петербург
Спецприемник для нелегальных мигрантов, архивное фото

Суғд: мақомот шумораи муҳоҷирони депортшударо эълон карданд

211
 Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, омори шаҳрвандони депорт ё хориҷшуда дар қаламрави Федератсияи Русияро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Зайнура Шарифӣ, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд дар нишасти хабарӣ гуфт, омори муҳоҷирони депортшуда, дар асоси муроҷиати худи шаҳрвандон мураттаб шудааст.

“Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 2 ҳазору 817 нафар шаҳрвандон шифоҳӣ ва аз тариқи телефон ба унвонии Раёсат ва шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо Суғд муроҷиат намуданд. Зимни санҷиш маълум гардид, ки аз шумори умумии муроҷиаткунандагон, барои 1 ҳазору 23 нафар, аз ҷумла 892 мард ва 131 зан воридшавӣ ба қаламрави Федератсияи Русия муваққатан манъ гардидааст”, - гуфт Шарифӣ.

Сардори Раёсат мегуяд, ҳукмномаи манъи муҳлати воридшавии ин шумор шаҳрвандон ба ҳудуди Русия гуногун буда, аз 3 то 5 солро дар бар мегирад. Зайнура Шарифӣ қайд намуд, ки риоя нашудани қонунҳои будубоши муҳоҷират, сабаби манъи вуруди онҳо ба қаламрави ин кишвар шудааст.

“Бо вуҷуди таъкидҳои мо дар нуқтаҳои сафаркунии шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд” ва истгоҳи “Роҳи оҳан” ва ҳам огоҳсозии мақомотҳои Федератсияи Русия, баъзеҳо шаҳрвандони мо дидаву дониста даст ба қонуншиканӣ мезананд. Ин кори онҳо боис мешавад, ки аз ҳудуди кишваре, ки дар шароити муҳоҷират кор мекунанд, хориҷ шаванд”, - зикр намуд Шарифӣ.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки то баста шудани сарҳадҳо ҳудуди 30, 5 ҳазор сокини Суғд ба хориҷи кишвар сафар кардаанд ва аз ин шумор 29, 3 ҳазор нафар ҳамчун муҳоҷирони меҳнатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 6, 6 ҳазор нафари онҳо занон будаанд.

Даҳҳо тоҷики депортшуда аз Русия ба ватан баргаштанд: интиқоли шаҳрвандон идома дорад

Дар ин давра 22 ҳазору 885 нафар , (мардҳо 15 ҳазору 867, занҳо 7 ҳазору 18 нафар) муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвар баргаштаанд.

211
Вакцина от COVID-19

Тасими маркази Гамалея барои озмоиши воксинаи зидди COVID-19 дар кӯдакон

0
(Таҷдидшуда 15:09 04.08.2020)
Маркази миллии таҳқиқотии Гамалея нақша дорад, ки озмоишҳои ваксинаи зидди COVID-19 дар кӯдакон гузаронад

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik.  Маркази миллии таҳқиқотии Гамалея нақша дорад, ки дар моҳҳои январ-феврали соли оянда ба таҳқиқи ваксинаҳои COVID-19 дар кӯдакон шурӯъ кунад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба директори марказ Александр Гинсбург.

"Мо ҳоло ин бастаи ҳуҷҷатҳо кор кардаистодаем, зеро марказ то ҳол ҳеҷ гоҳ дар кӯдакон озмоишҳо анҷом надодааст. Педиатрҳо ин хусусиятҳоро медонанд ва дар якҷоягӣ бо онҳо мо ҳоло як қатор ҳуҷҷатҳоеро таҳия карда истодаем, ки онро ба Вазорати тандурустӣ пешниҳод мекунем, то ин ки он дар кӯдакон гузаронида шавад, аммо ин танҳо пас аз он ки мо тамоми тадқиқотро дар калонсолон анҷом медиҳем, суратхоҳад гирифт "гуфт Гинсбург.

Ба гуфтаи вай, санҷиш дар фасли зимистон оғоз хоҳад ёфт, зеро марҳилаи севуми озмоиши ваксинаи коронавирус дар калонсолон тақрибан панҷ моҳро дар бар мегирад. Дар он тақрибан ду ҳазор беморон иштирок хоҳанд кард.

Қаблан вазири тандурустӣ Михаил Мурашко анҷом ёфтани озмоишҳои ваксинаро, ки аз ҷониби Маркази миллии таҳқиқотии Гамалеа оид ба эпидемиология ва микробиология таҳия шудааст, эълон карда буд.

Вай таъкид кард, ки мақомот ният доранд, ки аз моҳи октябр эмкуниҳои оммавиро оғоз кунанд. Пеш аз ҳама, эмкунӣ дар намояндагони "гурӯҳҳои махсус", аз ҷумла, табибон ва муаллимон анҷом дода мешавад.

Нахустин дар ҷаҳон: Русия озмоиши ваксини коронавирусро ба анҷом расонид

Мутахассисон доруро дар якҷоягӣ бо Вазорати мудофиа таҳия кардаанд. Дар охири моҳи июл гурӯҳи дуввуми 20 ихтиёриён аз беморхонаи ҳарбӣ рухсат шушданд, ки дар ягон нафаре аз онҳо мушкилӣ рух надодааст.

Ваксинаи сохти Русия алайҳи COVID - 19 барои кӯдакон дастнорас аст: сабаб дар чист?

Инчунин, аз ҷониби маркази "Вектор" озмоишҳои клиникии ваксина оғоз ёфта, дар назара аст истеҳсоли он моҳи ноябр роҳандозӣ шавад.

0