ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Маскав шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон Суҳробҷон Яъқубовро барои куштори ду сокини маҳаллӣ ба муҳлати 17 сол равонаи зиндон кардааст, менависад, сомонаи Додситонии Маскав.
Тибқи иттилои мақомоти тафтишотии Русия, ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳ бо сокини 16-солаи шаҳри Маскав дар манзили зисти дуюмӣ иқомат карда, ҷойи кори доимӣ ҳам надоштааст.
"Якуми марти соли ҷорӣ дар заминаи муносибатҳои бад Суҳробҷон Яъқубов бо хушдоманаш ва ҳамзисти ӯ, ки якҷоя дар як хона зиндагӣ мекардаанд, муноқиша намуда, бо истифода аз корд онҳоро ба қатл расонидааст", — афзудааст манбаъ.
Шаҳрванди Тоҷикистон баъд аз муртакиб шудани ин ҷурм зуд аз сӯи кормандони пулиси шаҳри Маскав боздошт шудааст.
Додгоҳи шаҳри Маскав бо назардошти дархости айбдоркунандаи давлатӣ ва мавқеи додситонии пойтахти Русия Суҳробҷон Яъқубовро ба муҳлати 17 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дар куштори даҳшатбори 4 узви як хонавода дар деҳаи Кудмаи Нижни Новгород муҳоҷири 26 - сола аз Ӯзбекистон муттаҳам дониста мешавад.
Гуфта мешавад, муҳоҷири ӯзбек дар манзили ин хонавода чанд муддат боз кор мекард.
Боздоштшуда, чaҳор узви хонавода, аз ҷумла кӯдаки 5 - сола, модари 41 - солаи ӯ ва бобою бибии 64 ва 63 - соларо куштааст.
Тафтишот тахмин намудаааст, ки куштор ба мақсади ғоратгарӣ содир шудаааст. Зеро боздоштшуда пас аз қатл намудани ин чаҳор нафар ашёҳои гаронбаҳоро аз хона берун овардааст.
Дар ин ҳодиса танҳо 2 нафар: падари хонавода, ки дар сафари хидматӣ буд ва писарбачаи 13 - сола, ки дар толори варзишӣ буд, наҷот ёфтанд.
Ҳоло муҳоҷири ӯзбек дастгир гардидааст ва нисбати ӯ тибқи моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ширин Амонзода мавзӯъҳои музокирот миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди муҳоҷирони меҳнатиро баён дошт.
Амонзода дар суҳбат бо “Ҷумҳурият” изҳор доштааст, ки вазорат дар асоси дархости корфармоёни Русия, ки ба қувваи корӣ ниёз доранд, барои гирифтани иҷозаи вуруд ба ин кишвар тавассути хатсайрҳои чартерӣ гуфтушунид дорад.
Содагардонии ба қайд гузоштан ва гирифтани патент барои кор, баррасии авфи навбатии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон, барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам байни ду давлат, дар бораи бо нафақа таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо патент ва дигар санадҳои зарурӣ дар Федератсияи Русия кор мекунанд, аз мавзӯъҳои дигари музокирот бо мақомоти рус мебошанд, хабар додааст Амонзода.
Вазири меҳнат ва муҳоҷират илова намудааст, ки солҳои охир бо мақсади диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ бо як қатор давлатҳои хориҷӣ созишномаҳои байниҳукуматӣ ба имзо расиданд.
Ӯ зикр намуд, ки аз ҷумла, соли 2018 бо Амороти Муттаҳидаи Араб ва соли 2019 бо Давлати Қатар Ёддошти тафоҳум оид ба танзими қувваи корӣ ба имзо расид.
“Айни замон бо мақсади татбиқи Ёддошти тафоҳум бо Давлати Қатар гурӯҳи кории ҷонибҳо таъсис ёфта, 2 декабри соли 2020 ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ (тавассути муоширати визуалӣ) доир шуд, ки дар он масъалаи сафарбар намудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Давлати Қатар баррасӣ гардид. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои амалисозии муқаррароти созишномаи мазкур нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва тасдиқ намоянд”, - изҳор доштаст вазир.
Амонзода таъкид кардааст, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и назди вазорат бо ширкати “Роял фелком секюрити”-и Амороти Муттаҳидаи Араб созишномаи ҳамкорӣ омода гардида, дар мувофиқаи тарафҳо қарор дорад. Бо Ҷумҳурии Корея низ корҳо дар ин самт ҷараён доранд, изҳор доштаст вазир.
Ин талошҳо дар ҳолеянд, ки феълан масири асосии муҳоҷират Русия боқӣ монда, марзбандиҳо боис гардидааст, ки бисёре аз корҷӯён натавонистаанд ба ин кишвар сафар намоянд.
ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Маҳмадбоқиров, ки ҳафтаи дуюм дар шифохонаи Оқохон дар Хоруғ табобат мегирад, феълан мушкили ҷиддие бо саломатӣ надорад ва рӯзҳои наздик мураххас хоҳад шуд.
“Вазъаш хуб аст, ният буд, имрӯз аз беморхона ҷавоб дода шавад, аммо боз тасмим гирифтем, ки чанд муддати дигар зери назорат бимонад. Рӯзҳои наздик аз беморхона ҷавоб дода мешавад”, - изҳор дошт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.
Манбаъ афзуд, ки Маҳмадбоқиров бо таби баланд ба беморхона оварда шуд ва вазъаш баъди табобат беҳбуд ёфт. Коронавирус дар баданаш ошкор нашудааст ва айни ҳол мушкили ҷиддие бо саломатӣ надорад, таъкид кард мусоҳиб.
Дар мавриди сарусадо дар бораи эҳтимоли заҳролудшавии Маҳмадбоқиров, мусоҳиб таъкид намуд, ки ҳеч чунин нишонаеро дар баданаш ошкор накардаанд. Аммо наздиконаш мегӯянд, бархе осори заҳролудшавии Маҳмадбоқиров дар марҳилаи аввали бадшавии вазъияташ ба назар мерасиданд.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир ва 6 нафари дигар “саркардаҳои гуруҳи ҷиноӣ” дар ВМКБ ном бурда, иттилоъ доданд, ки дар алоҳидагӣ нисбати ҳар яки онҳо огоҳии расмӣ эълон карда шуд.