Паноҳандагон аз Сурия ва Ироқ. Акс аз бойгонӣ

ВАО: Аврупо 400 ҳазор муҳоҷирро бозпас мефиристад

8
(Таҷдидшуда 22:08 12.10.2015)
Тибқи иттилои дарёфтии нашрияи “Times” беш аз 400 ҳазор муҳоҷире, ки дар нимаи аввали соли равон ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо ворид шудаанд, ҳаққи паноҳандагӣ дарёфт нахоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Садҳо ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои Африқову Ховари Миёна, ки ҳаққи паноҳандагиро дарёфт накардаанд, рӯзҳои наздик ба Ватан бозпас фиристода мешаванд, навиштааст, РИА Новости бо истинод ба "Times".

"Интизор меравад, беш аз 400 ҳазор муҳоҷире, ки нимаи аввали соли равон ба Иттиҳоди Аврупо паноҳ бурдаанд, ҳаққи паноҳандагӣ дарёфт накунанд, ки барои раҳбарони мамолики ин  иттиҳод чолишҳои сиёсию башардустона хоҳад буд", навиштааст, ин нашрия.

Ин нашрия менависад, "Брюссел кишварҳои ба мисли Нигерия ва Эритреяро таҳдид хоҳад кард, ки дар сурати бозпас нагирифтани муҳоҷирони иқтисодии худ тавофуқномаҳои кумаку тиҷорӣ ва раводидашро бо онҳо бекор мекунад".

Тибқи иттилои дарёфтии оҷонси ЕС "Фронтекс" то охири моҳи сентябри соли равон наздик 630 ҳазор муҳоҷир ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо врид шудааст. Кумисиюни Иттиҳоди Аврупо ҳам гуфт, буҳрони кунунии муҳоҷират баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон бузургтарин мебошад.

8
Барчаспҳо:
Африқо, Ховари Миёна, паноҳанда, муҳоҷир, Иттиҳоди Аврупо, Брюссел