Муҳоҷир дар Маркази воҳиди муҳоҷират дар Сахаровои Маскав

Русия иҷозаи иқомаро барои бархе аз хориҷиён содда мегардонад

148
(Таҷдидшуда 11:26 24.02.2016)
Ҳукумати Русия тарҳи қонунеро, ки бар пояи он низоми гирифтани иҷозаи истиқомат аз рӯи низоми имтиёз ва доштани маълумоти зарурӣ барои хориҷиёнро фароҳам меорад, омода мекунад.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Хадамоти федеролии муҳоҷират корро аз болои лоиҳаи қонуне, ки барои бархе аз шаҳрвандони хориҷӣ гирифтани иҷозаи истиқомат дар Русияро соддатар мегардонад, идома медиҳад, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ХФМ ФР.

Ба қавли муовини аввали раиси хадамот, Екатерина Егорова барои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ҷиҳати истиқомати доимӣ дар Русия механизмҳои зерин фаъоланд: барномаи ҳукуматии кумак ҳангоми кӯчидани ихтиёрии ҳамватанон, бақайдгирии содда ҳангоми маскуншавӣ, иҷозаи истиқомат ва гирифтани шаҳрвандии ФР.

"Бо ҳамин мақсад феълан ба тарҳи қонуне, ки тарзи баллии иҷозаи истиқомат  бо доштани маълумоти олӣ ва муносибатҳои меҳнатии  мувофиқ дар Русияро, пешбинӣ мекунад, машғулем",-изҳор дошт Егорова.

Муовини раиси хадамот қайд намуд, ки ин иқдом як роҳи нав барои интихоби дурусти муҳоҷирон- шаҳрвандони оянда хоҳад буд.

Айни ҳол  барои гирифтани иҷозаи истиқомат, шаҳрванди хориҷӣ бояд на камтар аз як сол дар ҳудуди Русия дар асоси иҷоза ва будубоши  муваққатӣ зиндагӣ карда бошад.

Ҳаҷми боҷи давлатӣ барои гирифтани барои гирифтани иҷозаи иқомат дар Русия 3 ҳазору 500 рубли русиро ташкил медиҳад. Дар баробари ҳуҷҷатҳои стандартӣ, довталаб бояд  санадеро, ки донистани забони руси, таърих ва қонунҳои Русияро тасдиқ мекунад, пешниҳод намояд.

148
Барчаспҳо:
иқдоми ҷадид, иҷозаи истиқомат, муҳоҷирон, муҳоҷират, интихоб, низоми баллӣ, соддагардонӣ, Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, ХФМ, Екатерина Егорова, Маскав, Сахарово, Федератсияи Русия, Русия
Мавзуъ
ҶТ ва ФР чор санади ҳамкорӣ доир ба муҳоҷиратро ба имзо мерасонанд