Шаҳрванди ҶТ ним миллион рублро ба соҳибаш баргардонд

© Манижа Душанбеева, "Россия для всех"Шерзод Насруллоев
Шерзод Насруллоев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шерзод Насруллоев дар дохили аробаи озуқаворӣ беш аз 500 ҳазор рубли русӣ ёфт ва онро ба соҳибонаш баргардонд.

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Шаҳрванди  Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерзод Насруллоев, ки дар яке аз мағозаҳои калони вилояти назди Маскав кор мекунад, дар ароба ним миллион рубл ёфт, вале онро бо пуррагӣ ба соҳибаш баргардонд.

Шерзод ба хабарнигори "Русия барои ҳама" нақл кард, ки ҳангоми ҷамъ кардани аробаҳо дар дохили яе аз онҳо борхалтаи  рангаш сиёҳро дид.

Микроавтобусҳо дар Русия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷири тоҷик 850 ҳазор рубли ёфтаашро баргардонд

"Ин ҳодиса дар ҷои торик буд ва он ҷо дурбини наворбардорӣ низ вуҷуд надошт. Вақте ман халтаро кушодам, дар дохилаш бастаҳои сурхи пулро дидам. Ҳамон замон фикр кардам, ки маблағи калон аст, тақрибан миллион рубл, вале дигар ба халта даст нарасонидам ва ба кори худ давом додам. Медонистам, ки соҳибонаш ҳатман бармегарданд",- гуфт ӯ.

Шерзод борхалтаро гирифта, пинҳонкунон бо худ бурд, "зеро метарсид, ки ягон нохалаф кашида нагирад" (чунки аллакай дар бораи ин бозёфт бисёриҳо медонистанд).

Баъди ним соат як марду зан барои гирифтани маблағ омаданд, вале Шерзод бо мақсади боварӣ ҳосил кардан, ки худи ҳаминҳо соҳибони пуланд ё на, барои баргардониданаш саросема нашуд.

Баъди боварӣ ҳосил кардан, Шерзод халтаи пул (520 ҳазор рубл)-ро ба онҳо баргардонид. Соҳибони маблағ миннатдорӣ карда рафтанд.

Шерзод Насруллоев ду сол боз дар мағозаи (гипермаркети) "Real" кор мекунад. Ӯ мегӯяд, ин барои аввалин бор нест, ки маблағ меёбад, чанд дафъаи дигар низ пул ёфт ва онҳоро ба соҳибонашон баргардонд.  

Лентаи хабарҳо
0