Фиттаи сурудҳои мардумӣ- “раҳовард” аз муҳоҷирони Тоҷикистон

© Flickr \ Robert WilsonАсбобҳои миллии мусиқии Тоҷикистон дар осорхонаи Гурминҷи шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Асбобҳои миллии мусиқии Тоҷикистон дар осорхонаи Гурминҷи шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон нӯҳ суруди мардумиро бо забонҳои тоҷикӣ ва шуғнӣ омода ва пахш кардаанд. Албомро метавон дар чорабиниҳои фарҳангии диаспораи тоҷик бо нархи рамзӣ ба адаст овард.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Дар Маскав албоми нав бо сурудҳои халқии тоҷикӣ дар иҷрои  муҳоҷирони меҳнатӣ таҳия шуд, менависад торнамои "Русия барои ҳама".

Нобинои модарзод: орзу дорам, сурудҳои худро ба дигарон расонам

Фитта зери унвони Voices of Pamir. Two Sisters ("Садоҳои Помир." Ду хоҳар") аз нӯҳ суруд бо забонҳои тоҷикӣ ва шуғнонӣ иборат аст.

Ба иттилоъи манбаъ, кулли овозхонон аз ҷумлаи зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-Тоҷикистон мебошанд.

"Мо як рӯз истироҳатӣ гирифтем ва дар давоми 5-6 соат ин сурудҳоро тайёр кардем. Фирӯз Шабдолов (муаллифи лоиҳа) ба мо суруди "Ё Алӣ мадад"-ро пешниҳод кард ва Латофат онро сароид. Ба мо хеле писанд омад. Суруд ба дили одам медарояд. Мо аснои шунидани суруд ба зҳаяҷон афтодем, аммо мо боварӣ надоштем, ки фитта пурра, босифат ва зебо мебарояд",- нақл кард Покиза Қурбонасенова.

Бо шарофати фазои дӯстона, ки дар студия ҳукмфармо буд, сурудҳои нав ба нав тавлид мешуданд ва сарояндагон гоҳ гоҳ бадеҳа мехонданд, ки дар натиҷа сурудҳои қадима ранги нав мегирифтанд, вале аз асли худ дур намешуданд ва дурустии худро гум намекарданд.

Таронаи Ҷонибек Муродов дар бораи Олон – тифли ҳалокшудаи сурӣ

Инчунин, ба лоиҳа сарояндагони барҷастаи эстрадӣ ва овозхонони наонқадар машҳур, вале мутахассис ҷалб карда шуданд. Яке аз онҳо Меҳрубон Назаров, писари овозхони дӯстдоштаи тоҷикистониён Далер Назаров мебошад. Ӯ  савтшиноси сурудҳо ва навозандаи басс-гитор аст.

Навозандаи саксафон- Икром Сатторов, аз аккордион бошад., муҳоҷири дигари тоҷик- Азизбек Худоёров буданд.

Таҳияи ниҳоии албом, ба қавли муаллиф,  дар Тоҷикистон анҷом ёфт.

"Ман ин сурудҳоро таҳия карда, маводро ба Душанбе бурдам. Он ҷо Далер Назаров (муаллиф) иловаҳо дохил кард, вале бештарашро чӣ гуна, ки буд ҳамон тавр гузоштем, зеро ин тавр дигар ҳеҷ кас намесарояд",- илова кард Шабдолов.

Ҳамаи иштирокчиёни лоиҳа якдигарро хуб мешиносанд, онҳо то омадан ба Русия дар ватан бо ҳам дӯстӣ доштанд.

Се нафари онҳо- Аҷам Чакабоев, Абдумамад Бекмамадов ва Покиза Қурбонасенова бо шарофати иштирок ва ҳаммуаллифӣ дар намоишномаи  "Акин-опера" дар "Театр. DOC"(ё "Баллада дар бораи муҳоҷирон") шӯҳрат пайдо карданд.

Намоиш моҳи сентябри соли 2012 баргузор шуда буд. Намоишнома номзади яке аз ҷоизаҳои машҳури театрии Русия "Ниқоби тиллоӣ" гардида, ба гирифтани мукофоти вижаи доварон мушарраф шуд.

Албоми "Садоҳои Помир. "Ду хоҳар" то имрӯз дар мағозаҳо ба фурӯш бароварда нашудааст.

Ба гуфти Фирӯз Шабдолов, фиттаро метавон дар баъзе чорабиниҳои фарҳангии диаспораи тоҷикон бо нархи рамзӣ ба даст овард.

Лентаи хабарҳо
0