Гурезаҳо дар бандари Пиреяи Юнон

Гурезаҳо қасди ҷони ҳам мекунанд

21
(Таҷдидшуда 14:12 31.03.2016)
Тахмин меравад, сабаби бархӯрд ҳамлаи афғон ба зани сурӣ шудааст. Шаҳрвандони Сурия ва Афғонистон ҳамдигарро сангборон карда, шишаҳои терминали истгоҳро шикастаанд, иттилоъ медиҳад ВАО.

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ҳашт нафар бар асари муноқишаи оммавӣ байни гурезаҳои афғон ва сурӣ дар бандари калонтари Юнон- Пире, ки дар он ҳудуди шаш ҳазор паноҳҷӯ муваққатан ба сар мебаранд, ҷароҳат бардоштанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба оҷонсии хабарии Афғонистон.

Бегоҳи рӯз дар бандар наздики 30 нафар муноқишаро шурӯъ карда, баъди нимашаб он ба муноқишаи оммавӣ табдил шуд. Шаҳрвандони Сурия ва Афғонистон ҳамдигарро сангборон карда, шишаҳои терминали мусофирбарро шикастаанд, иттилоъ медиҳад очонсӣ. Муноқиша танҳо баъди ҳозир шудани кормандони пулис хотима ёфт.

Дар муноқиша садҳо гуреза ва муҳоҷирон ширкат карда, бандарро ба майдони мубориза табдил доданд, хабар медиҳад нашрияи  "Прото тема".

Тибқи маълумоти манбаъ ва ба нақл аз қавли шоҳидон, сабаби ҷанг ҳамлаи гурезаи афғон бо нияти номаълум ба зани сурӣ шудааст. Ҳамватанон ба ҳимояи зан бархостанд ва вазъият тезу тунд гардид.

"Дар давоми се соат садҳо нафар бо ҳам ҷангиданд ва бо сангу оҳанҳо ва ашёи дигар мусаллаҳ гардида, ба ҳамдигар ҳамла карданд. Аз қаҳру ғазаби ҷангиён ҳатто дарахтони хурди хурмо ҳам осеб диданд. Аз байни муноқиша волидон бо фарзандони худ кӯшиш мекарданд, бароянд ва ба ҷое паноҳ баранд",-менависад нашрия.

Вазиъят баъди соати яки шаб вақте мақомоти маҳаллӣ ва пулис муҳоҷиронро иҳота карданд, ором шуд.

"Ҳукумат мехоҳад бо мақсади такрор нашудани чунин муноқишаҳо дар бандари бузаргтарини кишвар намояндагони ин ду миллатро аз ҳам ҷудо кунад.

Кормандони пулис огоҳ мекунанд, ки агар ин бандар аз муҳоҷирон "тоза" карда нашавад,  "ба ҳалокат расидани гурезаҳо" аз эҳтимол дур нест",- омадааст дар мақола.

Пулис қайд мекунад, ки барои қабули беш аз панҷ ҳазор гуреза дар ин макон на  нақшаи муайян аст ва на инфрасохтор, менависад  "Прото тема".

21
Барчаспҳо:
муноқиша, паноҳҷӯён, гурезаҳо, муҳоҷирон, ҷанг дар Сурия, ҷанг, нашрияи "Прото тема", оҷонсии хабарии Афғонистон, Пире, Афғонистон, Юнон, Сурия
Мавзуъ
ВКХ: мавқеи Русия, ИМА ва Саудӣ дар бораи Сурия қисман мувофиқанд
Самолет, на фоне заката

Тавофуқи Тоҷикистону Русия ба интиқоли нахустин гурӯҳи муҳоҷирон - вақти сафар маълум шуд

1230
Вазорати меҳнати Тоҷикистон ба интиқоли 434 муҳоҷири меҳнатӣ ба кор ба соҳаи сохтмон дар шаҳри Иркутск бо Русия ба тавофуқ расид

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба вилояти Иркутск 434 муҳоҷири меҳнатиро дар мувофиқа бо ширкатҳои сохтмонии Русия ирсол мекунад. Дар ин бора вазорат гузориш додааст.

"Вазорати меҳнат тибқи дастури муовини сарвазири ҳукумати Русия Татяна Голикова дар доираи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ созишнома ба имзо расонид ", - омадааст дар иттилоия.

Инчунин қайд карда мешавад, ки қарор аз ҷониби ситод оид ба пешгирӣ аз воридот ва паҳншавии коронавирус дар Федератсияи Русия тасдиқ карда шудааст.

Тибқи созишнома, 434 муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон соҳиби ҷойҳои кории кафолатнок шуданд ва дар Иркутск дар ҶДММ "Промстроймаш", ҶДММ "Сибстальстрой" ва ҶДММ "СМПК-7" бо кор таъмин карда мешаванд.

Гурӯҳи якуми коргарон дар аввали ҳафтаи оянда ба Иркутск парвоз хоҳанд кард, ҳоло масъалаҳои ташкилӣ ҳамоҳанг карда мешаванд, илова ба Вазорати меҳнат.

Тибқи иттилои ин шӯъба, тамоми хароҷоти парвозҳо, карантини дуҳафтаина, ҳуҷҷатгузорӣ, хобгоҳ ва хӯрок аз ҳисоби ширкатҳои дар боло зикршуда пардохта мешавад.

1230
Получить патент в Многофункциональном Миграционном Центре Москвы в Сахарово

Русия аз патенти муҳоҷирони меҳнатӣ 577 миллион доллар фоида гирифт

201
(Таҷдидшуда 15:31 23.01.2021)
Вазорати умури дохилаи Русия маблағи умумиеро, ки аз муҳоҷирони меҳнатӣ дар манотиқи гуногуни ин кишвар барои арзиши патент пардохт шудааст, эълон кард

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Аахиран мақомоти Русия гуфт, ки аз патенти муҳоҷирони меҳнатӣ буҷаҳои вилоятҳои гуногуни ин кишвар чи қадар фоида мегиранд. Вазорати умури дохилаи Русия маблағи дақиқи фоида аз муҳоҷирони меҳнатиро эълон кард.

Тибқи иттилои ВУД-и Русия дар 11 моҳи соли 2020 муҳоҷирони меҳнатӣ ба буҷаҳои вилоятҳои ин кишвар 577,6 миллион доллар фоида овардаанд.

Ин нишондиҳанда албатта нисбат ба соли 2018 кам будааст. Он давра маблағи фоидае, ки минтақаҳо аз муҳоҷирон  мегирифтанд, тақрибан 757 миллион долларро ташкил дод.

Сабаби кам ворид шудани маблағ, ин пандемияи коронавирус ва баргашти муҳоҷирон ба ватанҳои худ будааст.

ВУД-и Русия таъкид доштааст, ки аз моҳи январ то ноябри соли 2020 беш аз як миллион муҳоҷири  меҳнатӣ патент гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки теъдоди муҳоҷирони патентгирифта дар соли 2019 ба 1,7 миллион нафар расид.

Дар ҳамин ҳол, шумори  шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар соли 2020 ба Русия  барои ҳар мақсад омаданд ва ба қайди муҳоҷиратӣ гирифта шуданд, ду баробар кам шудааст. Шумори онҳо аз 19,5 миллион то 9,8 миллион нафар коҳиш ёфтааст.

Ёдрас мешавем, ки тобистони соли 2020 ВУД-и Русия дар бораи мувақатан озод намудани муҳоҷиони меҳнатӣ аз пардохти пули патент ва иҷозати кор дар ин кишвар хабар дода буд.

Патенти меҳнатӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ имкон медиҳад бо шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ кору фаъолият намоянд. Ин санад барои як сол дода мешавад ва имкон дорад боз барои 12 моҳ тамдид ёбад.

Ҳар як минтақаи Русия нархи патентро худаш таъйин мекунад. Дар ҳоли ҳозир, нархи патент дар Маскав 5341 рубл барои ҳар моҳ ва дар шаҳри Санект-Петербург арзиши патент 3993 рубл барои ҳар моҳро ташкил медиҳад.

201
Барчаспҳо:
арзиш, муҳоҷирати меҳнатӣ, мақомот, фоида, патент, Русия, муҳоҷирон
День 24 января

Аз рӯзи байналмилалии эскимо то фавти 50 ҳазор нафар дар Чилӣ: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 19:43 23.01.2021)
Рӯзи бистучоруми январ ҳамчун Рӯзи байналмилалии эскимо мебошад. Зимнан дар ин рӯз дар Ҳиндустон аз Рӯзи миллии духтарон ва дар Британияи Кабир Рӯзи ёдбуди қурбониёни генотсид дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ таҷлил мегардад

Рӯзи 24 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1939 дар Чили заминҷунбии шадид ба амал омад, ки дар натича зиёда аз 50 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

 

Последствия землетрясения и цунами в Чили 16 сентября 2015 года
Pablo Ovalle Isasmendi/AGENCIA UNO via AP
Последствия землетрясения и цунами в Чили 16 сентября 2015 года

Соли 1946 Комиссияи СММ оид ба энергияи атомӣ таъсис дода шуд.

Рӯзи 24 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013 баргузор гардид.

День 3 января
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили вақт ва дурнамои ҳамкории мутақобиланд судманду гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия муҳокима карда шуданд.Соли 2014 пас аз анҷоми ҷаласаи 12-уми байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ шартномаи муштарак оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.

Соли 2008 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 қабул гардид.

Соли 2010 намояндагии дипломатии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд.

Соли 2014 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия бозии кушодашавии Ҷоми "Иттиҳод-2014" миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Эстония бо натиҷаи мусовӣ  2:2 ба анҷом расид.

Ҷашнҳои рӯзи 3 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2017 дар Сафорати Япония дар Душанбе маросими баимзорасии 10 лоиҳаи нави Барномаи Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашт ва бехатарии гуманитарӣ барои ҳамаи қишрҳои аҳолӣ ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 24 январ

  • Рӯзи байналмилалии эскимо.
  • Дар Британияи Кабир – Рӯзи ёдбуди қурбониёни генотсид  (қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ)  дар Ҷанги дуюми ҷаҳон.
  • Дар Ҳиндустон – Рӯзи миллии духтарон.
0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон