ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Кормандони Хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ (ХФМ) дар шоҳроҳҳои нақлиётӣ ва махсусан дар нуқтаҳои серодами истгоҳҳои метро ва минтақаҳои назди Маскав гурӯҳҳои назоратӣ ташкил медиҳанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба дафтари матбуотии ин ниҳод.
Дар баробари ин кормандони хадамот барои тафтиш ва назорат аз нақлиёти бо таҷҳизоти махсус ҷиҳозонидашуда ба гунаи дастгоҳҳои мобилӣ истифода хоҳанд кард.
Нақлиёти мазкур имкон медиҳад, то маълумоти пурра дар бораи шаҳрванди хориҷӣ ва махсусан ҳузури қонунии ӯ дар қаламрави Русия аз рӯи махзани ХФМ тафтиш карда шавад.
Ҳамчунин нақлиёт бо дастгоҳи дактилоскопӣ ҷиҳозонида мешавад.
"Масъалаи асосӣ, ки ХФМ дар назди гурӯҳи назоратӣ гузоштааст-ин фаҳмонидани меъёрҳои қонунгузории Русия ба муҳоҷирони меҳнатӣ бо мақсади ҷилавгирӣ аз қонунвайронкунӣ мебошад. Дар ҷараёни тафтиш ва чорабиниҳои назоратӣ муҳоҷирон имкон пайдо мекунанд ба саволҳои худ масалан, дар бораи гирифтани патент дар хадамотҳои муҳоҷиратии Маскав ва вилоятҳо, аз "дасти аввал" ҷавоб гиранд", —мегӯянд дар хадамот.
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Намояндаи Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Ҳукумати Қирғизистон дар Русия Майрамбек Бейшенов гуфт, дар кадом соҳаҳо дар Федератсияи Русия эҳтиёҷоти шадид ба коргарони хориҷӣ эҳсос мешавад.
Ба гуфти ӯ, корфармоён дар Маскав ва вилояти Маскав барои пайдо кардани муҳоҷирон барои сохтмон, хадамоти манзилию коммуналӣ, хадамоти хаткашон, таксиҳо ва хӯроки умум дархостҳо равон кардаанд.
Аз 26 ҳазор ҷойҳои холии корӣ танҳо барои нисфи онҳо коргарон пайдо шуданд ва шумораи ҷойҳои корӣ низ меафзояд, илова намуд Бейшенов.
"Корфармоён, ҳам аз муассисаҳои давлатӣ ва ҳам ширкатҳои бузурги хусусӣ бо мо тамос гирифтанд. Онҳо ба ҷалби муташаккилона манфиатдор буданд. Аммо масъала ҳалли худро намеёбад, зеро барои овардани шаҳрвандони мо парвозҳои мунтазамро зиёд кардан лозим аст", - гуфт ӯ.
Дар Маскав қувваи корӣ намерасад: ВУД муҳоҷирони тоҷику ӯзбекро ҷалб мекунад
Ёдовар мешавем, ки муовини якуми сардори Вазорати корҳои дохилии Русия Александр Горовой дар ҷаласа изҳор дошт, ки Маскав норасоии муҳоҷирони кориро баръало эҳсос мекунад.
Дастури Путин барои сода кардани ҷалби муҳоҷирон ба сохтмонҳо
Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир корҳои густардае барои ҷалби нерӯи корӣ аз хориҷ ба минтақа идома дорад.
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ба гуфтаи муовини аввали Вазорати корҳои дохилаи Русия Александр Горовой, ин кишвар ба норасоии ҷиддии муҳоҷирони меҳнатӣ рӯ ба рӯ шудааст.
Ҳамчунин намояндаи ВУД-и Русия таъкид доштааст, ки кормандони пулис ва мақомоти шаҳр барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои мушаххас анҷом медиҳанд.
Зарар аз муҳоҷират то туризм: Тоҷикистон соли 2021 - ро чӣ гуна пешвоз мегирад
“Мо дар якҷоягӣ бо департаменти ҳукумати пойтахт, маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ барои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкорӣ дорем, то онҳоро барои кор дар бахши сохтмон ҷалб намоем”, гуфт Горовой.
Муовини ВУД-и Русия илова кард, ки идора уҳдадор аст, раванди муҳоҷирати меҳнатиро зери назорат гирад.
“Вазъи муҳоҷират бояд таҳти контрол боқӣ бимонад. Мушкилот буд, аммо ҳоло онҳо муайян шуданд. Пас аз бекор шудани маҳдудиятҳои коронаӣ, кишвар ба норасоии қуваи кории хориҷиён рӯ ба рӯ шуд”, - гуфт Горовой.
Ёдрас мешавем, ки дар миёни моҳи январи соли равон раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба ҳукумати кишвараш дастур дод, ки то 1 март масъалаи ҷалби соддаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба бахши сохтмонро баррасӣ намоянд.
ДУШАНБЕ, 22 январ - Sputnik. Ҳайати доварон аз Тоҷикистон барои ҳакамии бозиҳои чемпионати Арабистони Саудӣ оид ба футбол даъват шуданд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар доираи ёддошти ҳусни тафоҳум байни федератсияҳои футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Арабистони Саудӣ ҳайати доварони Тоҷикистон бозиҳои чемпионати Арабистони Саудиро ҳакамӣ хоҳанд кард.
Доварони ФИФА Насрулло Кабиров (Норак) ва Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе), инчунин ёварони доварони ФИФА Акмал Буриев (Турсунзода) ва Хусрави Сиддиқзод (Душанбе), ки ба рӯйхати доварони баргузидаи Конфедератсияи футболи Осиё шомиланд, барои ҳакамии бозиҳои чемпионати Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.
Дастпарвари футболи тоҷик сармураббии дастаи футболи “Олой”-и Қирғизистон шуд
Ҳайати ҳакамони зикршуда бозиҳои дивизиони якуми ин кишварро ҳакамӣ мекунанд. Дар лигаи якуми Арабистони Саудӣ, ки 20 даста баромад мекунад, айни замон 16 давр баргузор шуда, ҷадвали мусобиқаро бо 43 имтиёз дастаи «Ал-Хазм» ишғол менамояд.