ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Дар Русия шумораи ками шаҳрвандони аз Осиёи Марказӣ воридшуда ба қайд гирифта шудааст, омадааст дар хабари сомонаи ХФМ-и Русия.
"Натиҷаи муқоисаи маълумотҳои омории аввали моҳи апрел ва моҳи март нишон медиҳад, ки теъдоди муҳоҷирин аз Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон на он қадар зиёд буда, шумораи шаҳрвандони Узбакистону Қазоқистон, ки тайи ин ду моҳ ба Русия ворид шудаанд, коҳиш ёфтааст",- гуфта мешавад дар иттилоъия.
Ҳамин тавр, ҳисоби оморӣ барои 5-уми апрел 878,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия ба қайд гирифтааст, ки ин нишондод нисбати моҳи март 5,9 ҳазор нафар зиёдтар аст.
Ғайр аз шаҳрвандони тоҷик, 1,7 миллион муҳоҷир аз Узбакистон, 588,8 ҳазор шаҳрвандони Қазоқистон, 574 ҳазор аз Қирғизистон ва 24 ҳазор нафар аз Туркманистон дар қаламрави Русия ба қайд гирифта шудаанд.
Дар умум, аввали моҳи апрел дар ҳудуди Русия 3,8 миллион шаҳрвандони Осиёи Марказӣ сабти ном шудаанд, омадааст дар иттилоъия.
Қаблан Хадамоти федералии муҳоҷират дар бораи ду баробар коҳиш ёфтани шумораи коргарони ғайриқонунӣ дар қиёс бо соли 2015 маълумот дода буд.
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Намояндаи Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Ҳукумати Қирғизистон дар Русия Майрамбек Бейшенов гуфт, дар кадом соҳаҳо дар Федератсияи Русия эҳтиёҷоти шадид ба коргарони хориҷӣ эҳсос мешавад.
Ба гуфти ӯ, корфармоён дар Маскав ва вилояти Маскав барои пайдо кардани муҳоҷирон барои сохтмон, хадамоти манзилию коммуналӣ, хадамоти хаткашон, таксиҳо ва хӯроки умум дархостҳо равон кардаанд.
Аз 26 ҳазор ҷойҳои холии корӣ танҳо барои нисфи онҳо коргарон пайдо шуданд ва шумораи ҷойҳои корӣ низ меафзояд, илова намуд Бейшенов.
"Корфармоён, ҳам аз муассисаҳои давлатӣ ва ҳам ширкатҳои бузурги хусусӣ бо мо тамос гирифтанд. Онҳо ба ҷалби муташаккилона манфиатдор буданд. Аммо масъала ҳалли худро намеёбад, зеро барои овардани шаҳрвандони мо парвозҳои мунтазамро зиёд кардан лозим аст", - гуфт ӯ.
Дар Маскав қувваи корӣ намерасад: ВУД муҳоҷирони тоҷику ӯзбекро ҷалб мекунад
Ёдовар мешавем, ки муовини якуми сардори Вазорати корҳои дохилии Русия Александр Горовой дар ҷаласа изҳор дошт, ки Маскав норасоии муҳоҷирони кориро баръало эҳсос мекунад.
Дастури Путин барои сода кардани ҷалби муҳоҷирон ба сохтмонҳо
Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир корҳои густардае барои ҷалби нерӯи корӣ аз хориҷ ба минтақа идома дорад.
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ба гуфтаи муовини аввали Вазорати корҳои дохилаи Русия Александр Горовой, ин кишвар ба норасоии ҷиддии муҳоҷирони меҳнатӣ рӯ ба рӯ шудааст.
Ҳамчунин намояндаи ВУД-и Русия таъкид доштааст, ки кормандони пулис ва мақомоти шаҳр барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои мушаххас анҷом медиҳанд.
Зарар аз муҳоҷират то туризм: Тоҷикистон соли 2021 - ро чӣ гуна пешвоз мегирад
“Мо дар якҷоягӣ бо департаменти ҳукумати пойтахт, маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ барои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкорӣ дорем, то онҳоро барои кор дар бахши сохтмон ҷалб намоем”, гуфт Горовой.
Муовини ВУД-и Русия илова кард, ки идора уҳдадор аст, раванди муҳоҷирати меҳнатиро зери назорат гирад.
“Вазъи муҳоҷират бояд таҳти контрол боқӣ бимонад. Мушкилот буд, аммо ҳоло онҳо муайян шуданд. Пас аз бекор шудани маҳдудиятҳои коронаӣ, кишвар ба норасоии қуваи кории хориҷиён рӯ ба рӯ шуд”, - гуфт Горовой.
Ёдрас мешавем, ки дар миёни моҳи январи соли равон раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба ҳукумати кишвараш дастур дод, ки то 1 март масъалаи ҷалби соддаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба бахши сохтмонро баррасӣ намоянд.
Боғи ҳайвоноти Маскав - яке аз қадимтарин боғи ҳайвонот (1864) дар Аврупо ва панҷумин боғи ҳайвонот дар Русия пас аз боғҳои ҳайвоноти Ярославл, Ростови лаби Дон, Новосибирск ва Красноярск аст. Яке аз даҳ боғи ҳайвоноти машҳури ҷаҳон, ки ҳамасола миллионҳо сайёҳ аз он дидан мекунанд (то 3,8 миллион нафар дар як сол).
Боғ дорои 1267 намуди ҳайвонот аст ва шумораи онҳо ба 10531 ҳайвон баробар аст.
Дар давраи аз соли 2017 то 2019, дар қаламрави Боғи ҳайвонот таҷдиди ҳамаҷониба гузаронида шуд, ки дар натиҷа кори муассиса ба стандартҳои байналмилалии ҳифзи ҳайвонот мутобиқ карда шуд.
Аз ҷумла, дар минтақаи тамос паноҳгоҳҳои махсус сохта шуданд, ки дар онҳо ҳайвонҳо метавонанд то вақте ки мехоҳанд бимонанд ва бар хилофи иродаи худ ба назди меҳмонон нараванд.
24 майи соли 2019, дар доираи барномаи аврупоии ҳифзи саршумори гургон як гурги нодир, ки ба Китоби Сурх шомил шудааст, аз Олмон ба Боғи ҳайвоноти Маскав оварда шуд.
Дар бораи дигар ҳайвонотҳои нодири ин боғ аз гузори аксии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.
Пандаи азим дар Боғи ҳайвоноти Маскав
Сиёҳгӯши авруосиёӣ дар қафас дар Боғи ваҳши Маскав
Макаки ҷопонӣ дар Боғи ваҳши Маскав
Гурбаи даштӣ дар қафар. Боғи ваҳши Маскав
Саги обии оддӣ дар қафар. Боғи ваҳши Маскав
Сиёҳгӯши авруосиёӣ дар қафас. Боғи ваҳши Маскав
Уштури бохтарӣ дар рӯзи сарди зимистон дар боғи ваҳши Маскав
Хуки обии шимолӣ дар боғи ваҳши Маскав
Горги ёлдор дар қафаси Боғи ваҳши Маскав
Қӯтоси хонагӣ бо гӯсолааш дар қафаси Боғи ваҳши Маскав
Шери мода дар Боғи ваҳши Маскав
Пандаи азим дар Боғи ваҳши Маскав
Гурги қутбӣ. Боғи ваҳши Маскав дар зимистон
Гурбаи анбӯӣ дар қафаси Боғи ваҳши Маскав