Мизи додгоҳ. Акс аз бойгонӣ

Шаҳрванди Қазоқистон дар додгоҳи Русия муҳокима мешавад

17
(Таҷдидшуда 14:12 20.04.2016)
Ба гуфти муфаттишон судшаванда борҳо кӯшиши ба Сурия рафтанро барои иштирок дар амалиётҳои ташкилоти террористӣ карда буд. Парванда бо шартҳои вижа баррасӣ мешавад, зеро гумонбар пурра ба гуноҳи худ иқрор гардид.

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Додгоҳи низомии Қафқози шимолӣ парвандаи ҷиноиро алайҳи сокини Қазоқистон, ки бо иттиҳоми узвият ба гурӯҳи ҷиноии "Давлати Исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар дониста мешавад боз намуд, иброз дошт намояндаи дафтари матбуотии додгоҳ Алёна Каткало дар суҳбат бо хабарнигори РИА Новости.  

"27-уми апрели соли 2016 дар додгоҳи низомии Қафқози шимолӣ парвандаи ҷиноӣ нисбати зодаи Қазоқистон Вазген Заргарян, ки муваққатан дар Ростови лаби Дон умр ба сар мебарад, кушода шуд", — гуфт Каткало.

Ба қавли муфаттишон, судшаванда борҳо кӯшиши ба Сурия барои иштирок дар амалиётҳои ташкилоти террористиро карда буд. Ба қавли Каткало шаҳрванди Қазоқистон бо иштирокчиёни гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ тамос барқарор намуда, хатсайрҳои Русия ва Сурияро омӯхтааст.

Бино ба маълумоти муфаттишон охири моҳи ноябри соли 2014 муттаҳам мустақилона чиптаи хатсайри Бишкек- Истамбулро харидорӣ намуда, ҳамгоми парвоз аз Истамбул аз Туркия ихроҷ гардида, ба Бишкек бозгардонида шуд. Номбурда соли 2015 бори дигар азми сафар карда, парвоз намуд, вале ин дафъа ӯро ба Маскав баргардониданд. Моҳи июн ӯ нақша дошт, тавассути Гурҷистон ба Туркия ва баъд ба Сурия сафар намояд. Ҳамин тавр, 22 июн ин сарусадо бо боздошти Заргарян дар Ростови лаби Дон ба анҷом расид.

Ба қавли Каткало, парвандаи Заргарян аз рӯи шартҳои махсус баррасӣ хоҳад шуд, чунки ҷинояткор ба гуноҳи худ бо пуррагӣ иқрор гардид.

 

17
Барчаспҳо:
парвандаи ҷиноӣ, гумонбар, ҷиноят, ҷинояткор, додгоҳи Қафқоз, Давлати Исломӣ, Вазген Заргарян, Алёна Каткало, Ростови лаби Дон, Қафқоз, Бишкек, Истамбул, Гурҷистон, Туркия, Сурия, Қазоқистон
Мавзуъ
ВКД як нафарро ба иттиҳоми ташкили “Давлати исломӣ” дастгир кард
Ифшои ному насаби ҳазорон ҷангии "Давлати исломӣ"

Муноқишаи муҳоҷирон бо мақомоти қудратӣ дар марзи Русия ва Қазоқистон: ҷузъиёт

213
(Таҷдидшуда 16:00 05.08.2020)
Интизорӣ барои бозгаштан ба Ватан, дар марзи Русия ва Қазоқистон бо муноқишаи миёни муҳоҷирон ва кормандони қудратӣ анҷомид

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар марзи Русия ва Қазоқистон миёни муҳоҷирон ва кормандони қудратӣ муноқиша сар зад. Нахустин шуда шабакаи Match аз ин ҳодиса хабар дод.

Дар ин шабака наворе нашр шуда буд, ки дар он муҳоҷирон ба сӯи марз ҳаракат мекунанд. Аз навор суханони қабеҳ шунида мешуд.

Пасон намояндаи расмии Гвардияи миллии Русия Валерий Грибакин дар суҳбат бо "Интерфакс" гуфт, ҷанҷол рӯзи 3 август рух дод.

Шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон дар марзи Қазоқистону Ӯзбекистон, ба Ватан расиданд

"Муноқишаи миёни муҳоҷирон ва мақомоти қудратӣ дар вилояти Самара ба зудӣ, бидуни дахолати намояндагони Гвардияи миллӣ пахш шуд", - қайд кард Грибакин.

Бино ба гузориши "Интерфакс" қазия субҳидам, соати 9 ба вуқӯъ пайваст. Мардум дар интизори сафар буданд, вале ягон хабар нашуду онҳо ба ғазаб омаданд.

Дар паи ин низоъ касе осеб надидааст. Феълан вазъият дар марзи Русия ва Қазоқистон ором аст.

Айни ҳол дар урдугоҳи муваққатӣ дар марзи Қазоқистону Русия 840 муҳоҷир дар интизори интиқоли онҳо ба ватан мебошанд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳастанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Самара то ҳол ин қазияро шарҳ надодааст.

213
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, муноқиша, Қазоқистон, Русия
Арест, архивное фото

Боздошти сокини Петербург барои қатли муҳоҷири тоҷик: ҷавони 22 - соларо буғӣ карда кушт

536
Дар Санкт - Петербурги Русия як марди 48 - сола ба гумони қатли муҳоҷири 22 - сола аз Тоҷикистон боздошт шуд

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Муҳоҷири 22 - сола аз Тоҷикистон дар шаҳри Санкт - Петербург кушта шуд, хабар медиҳад нашрияи Петербург. ру.

Ба иттилои манбаъ, хабари кушта шудани муҳоҷирро ба мақомоти пулис марди 45 - сола расонд. Гуфта мешавад муҳоҷири тоҷик дар хонаи ин мард ба ҳайси иҷоранишин зидагӣ мекард.

Вазорати меҳнат гуфт, дар шаш моҳ чӣ қадар муҳоҷир ба Русия рафт

Манбаъ меафзояд, ҷавони 22 - соларо нахуст кӯфтанд ва сипас аз роҳи буғӣ кардан ба қатл расонданд.

Зимнан, кормандони пулис ба гумони қатли муҳоҷири ҷавон, соҳибхона, марди 45 - сола, ки бекор аст, боздошт намуданд.

Феълан алайҳи боздоштшуда протокол тартиб дода шуда ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад. 

Зикр мегардад, ки тафтишот дар ин самт идома дорад.

536
Барчаспҳо:
қатл, тоҷик, муҳоҷир, Санкт-Петербург
Доллары США, архивное фото

Дар лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2021 пандемияи коронавирус ба назар гирифта мешавад

0
(Таҷдидшуда 14:31 06.08.2020)
Вазорати молияи Тоҷикистон намунаи ниҳоии лоиҳаи буҷети давлатиро барои соли 2021 аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи сеюми соли 2020 тасдиқ мекунад

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Лоиҳаи буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2021 бо назардошти нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар заминаи пандемияи коронавирус таҳия хоҳад шуд, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Вазорат қайд кард, ки намунаи ниҳоии лоиҳаи буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2021 дар асоси натиҷаҳои семоҳаи сеюми соли 2020 муайян карда мешавад.

Ғайр аз ин, соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои дурнамо барои солҳои 2022-2023 таҳия карда мешаванд.

Мутобиқи нишондиҳандаҳои пешгӯии Вазорати молия, моддаҳои хароҷоти буҷети давлатӣ барои солҳои 2021-2022 бояд 29,7% ва 29% ММД-ро ташкил диҳанд.

Бонкдори №1: аз ҷалби миллиардҳо доллар амонатҳои шабонарӯзӣ то афзоиши ММД ва таваррум

Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,6 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст

Ҳамзамон, дар робита ба пандемия аз коронавирус, буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2020 ихтисор карда шуд.

0