Бинои додгоҳи шаҳри Маскав. Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи Маскав парвандаи гунаҳкорони қазияи Хованскоеро месанҷад

23
Занозании оммавӣ дар гӯристони калонтарини Маскав рӯзи 14 май ба вуқӯъ пайваст. Дар он наздики 200 нафар иштирок карда, 112 нафарашон дастгир гардиданд.

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи сешанбе қонунӣ будани боздошти раиси гӯристони Хованское Юрий Чабуев ва ҳамчунин се дастгиршудаи дигарро санҷид, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии додгоҳ.

Ҳамчунин додгоҳ боздошти ҳуқуқшинос ҳаммуассиси ташкилоти "Здоровая нация" Александр Бачарников, корманди собиқи милитсияи Маскав дар ноҳияи Хамовники Никита Мошенко ва Сергей Козловро таҳқиқ мекунад.

Чабуев, ки роҳбарии гӯристони Хованскоеро бар дӯш дошт, дар куштори ду ва зиёда нафар аз ҷониби гурӯҳи одамон тариқи маслиҳали пешакӣ, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва авбошӣ мутаҳҳам карда мешавад.

Дар баробари ин Чабуев ба гуноҳи худ иқрор нашуд ва изҳор дошт, ки ӯ ӯҳдадориҳои худро иҷро кардааст. Чуноне, ҳимоятграи ӯ иброз дошт, Чабуев кӯшиш мекард чи тавре, ки набошад занозаниро хотима диҳад ҳатто ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардааст. Ҳимоятгар хоҳиш кард, ки нисбати зерҳимояи ӯ ҳама намуди чораҳои пешгирикунанда ғайри боздошт андешида шаванд.

Бино ба иттилоъи ВКД-и Русия муноқиша ва задухурди мусаллаҳонаи муҳоҷирон бо як гуруҳи ҷинояткорон дар гӯристони "Хованское" миёнаҳои моҳи май ба вуқӯъ пайваста, дар он зиёда аз 200 нафар иштирок намуданд. Аснои амалиёти пулис беш аз 90 нафар дар робита ба қазия дастгир гардиданд. Дар пайи ин ҳодиса, 3 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 23 нафар дар беморхона бистарӣ гардиданд. Вазъи саломатии 4 ҷабрдида вахим арзёбӣ мешавад.

23
Барчаспҳо:
санҷиши дастгиршудагон, қазияи Хованское, додгоҳи шаҳри Маскав, Юрий Чабуев, Маскав
Мавзуҳо:
Колоколтсев: гунаҳкорони қазияи "Хованское" ҷазои сазовор хоҳанд гирифт (17)
Мавзуъ
Қазияи Хованское: ҷустуҷӯи адвокатҳо, муҳоҷирони тоҷик ва мушкилот
Колоколтсев: гунаҳкорони қазияи Хованское ҷазои сазовор хоҳанд гирифт
Президенти Тоҷикистон аз ҳодисаи Хованское нигарон аст