Тафтишоти Хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ. Акс аз бойгонӣ

ВАО: боздошти оммавии муҳоҷирон дар метрои Санкт-Петербург

41
(Таҷдидшуда 11:53 17.06.2016)
Дар пайи тафтишоти муҳоҷирон 79 нафар ба воҳиди Хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ оварда шуд. Чуноне маълум гардид, сабаби боздошти онҳо надоштани бимаи тиббӣ мебошад. Барои қонунвайронкунӣ муҳоҷирон бояд 5000 рубли русӣ ҷарима супоранд.

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Дар истгоҳҳои метрои Санкт-Петербург амалиёти боздошти оммавии муҳоҷирон гузаронида шуд, иттилоъ медиҳад "Фонтанка" бо такя ба Хадамоти муҳоҷирати меҳнатии Санкт-Петербург.

Дар пайи амалиёти вижа 79 муҳоҷири меҳнатӣ дастгир градиданд.

"Сабаби қонуншиканӣ-надоштани бимаи тиббӣ,  (ҳангоми вуруд ба қаламрави Русия бояд ҳар як шаҳрванди хориҷӣ суғуртаи тиббӣ харидорӣ намояд) гуфта мешавад. Дар  "Парнас" 46 қонуншикан ва дар истгоҳи метрои "Девяткино"-33 нафар боздошт гардиданд",-иттилоъ доданд дар Хадамоти муҳоҷират.

Дастгиршудагон бояд  5000 рубли русӣ ҷарима супоранд.

Ин дар ҳолест, ки чанде қаблан Вазорати тандурустии Федератсияи Русия дар барои вуруди муҳоҷирон бидуни бимаи тиббӣ, ки ба гуфтаи бимакунандагон на кам аз 10 ҳазор рубли русӣ нарх дорад, пешниҳод кард. Тағйиру иловаҳоро ба қонун "Дар бораи тартиби баромадан аз ФР ва вуруд ба Русия" мақомот ба муҳокимаи умумӣ вогузошт. Дар сурати қабули қонун миллионҳо шаҳрвандони хориҷӣ зарар хоҳанд дид.

Ба гуфти роҳбари Бунёди рушди муносибатҳои байналмиллалии "Добрососедство" Юрий Московский, бо сабаби манъи вуруди шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба Русия бидуни бимаи тиббӣ, муҳоҷирон аз сафар худдорӣ мекунанд, ё ба "соя" мераванд.

41
Барчаспҳо:
5000рубли русӣ ҷарима, боздошти 79 нафар, Хадамоти муҳоҷират, Санкт-Петербург
Мавзуъ
Коршинос: бимаи тиббӣ бо нархи 10 ҳазор рубл барои муҳоҷир ҷабр аст

Муҳоҷиронро дар Санкт-Петербург дар киштиҳои сайёҳӣ ҷой медиҳанд

261
(Таҷдидшуда 14:48 20.11.2020)
Муҳоҷиронеро, ки дар шаҳри Санкт-Петербург дар ҳолати вазнин қарор гирифтаанд, дар бошишгоҳҳои ғайриодие ҷой медиҳанд, ки дар замони пандемия истифода намешаванд

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар бораи вазъи муҳоҷирон дар шаҳри Санкт-Петербург, губернатор Александр Белов нақл кард, навиштааст  "Невские новости".

Ба гуфтаи губернатор вазъи муҳоҷирон дар Санкт-Петербург дар маҷмӯъ назоратшаванда мебошад.

“Таҷаммӯи оммавии шаҳрвандони хориҷӣ, ки имкони бозгашт ба Ватанашонро надоранд, то ҳол ба қайд гирифта нашудааст”, - изҳор дошт губернатор.

Белов афзуд, муҳоҷирони дармондаро мақомот дар  киштиҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳои обӣ ва инчунин шаҳракҳои хаймавии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ҷой медиҳанд.

Инчунин губернатори Санкт-Петербург иттилоъ дод, ки барои кумак ба муҳоҷирон  шабакаи махсуси телефонӣ фаъол шудааст, ки ба корафтодагон дар масоили гуногун, аз ҷумла тиббию иҷтимоӣ машварат медиҳад.

Дар баробари ин хориҷиён метавонанд, бо суолҳояшон ба гуруҳи махсус, ки дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" ташкил шудааст, муроҷиат намоянд.

261
Барчаспҳо:
Санкт-Петербург, муҳоҷирон, Русия
Покупатель в аптеке

Кор дар дорухонаҳову марказҳои тиҷории бузурги Русия барои хориҷиҳо мамнӯъ шуд

339
(Таҷдидшуда 18:43 19.11.2020)
Ҳукумати Русия саҳмияи ҷазби коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар ин кишварро дар соли 2021 эълом кард, ки бинобар он муҳоҷирон дар дорухонаҳову марказҳои тиҷории бузург ба кор гирифта нахоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik.  Ба гузориши сомонаи итилоърасонии ҳукумати Русия, коргарони муҳоҷир метавонанд бештар дар бахшҳои хадамоти шаҳрӣ, ҷангал, сохтмонсозӣ, кишоварзӣ ва ҳамлунақл фаъолият кунанд.

Саҳми ин афрод дар бахши сохтмонсозӣ дар соли 2021 наздик ба 80 дарсад хоҳад буд.

Дар кишоварзӣ, буридани ҷангал ва саноати мебелсозӣ саҳми коргарони муҳоҷири хориҷӣ 50 дарсадро ташкил хоҳад кард. Ин афрод дар бахши ҳамлунақли умумӣ дорои 25 дарсад саҳмияи истихдомӣ шудаанд.

Аммо дар бахши варзиш ба онон 25 дарсад саҳмия ихтисос ёфтааст. Дар фурӯшгоҳҳои хурд ба коргарони муҳоҷири хориҷӣ 15 дарсад иштиғол муҷоз дониста мешавад.

Бар асоси гузориши расмӣ, беш аз як миллион нафар коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ду сеюми онон дар бахши сохтмонсозӣ фаъолият мекунанд, ки ба далели густариши Ковид -19 аксари онон ба кишвари хеш бозгашт кардаву бо баста шудани марзҳо наметавонанд дубора вориди Русия шаванд.

Ҳукумати Русия эълом кардааст, ки ба далели густариши вируси корона ва хуруҷи коргарони муҳоҷир бахши сохтусоз дар ин кишвар бо мушкили ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуда ва акнун барномаи боз кардани марзҳо барои вуруди дубораи ин афрод дар дасти баррасӣ мебошад.

339
Барчаспҳо:
хориҷӣ, кор, беҳтарин дорухона, муҳоҷират, Русия
Выборы в Таджикистане

Вазорат: дар 24 соати гузашта марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

0
(Таҷдидшуда 20:02 23.11.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзуд,  дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 23 ноябр 11 ҳазору 932 ҳолатро ташкил медиҳад.

“Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 312 нафар баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати тандурустӣ илова намудааст, ки то имрӯз 94,8%-и гирифторон аз коронавирус шифо ёфтаанд.

Таъкид шудааст, ки  Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

0
Барчаспҳо:
вазоратхона, марг, ҷумҳурӣ, фавт, вируси корона, Тоҷикистон