Маркази бисёрфунксионалӣ дар Сахарова. Акс ах бойгонӣ

Ба тоҷикистониён қоидаҳои кор дар ФР-ро бо забони модариашон мефаҳмонанд

30
(Таҷдидшуда 12:10 31.07.2016)
Маълумоти иловагӣ бояд миқдори вайронкунии қонуни муҳоҷиратро, кам карда, аз ҷумла масъалаҳое, ки бо иҷозатномаи кории мӯҳлаташ гузашта алоқаманд аст, ҳаллу фасл намояд.

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон дар Маскав оиди  қоидаҳои кортаъминкунии  расмӣ бо забони модариашон иттилоъ дода мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии мақомоти сиёсати иқтисод ва рушди  Маскав.

"Бо мақсади пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳои эҳтимолӣ, аз ҷумла вобаста бо пардохти маблағи ичозатномаи корӣ (патент) ҳукумати Маскав шаҳрвандони хориҷаро қабл аз ба Маскав омаданашон бо ин қоидаҳо шинос мекунад. Аз ҷумла, бо намояндагиҳои Тоҷикистону Узбакистон дар бораи паҳн намудани маводҳои иттилоотӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ дар бораи қоидаҳои ба кортаъминшавии расмӣ дар Маскав  мувофиқа карда шудааст», — омадааст дар иттилоия.

Чуноне дар хадамоти матбуотӣ хабар доданд, вазири ҳукумати Маскав, роҳбари мақомоти сиёстати иқтисодӣ ва рушди шаҳр Максим Решетников бо коршиносони муҳоҷирати меҳнатӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони Сарраёсати ВКД-и Русия дар Маскав машварати корӣ доир намуд.

Дар баробари ин ба масъалаи ҷалби кордиҳандагон барои ба таври расмӣ ба кор қабул кардани муҳоҷирон диққати махсус зоҳир гардид.

30
Барчаспҳо:
қоидаҳои муҳоҷират, патент, Тоҷикистон, Русия
Мавзуъ
Ба муҳоҷирони тоҷик дар бораи ширкатҳои шубҳанок маълумот медиҳанд
Шаҳрвандони Афғонистон ҳангоми тарки Тоҷикистон

“Корона” ё Канада, ё ҳарду? Шаҳрвандони Афғонистон Тоҷикистонро тарк карданд

1375
(Таҷдидшуда 17:05 01.07.2020)
Тоҷикистон бори дигар иҷоза дод, ки як гуруҳи бузурги шаҳрвандони Афғонистон марзҳои ин кишварро тарк кунанд

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Як манбаъ дар сафорати Афғонистон дар Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рӯзҳои душанбе ва сешанбе ба теъдоди 94 тан аз афғонҳое, ки ба далели густариши “вируси корона” ва масдуд шудани марзҳои заминиву ҳавоии миёни ду кишвар гир монда буданд, дар ҳузурдошти ҳайати муваззафи сафорат ва мақомоти зидахли Тоҷикистон аз гузаргоҳи марзии Панҷи Поён ба Шерхон Бандар гузаштанд.

“Ҳамчунон сафорати куброи Ҷумҳурии исломии Афғонистон аз афғонҳои муқими Тоҷикистон, ки визаҳояшон қаблан такмил шуда ва хоҳони баргашт ба ватан мебошанд, то рӯзи чаҳоршанбе фурсат доранд, ки бидуни тамдиди виза аз марзи Шерхон Бандар убур ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намоянд. Баъд аз ин таърих бидуни ахзи виза наметавонанд аз хоки Тоҷикистон хориҷ гарданд”, - гуфт ин манбаъ.

Абдумусаввир Баҳодурӣ, роҳбари ҷамъияти "Ориёно", созмони муҳоҷирини Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯяд, дар миёни афроде, ки ба ватан баргаштанд, панҷ хонаводаи муҳоҷирин аз ноҳияи Рӯдакиву Ваҳдат ва бақия донишҷӯву онҳое ҳастанд, ки барои тамошову табобат ба Тоҷикистон омада буданд. “Хонаводаҳо ва афроди муҷарраде ҳам буданд, ки мехостанд тариқи созмонҳои байнулмилалӣ ба Канада ҳиҷрат кунанд, аммо аснодашон такмил нашуд ва як идда ҳам ба далели хатми муҳлати виза дигар наметавонистанд дар Тоҷикистон бимонанд”, - гуфт Абдумусаввир

Баҳодурӣ ба Sputnik Тоҷикистон. Тибқи иттилои ҷамъияти "Ориёно", дар Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазор муҳоҷирини афғонистонӣ асосан дар шаҳри Ваҳдат, бақия дар вилоятҳои Хатлону Суғд, навоҳии Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Душанбе сукунат ихтиёр кардаанд ва умдатан бо дӯкондорӣ, мардикорӣ, сохтмон, таъмири мошин, таксиронӣ ва дигар касбу кор машғуланд. Бино ба ин манбаъ, дар замони гирудорҳо бо “вируси корона” ҳудуди 20 муҳоҷири афғон дар Тоҷикистон, ки аз 55 то 80 сол син доштанд, аз маризиҳои мухталиф ҷон ба ҷонофарин таслим кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, ин гуруҳи дуввуми шаҳрвандони Афғонистон аст, ки бидуни визаи хуруҷӣ ва иҷозаи ҳукумати Тоҷикистон ба ватани худ бармегарданд. Рӯзҳои 20 – 21 май 250 шаҳрвандони Афғонистон қаламрави Тоҷикистонро тарк карда буданд. Тоҷикистон сар аз 16 марти соли равон охирин гузаргоҳҳои марзиаш бо Афғонистон – "Панҷи поён" – ро баст. Марзҳои ду кишвар то замони номаълум дигарбора баста хоҳанд монд.

1375

Муҳоҷири 59-солаи тоҷик аз ошёнаи нуҳум сарозер шуда, ҳалок гардид

212
Дар вилояти Калугаи Русия устои хишкоре аз Тоҷикистон ҳангоми фаровардани масолеҳи сохтмонӣ аз ошёнаи нуҳум сарозер шуда, дар ҷои ҳодиса ҳалок шудааст

 ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар шаҳри Обнински вилояти Калугаи Русия ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ як муҳоҷири тоҷик аз баландӣ афтода ҳалок шуд, хабар медиҳад Кумитаи тафтишотии Русия.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 29 июн дар майдони сохтмоние дар шаҳри мазкур рух додааст.

Тавре Кумитаи тафтишотӣ менависад, устои хишткори тоҷик 59 сол дошт. Ӯ дар ошёнаи 9 қарор дошт ва масолеҳи сохтмониро мефаровард.

"Ҳамин вақт масолеҳи сохтмонӣ мерезад ва мард аз баландӣ ба ҳудуди берун аз майдони корӣ меафтад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Дар натиҷа, муҳоҷири 59-солаи тоҷик дар ҷои ҳодиса ва то расидани ёрии таъҷилӣ ҳалок шудааст.

Тафтишоти қазия идома дорад.

600 муҳоҷири тоҷики дар марзи Қазоқистон дармонда ба Ватан расиданд

 

212

Омори сирояту шифоёбӣ аз COVID - 19 дар моҳи июн

0
(Таҷдидшуда 21:01 02.07.2020)
Омори гирифторон, шифоёфтагон ва фавтидагон аз коронавируси навъи COVID - 19 дар моҳи июнро аз тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бубинед
Коронавирус дар Тоҷикистон: омори моҳи июн
© Sputnik /

Тибқи додаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми моҳи июн дар Тоҷикистон 2024 нафар ба коронавирус сироя 2564 нафар аз ин беморӣ шифо ёфт ва 5 кас ҷони худро аз даст дод.

Дар умум бино бар омори Вазорати беҳдошти кишвар аз 30 апрели соли равон то 30 июн дар Тоҷикистон 5954 кас гирифтори коронавирус шуда, 4568 нафар шифо ёфтанд ва 52 кас қурбони ин вабои аср гардиданд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ чораҳоеро дар моҳи май роҳандозӣ карда буд, ки бархе аз онҳо бардошта шуданд ва баъзеи дигар ҳамоно фаъол боқӣ мемонанд.

Ҳамин тавр, боғчаҳо ва мактабҳо то 18 август баста буда, донишҷӯён пеш аз муҳлат ба таътил фиристода шуданд. Дар кишвар пӯшидани ниқоб ҳатмӣ буда, масҷидҳо баста шуда, намози дастаҷамъома манъ шуд.

Кадом маҳдудиятҳо дар Тоҷикистон бардошта шуданд

Равуо миёни вилоятҳо ва навоҳии кишвар озод шуд. Баргузории маросими дафн иҷоза дода шуд.

Аз 15 июн дар шаҳри Душанбе фаъолияти бозорҳои либоса, марказҳои савдо, кинотеатрҳо, театрҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн оғоз шуд.

Баргузории маросими арӯсӣ иҷоза дода шуд: бо ширкати на бештар аз 100 меҳмон, пӯшидани ҳатмии ниқоб, дастпӯш ва санҷиши ҳарорати бадан.

Бозии футбол бидуни тамошобин иҷоза дода шуд.

Аз 25 июн барои бозгардонии шаҳрвандони Тоҷикистон, аз Русия ба Тоҷикистон парвозҳои махсус роҳандозӣ шуд. То имрӯз беш аз 600 шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан бозгардонида шуданд.

0
Барчаспҳо:
омор, вируси нав, Тоҷикистон