Санҷиши ҳуҷҷатҳо. Акс аз бойгонӣ

Намояндагони ИДМ муҳоҷирати ғайриқонуниро муҳокима мекунанд

14
Иштирокчиёни ҷаласа мавзӯъи шиносномаҳои хориҷӣ ва ташкили маркази умумии нигоҳдории ҳуҷҷатҳои қалбакии шаҳрвандони ҷумҳуриҳои ИМД-ро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Боку мизбони ҷаласаи 12-уми роҳбарони хадамотҳои муҳоҷирати кишварҳои аъзои ИДМ мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи  ИДМ.

Чорабинӣ санаи 12-октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад. Дар кори ҷаласа иштироки раиси Кумитаи иҷроия Сергей Лебедев дар назар аст.

Иштирокчиёни ҷаласа вазъи муҳоҷирати меҳнатиро дар кишварҳои Иттиҳод баррасӣ карда, рафти иҷрои барномаи мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои солҳои 2015-2019-ро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.

"Ҳамчунин дар рафти ҷаласа баррасии масъалаи ташкили бонки умумии ҳуҷҷатҳои бэътибори шаҳрвнадони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар назар аст",-омадааст дар хабарнома.

Ҷонибҳо масъалаи рушди ҳамкорӣ бо дигар ташкилотҳои байналмиллалии муҳоҷиратро низ баррасӣ мекунанд.

Ба масъалаҳои  муайян намудани роҳҳои  муҳоҷирати ғайриқонунӣ пардохт ва баланд бардоштани сатҳи техникӣ,  ҳифзи шиносномаҳо, раводид ва дигар ҳуҷҷатҳои зимни вуруд лозима, иқомат ва баромадан аз қаламрави кишварҳои ИДМ диққати махсус дода мешавад.

14
Барчаспҳо:
баррасии масоили муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҷаласа, ИДМ, Боку
Мавзуъ
Коршиносон: муҳоҷират ба Русия низ таҳдид мекунад
Имомуддин Сатторов: муҳоҷират тамоюли ҷаҳонист
Мигранты у здания Управления Федеральной миграционной службы России

Дар Русия 40% муҳоҷирон бо сабаби коронавирус бекор мондаанд

177
(Таҷдидшуда 15:12 09.07.2020)
Як таҳқиқот муаян кардааст, ки бештар аз 50% муҳоҷирон дар Русия тамоми манбаҳои даромади худро аз даст додаанд

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар Русия, бар асари пандемияи коронавирус бештар аз ҳама муҳоҷирони меҳнатӣ азият кашиданд, хабар медиҳад рӯзномаи тиҷоратии "Ведомости" бо истинод ба як пурсиши РАНХиГС.

Аз рӯйи натиҷаҳои ба даст омада, 40%-и муҳоҷирон ҳангоми пандемия бекор шуданд.

Илова бар ин, 35%-и муҳоҷирон маҷбур буданд ба рухсатии бемузд раванд.

Бештари тағирот ба муҳоҷироне, ки дар Маскав зиндагӣ мекарданд, таъсир расонд. Ҳамин тавр, 76% хориҷиён ҷои кори худро аз даст доданд ё ба рухсатии маҷбурӣ рафтанд.

Дар уммум 51% муҳоҷирон дар Русия ва 54% шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав гуфтаанд "ҳамаи манбаҳои даромад"-ро аз даст додаанд. Ҳамзамон, болоравии даромадҳо ва ё дар як сатҳ боқӣ мондани он танҳо 19% боқӣ мондааст.

Ёдовар мешавем, ки аз аввали сол ҷараёни муҳоҷират ба Русия нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 беш аз 2 маротиба кам шудааст.

177

Коженов тағйиротҳо ҳангоми гирифтани патентро тавзеҳ дод

417
Раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов тавзеҳ дод, ки аз 1 июл тартиботи гирифтани иҷозатномаи кор барои муҳоҷирон чигуна мешавад

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов дар мусоҳиба бо телевизиони "Мир-24" гуфт, ки аз 1 июл муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми дархости патент бояд кадом тағйиротҳоро дар назар бигиранд.

Ӯ ёдрас шуд, ки 18 апрел раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонид, ки мувофиқи он муҳоҷирони меҳнатӣ аз 15 март то 15 июн имтиёзҳои калон ба даст оварданд. Яъне, муҳоҷирон аз супурдани андози патент ва худро ба қайд гузоштан озод шуданд.

"Мақомоти Русия тамоми чораҷӯиҳоро андешиданд, то дар давраи мушкили карантин ба муҳоҷирон кӯмак расонанд", - таъкид кард Коженов.

Ёдрас мешавем, Русия аз 27 март, чун даҳҳо кишвари дигар, марзҳояшро баст ва парвозҳои байналмилалӣ лағв шуданд.

15 июн мӯҳлати амали фармони мазкур то 15 сентябр тамдид гардид.

"Ягона маҳдудият дар он аст, ки касе ки кор мекунад ва даромад дорад, бояд андози патентро супорад. Нафароне ки аз кор маҳрум шуданд, метавонанд, бидуни нигаронӣ аз ҷарима ва депорт дар ҳудуди Русия монанд", - гуфт президенти федератсия.

 

Ҳамчунин ӯ афзуд, ки ба муҳоҷирон иҷозат дода мешавад, ки бидуни убури сарҳад патент ба даст оранд. Зеро марзҳо бастаанд. 

Кӯмак: Коженов байни муҳоҷирон хӯрока тақсим кард - Навор

"Агар дар ин муддати зикргардида мӯҳлати патенти муҳоҷир ба анҷом расад, ӯ бидуни убури сарҳад метавонад навашро ба даст орад", - таъкид кард вай.

Раиси муҳоҷирон афзуд, ки Русия ба ворид шудани муҳоҷирон ба кишвар маҳдудияте ҷорӣ накардааст ва замоне ки карантин ба анҷом мерасад, хоҳишмандон метавонанд ба Русия сафар кунанд.

417
День 14 июля

Ҷашнҳои рӯзи 14 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 23:55 13.07.2020)
Рӯзи чордаҳуми июл дар Осетияи Ҷанубӣ аз Рӯзи сулҳофарон ҷашн мегиранд. Ҳамчунин дар Фаронса Рӯзи ба даст овардани Бастилия қайд мешавад

Рӯзи 14 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 2017 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нахустин Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва  Иёлоти Муттаҳидаи  Амрико баргузор гардид.

День 13 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1976 дар Канада ҳукми қатл бекор карда шуд.

Соли 1976 дар Англия барои аз ҳад зиёд истифода кардани об ҷарима муайян карда шуд.

Соли 1952 ширкати америкоии "Ҷенерал моторз" эълон намуд, ки аввалин маротиба дар ҷаҳон дар мошинҳо ҳавополо (кондиционер) насб кард.

Рӯзи 14 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2000 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор  гардид.

Соли 2009 дар варзишгоҳи "Металлург" чемпионати  дуюми назоратӣ-нақшавии Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олии "Регар-ТадАЗ" бо клуби "Энергетик"- и Душанбе баргузор гардид.

День 12 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2014 китоби нави рўзноманигор ва сиёсатшинос, номзади илми фалсафа, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон Зафар Сайидзода бо номи "Густариши ахлоқи миллӣ — посух ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ" аз чоп баромад.

Соли 2008 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Пйер Морел масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва мушовири калони ширкати "Ҷунтай-Шоҳроҳи нави абрешим"-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Ян Ҷе ҳамкории дуҷонибаи минбаъдаро муҳокима намуданд.

Соли 2016 дар Қасри миллат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрокунандаи вазифаи Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Мариам Шерман вазъи вақт ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳониро мавриди муҳокима қарор дода, масъалаҳои тадқиқоти асосноккунии иқтисодию техникии барқарорсозии НБО-и "Норак", дарёфт намудани маблағҳои иловагӣ барои Лоиҳаи таҷдиду барқаросозии неругоҳи "Норак", лоиҳаҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии дарёҳоро баррасӣ карданд

Ҷашнҳои рӯзи 14 июл

  • Дар Осетияи Ҷанубӣ – Рӯзи сулҳофарон.
  • Дар Франсия иди асосии миллӣ– Рӯзи ба даст овардани Бастилия.
0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон