Фармони Путин ба Медведев оид ба муҳоҷирон

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкДмитрий Медведев, акс аз бойгонӣ
Дмитрий Медведев, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Русия Вламир Путин ба Дмитрий Медводов фармон додааст, ки барои мутобиқшавии иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҳамгироии муҳоҷирон мақомоти ҳукуматиеро тариб диҳад

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ба ҳукумат супориш додаст, ки лоиҳаи қонун дар бораи ҳамгироии шаҳрвандони хориҷи Русияро тартиб диҳад.

Лоиҳаи қонун бояд то санаи 1-уми сентябри соли 2017 пешниҳод карда шавад, хабар медиҳад РИА Новости.

"Лоиҳаи қонуни федералӣ таҳия карда шавад, ки асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва  иқтисодии мутобиқшавии  иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандони хориҷии Русия ва ҳамгироии онҳоро дар ҷамъити Русия муқаррар мекунад. Лоиҳа бояд то 1-уми сентябри соли 2017 пешниҳод карда шавад",- омадааст дар хабари сомонаи Кремл дар рӯйхати дастурҳои ҷаласаи Шӯрои оид ба муносибатҳои байналмиллалӣ, ки санаи 31-уми октябр баргузор гардидааст.

Владимир Путин-президенти Федератсияи Русия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Путин: барои мутобиқгардонии муҳоҷирон хадамоти махсус лозим аст

Пештар хабар дода шуда буд, ки оҷонсии федералии миллии Русия лоиҳаи қонун дар бораи мутобиқшавии фарҳангию иҷтимоӣ ва ҳамгироии муҳоҷиронро тартиб медиҳад.

Дар марказҳои махсус ба муҳоҷирон барои омӯхтани таърих ва қовонини Русия кӯмак мерасонанд. Баъд аз омӯзиш метавон  барои бо ҷойи кор таъмин гаштан, имтиёз ба даст овард. Барои ба ин гуна марказҳо дохил шудан, бояд бо мақомоти маҳҳаллии мунисипалӣ шартнома баст.  Ғайр аз ин пас аз супоридани маблағи ночиз муҳоҷирон  метавонанд дар марказ, то ба итмом расидани таҳсил зиндагӣ кунанд.

 

Лентаи хабарҳо
0