Ваколатдори назди президенти РФ оид ба ҳуқуқи кӯдакон Анна Кузнетсова

“Кӯдаки аз ҷониби полис гирифташуда, бояд ба модараш бар гардонида шавад”

40
(Таҷдидшуда 17:15 07.01.2017)
Анна Кузнетсова, ваколатдори назди президенти ФР оид ба ҳуқуқи кӯдакон мегӯяд, ки бояд ба зани ӯзбек тифли яксолааш, ки мувофиқи ахбори ВАО аз ҷониби кормандони полиси Маскав гирифта шудаст, бар гардонида шавад

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik.Анна  ёдовар шуд, ки ҳоло кӯдак дар беморхонаи сироятӣ қарор дорад. Модари духтарча пас аз ба тариб даровардани ҳуҷҷатҳояш метавонад ба назти тифлаш ояд.

Пештар Sputnik Ӯзбекистон хабар дода буд, ки кормандони пулиси Маскав аз шаҳрванди Ӯзбакистон Нилуфар Мамадсаидова духтарчаи яксолаашро охирҳои декабр кашида гирифтанд.

"Гирифтани кӯдак аз модар охирон чораест, ки ҳангоми пайдо шудан хатар ба саломатии кӯдак анҷом дода мешавад. Ҳоло бояд ба модар ёрӣ дод, то ӯ ба дидори тифлаш расад ва баргашта кӯдакашро гирад",- гуфтааст Кузнетсова ба РИА Новости.

Чуноне ки манбаъ дар такя ба ахбори ҳимоятгари ҳуқуқи инсон Баҳром Исмоилов хабар медиҳад, Нулуфар аз вилояти Андиҷони Ӯзбакистон буда, аллакай ду сол мешавад, ки дар Маскав зиндагӣ мекунад ва духтарчааш ҳам дар Русия таваллуд шудааст.

Пас аз тавлиди тифл шавҳари Нулуфар ба Ӯзбакистон депортатсия мешавад, зан бошад бо кӯдакаш дар ҳудуди Русия мемонад.

Охирҳои моҳи декабр Нулуфар ҳуҷҷатҳояшро гум мекунад, аммо ба зуддӣ ба мақомоти дахлдори ноҳияи Кунтсевои шаҳри Маскав бо ариза муроҷиат мекунад.

Ба гуфтаи адвокат кормандони полис ба хонаи зан меоянд ва дар асоси надоштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти Мамадсаидова Нулуфар кӯдакашро мегиранд ва худи занро ба мӯҳлати 3 рӯз ба СИЗО мефиристанд.

40
Барчаспҳо:
полис, ҳуҷҷат, модар, тифл, Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак, Анна Кузнетсова, Русия

Вакил гуфт, бекор кардани патент барои муҳоҷирон чӣ пайомад дорад

172
(Таҷдидшуда 20:06 28.10.2020)
Ба гуфти вакил сабукӣ барои муҳоҷирони метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русияро ба бор орад ва ба амният хатар дошта бошад

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. ВУД Русия пешниҳод карда, ки қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР" ислоҳ карда шавад ва барои бархе аз гурӯҳи муҳоҷирон патент бекор гардад.

Светлана Бессараб, узви Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва собиқадорон, дар суҳбат бо Парламентская газета аз чунин навоварӣ интиқод кард.

Дар Русия барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ низ Маркази имдод ифтитоҳ мешавад

"Ман ба чунин ташаббус эҳтиёткорона муносибат мекунам. Тавре таҷриба нишон медиҳад, аз ҷумла дар кишварҳои Урупо, на ҳамеша пур кардани ҷойҳои корие, ки мардуми бумӣ намехоҳад аз ҳисоби муҳоҷирон, хуб аст. Аксар вақт ин амалкард бо амнияти давлатӣ алоқаманд аст". қайд кард Бессараб.

Вакил афзуд, ки чунин навгониҳо барои муҳоҷирони сохтмончӣ метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русия ва иттифоқҳои касабаро ба бор орад.

Чунин вокуниш махсусан имрӯзҳо, ки сатҳи бекорӣ дар Русия дар ҳоли афзоиш аст, интизоршаванда мебошад.

Ба ширкатҳои бузурги сохтмонӣ иҷозат дода мешавад, муҳоҷиронро аз Тоҷикистон даъват кунанд

Рӯзи 26 октябр Вазорати корҳои дохилии Русия тарҳи ислоҳи қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия" -ро барои муҳокимаи умум нашр кард.

Тибқи ҳуҷҷат, хориҷиён метавонанд бидуни патент ва иҷозатномаи кор дар ширкатҳои байналмилалии Русия кор кунанд: дар сохтани иншооти барои чорабиниҳо зарурӣ пешбинишуда ва ҳангоми омодагӣ ва иштирок дар чунин чорабиниҳо.

Рӯйхати чорабиниҳо, ташкилкунандагон ва лоиҳаҳои сохтмонро ҳукумат муайян мекунад.

172
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, хатар, патент, Русия
Мигранты на строительном объекте. Архивное фото

Ба ширкатҳои бузурги сохтмонӣ иҷозат дода мешавад, муҳоҷиронро аз Тоҷикистон даъват кунанд

1300
(Таҷдидшуда 15:37 27.10.2020)
Русия имкониятҳои дақиқи иҷозати ширкатҳои бузурги сохтмониро барои овардани муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ фаъолона таҳия мекунад

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Дар Русия масъалаи имтиёзҳои иловагӣ барои корфармоён, ки муҳоҷиронро киро мекунанд, ҳалли худро меёбад, гуфт муовини вазири сохтмон ва манзилию коммуналӣ Никита Стасишин дар форуми таҳиягарон ва меъморон Forbes.

Ширкатҳои бузурги сохтмонӣ мумкин аст барои овардани муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ тибқи рӯйхатҳо иҷозат гиранд.

Стасишин қайд кард, ки пеш аз ҳама, ин тағиротҳо ба имкони таъмини вуруди муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба Русия дахл хоҳад дошт.

Ин ҳатто дар вазъияти душвори эпидемиологӣ вуруди мӯътадили муҳоҷирони меҳнатиро ба вуҷуд меорад.

Собянин аз норасоии муҳоҷирон дар Маскав гуфт: на ҳама маскавиҳо барои кор омодаанд

Дар баробари имкониятҳои иловагӣ, корфармоён барои тамоми занҷири амнияти саломатии муҳоҷирон масъуланд: "аз лаҳзаи қабули қарори вуруд - то лаҳзаи бозгашти онҳо ба хона".

Собянин гуфт, Маскав бе муҳоҷирон ба чӣ мушкил мувоҷеҳ шудааст

Аз ҷумла корфармоён оид ба санҷиши муҳоҷирон барои коронавирус масъуланд.

1300
Барчаспҳо:
корҳои сохтмонӣ, муҳоҷирин, Русия, Тоҷикистон