Ронандаи автобус. Акс аз бойгонӣ

Навбати Челябинск: фаъолияти ронандагии муҳоҷирон манъ шуд

118
(Таҷдидшуда 13:27 17.01.2017)
Қонун оиди манъи фаъолияти муҳоҷирон ба ҳайси ронандаи мусофирбар ва таксӣ аз 1-уми январи соли равон рӯи кор омад

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар вилояти Челянбинск қонун дар бораи манъи фаъолияти ронандагии муҳоҷирон рӯи кор омад, хабар медиҳад портали маҳаллӣ "Новости России".

Қайд мегардад, ки қонун аз 1-уми январи соли 2017 фаъол шуд. Мувофиқи қонуни баимзорасида, аз ин ва баъд муҳоҷирон ҳуқуқи ҳайси ронандаи мусофирбар  ва таксӣ кор карданро надоранд.

Ҳамин тавр муҳоҷирон дигар наметавонанд дар вилояти Челябинск ба сифати ронанда фаъолият кунанд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл қарори монанд дар шаҳри Санкт-Петербург пешниҳод шуда буд. Намояндаи парлумони минтақа Андрей Анохин пешниҳод кард, ки муҳоҷирон дар бархе аз соҳаҳо ба кор қабул нашаванд.

"Бовар кунед, ҳоло муҳоҷирон дар ҳама ҷо ҳастанд, ба кор қабул кардани онҳо барои кордиҳанда манфиатовар аст, яъне андоз намесупоранд. Дар ҳамин ҳол, шаҳрвандони мо ҷои кор пайдо карда наметавонанд, ин вазъро дигар бояд кард",- иброз дошт муаллифи қонун Андрей Анохин дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Дар Новосибирск бошад, соли 2016 қонун дар бораи манъи ҷалб намудани муҳоҷирон ба кор дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи кӯдакон, боғча, мактабҳо, соҳаи хӯроки кӯдакон, ронандагӣ дар мусофирбар ва дигар намуди нақлиёт ба имзо расид.

118
Барчаспҳо:
манъи фаъолияти ронандагон, автобус, таксӣ, муҳоҷират, ҳукумати вилоят, Челябинск
Мавзуъ
Губенатори Новосибирск ба муҳоҷирон дар мактаб кор карданро манъ кард

Вакил гуфт, бекор кардани патент барои муҳоҷирон чӣ пайомад дорад

383
(Таҷдидшуда 20:06 28.10.2020)
Ба гуфти вакил сабукӣ барои муҳоҷирони метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русияро ба бор орад ва ба амният хатар дошта бошад

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. ВУД Русия пешниҳод карда, ки қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР" ислоҳ карда шавад ва барои бархе аз гурӯҳи муҳоҷирон патент бекор гардад.

Светлана Бессараб, узви Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва собиқадорон, дар суҳбат бо Парламентская газета аз чунин навоварӣ интиқод кард.

Дар Русия барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ низ Маркази имдод ифтитоҳ мешавад

"Ман ба чунин ташаббус эҳтиёткорона муносибат мекунам. Тавре таҷриба нишон медиҳад, аз ҷумла дар кишварҳои Урупо, на ҳамеша пур кардани ҷойҳои корие, ки мардуми бумӣ намехоҳад аз ҳисоби муҳоҷирон, хуб аст. Аксар вақт ин амалкард бо амнияти давлатӣ алоқаманд аст". қайд кард Бессараб.

Вакил афзуд, ки чунин навгониҳо барои муҳоҷирони сохтмончӣ метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русия ва иттифоқҳои касабаро ба бор орад.

Чунин вокуниш махсусан имрӯзҳо, ки сатҳи бекорӣ дар Русия дар ҳоли афзоиш аст, интизоршаванда мебошад.

Ба ширкатҳои бузурги сохтмонӣ иҷозат дода мешавад, муҳоҷиронро аз Тоҷикистон даъват кунанд

Рӯзи 26 октябр Вазорати корҳои дохилии Русия тарҳи ислоҳи қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия" -ро барои муҳокимаи умум нашр кард.

Тибқи ҳуҷҷат, хориҷиён метавонанд бидуни патент ва иҷозатномаи кор дар ширкатҳои байналмилалии Русия кор кунанд: дар сохтани иншооти барои чорабиниҳо зарурӣ пешбинишуда ва ҳангоми омодагӣ ва иштирок дар чунин чорабиниҳо.

Рӯйхати чорабиниҳо, ташкилкунандагон ва лоиҳаҳои сохтмонро ҳукумат муайян мекунад.

383
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, хатар, патент, Русия
Мигранты на строительном объекте. Архивное фото

Ба ширкатҳои бузурги сохтмонӣ иҷозат дода мешавад, муҳоҷиронро аз Тоҷикистон даъват кунанд

1368
(Таҷдидшуда 15:37 27.10.2020)
Русия имкониятҳои дақиқи иҷозати ширкатҳои бузурги сохтмониро барои овардани муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ фаъолона таҳия мекунад

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Дар Русия масъалаи имтиёзҳои иловагӣ барои корфармоён, ки муҳоҷиронро киро мекунанд, ҳалли худро меёбад, гуфт муовини вазири сохтмон ва манзилию коммуналӣ Никита Стасишин дар форуми таҳиягарон ва меъморон Forbes.

Ширкатҳои бузурги сохтмонӣ мумкин аст барои овардани муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ тибқи рӯйхатҳо иҷозат гиранд.

Стасишин қайд кард, ки пеш аз ҳама, ин тағиротҳо ба имкони таъмини вуруди муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба Русия дахл хоҳад дошт.

Ин ҳатто дар вазъияти душвори эпидемиологӣ вуруди мӯътадили муҳоҷирони меҳнатиро ба вуҷуд меорад.

Собянин аз норасоии муҳоҷирон дар Маскав гуфт: на ҳама маскавиҳо барои кор омодаанд

Дар баробари имкониятҳои иловагӣ, корфармоён барои тамоми занҷири амнияти саломатии муҳоҷирон масъуланд: "аз лаҳзаи қабули қарори вуруд - то лаҳзаи бозгашти онҳо ба хона".

Собянин гуфт, Маскав бе муҳоҷирон ба чӣ мушкил мувоҷеҳ шудааст

Аз ҷумла корфармоён оид ба санҷиши муҳоҷирон барои коронавирус масъуланд.

1368
Барчаспҳо:
корҳои сохтмонӣ, муҳоҷирин, Русия, Тоҷикистон
(0:00 / .00Mb / просмотров видео: 16)

Маросими савгандёдкунии президенти Тоҷикистон - пахши мустақим

21
(Таҷдидшуда 09:04 30.10.2020)
Имрӯз дар Тоҷикистон маросими ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намудани Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад

Маросими савгандёдкунии президент - расман ба иҷрои вазифаи президенти Тоҷикистон шурӯъ намудани Эмомалӣ Раҳмон аст.

Инаугурация Эмомали Рахмона в 2013 году
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Он чун анъана дар Қасри миллат ва мисли савгандёдкуниҳои пештар пуршукӯҳ баргузор мешавад.

Ин маросим одатан бо супурдани шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Суди Конститутсионии кишвар ба Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад.

Раисҷумҳур дасти рост ба болои Сарқануни Тоҷикистон гузошта, савганд ёд мекунад.

Ёдрас мешавем, интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр тариқи раъйдиҳии пинҳонӣ сурат гирифт. Дар интихоботи президентӣ 5 номзад аз аҳзоби мухталифи кишвар вориди рақобат шуда буданд.

Роҳбандиҳо ҳангоми савганди Раҳмон дар Душанбе: эълони ВКД

Дар интихоботи президентӣ аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд ва боз барои 7 соли дигар президент интихоб гардид.

21