Александр Брод, акс аз бойгонӣ

Брод: шаҳрвандони Русия аз муҳоҷирон “ҳазар” намекунанд

112
Мувофиқи маълумоти мониторинги ҷамъиятӣ, шаҳрвандони Русияро та рафт масъалаҳои марбут ба муҳоҷират камтар нигарон мекунад

Ҳомиёни ҳуқуқ ва мансабдорон қайд мекунанд, ки ҳисси миллатпаратии шаҳрвандони Русия то рафт паст мешавад.

Яке аз сабабҳои асосии он — ҳамкории фаъоли аъзоёни ҷомеа ва иттиҳодияҳои миллӣ ва муҳоҷиратӣ мебошад, мегӯяд аъзои Шӯро оид ба ҳуқуқи инсон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандии назди президенти РФ Александр Брод.

"Мо зуд зуд ба автономияҳои милливу фарҳангӣ, иттиҳодияҳои миллӣ ва иттифоқҳои муҳоҷирон муошират мекунем. Онҳоро дар бораи зоҳир шудани ксенофобия ва ҳуқуқпоймолкунӣ аз ҷониби шаҳрвандони  Русия пурсон мешавем. Барои ҳалли ин масъала гуфтушуниди дуҷониба лозим аст ",- изҳор дошт Брод ба Sputnik Тоҷикистон.

Аммо ба гуфтаи коршинос ин амал бидуни амалӣ гаштани лоиҳаи сиёсати миллӣ аз ҷониби ҳукумат  ғайриимкон аст.

"Гап дар бораи сиёсати миллӣ, қабул намудани ҳуҷҷатҳои асосӣ, ташкил намудани оҷонсии федералӣ оид ба масъалаи миллӣ меравад, ки ба наздикӣ барномаи ҳукуматӣ ба имзо расид.  Баъд аз он фаъолияти пуртазоди мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ки қариб фаъолияти ҳамаи гурӯҳҳои радикалиро безарар гардонанд, муҳим аст",- илова намуд ӯ.

Мувофиқи маърӯзаи Бюрои Маскав оид ба ҳуқуқи инсон дар давоми соли 2016 30 ҳодисаи  зӯроварӣ дар асоси бадбинии қавмӣ ва динӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 11 нафар кушта шуданд.

112
Барчаспҳо:
сиёсати миллӣ, ҳамкорӣ, ксенофобия, муҳоҷират, Александр Брод, Русия
Выдача патентов в миграционном центре Московской области. Архивное фото

Дар вилояти Томски Русия қимати патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ гарон мешавад

209
(Таҷдидшуда 14:49 24.11.2020)
Дар соли оянда қимати патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар вилояти Томски Русия афзоиш хоҳад ёфт

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар соли 2021 қимати патент барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави вилояти Томски Русия кору фаъолият мекунанд, имкон дорад тағйир ёбад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти думаи қонунгузори вилояти Томск.

Қимати патент дар қаламрави ин минтақа тақрибан 4317 рубл дар як моҳро ташкил хоҳад дод. Бояд гуфт, ки то имрӯз қимати патент дар ин минтақа 4193 рублро ташкил медод.

Ҳамин тавр, арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ тақрибан ба 120 рубл афзоиш хоҳад ёфт.

Тибқи омор дар вилоят дар соли равон бино бар паҳншавии вируси корона теъдоди муҳоҷирон ба маротиб коҳиш ёфтааст. Гуфта шудааст, ки аз 13,7 ҳазор муҳоҷири меҳнатие, ки қаблан ба вилояти Томск ворид мешуд, имсол бино бар пандемия ҳамагӣ 4,3 ҳазор муҳоҷир ба ин минтақа ворид шудааст.

Инчунин тақрибан ду баробар гирифтани патент кам шудааст. Шумори муҳоҷироне, ки патент мегирифтанд аз 6,2 ҳазор то 3,2 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст. Ҷамъоварии андоз низ 22 дарсад коҳиш ёфтааст ва имсол ҳамагӣ 96 миллион рублро ташкил додааст.

"Барои муқоиса дар ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби пардохти андози муҳоҷирони меҳнатӣ ба буҷаи ин минтақа 157,4 миллион рубл ворид шуда буд", - гуфта шудааст дар иттилоияи думаи минтақаи Томск.

209
Барчаспҳо:
Томск, гарон, арзиш, патент, Русия, муҳоҷир

Муҳоҷиронро дар Санкт-Петербург дар киштиҳои сайёҳӣ ҷой медиҳанд

274
(Таҷдидшуда 14:48 20.11.2020)
Муҳоҷиронеро, ки дар шаҳри Санкт-Петербург дар ҳолати вазнин қарор гирифтаанд, дар бошишгоҳҳои ғайриодие ҷой медиҳанд, ки дар замони пандемия истифода намешаванд

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар бораи вазъи муҳоҷирон дар шаҳри Санкт-Петербург, губернатор Александр Белов нақл кард, навиштааст  "Невские новости".

Ба гуфтаи губернатор вазъи муҳоҷирон дар Санкт-Петербург дар маҷмӯъ назоратшаванда мебошад.

“Таҷаммӯи оммавии шаҳрвандони хориҷӣ, ки имкони бозгашт ба Ватанашонро надоранд, то ҳол ба қайд гирифта нашудааст”, - изҳор дошт губернатор.

Белов афзуд, муҳоҷирони дармондаро мақомот дар  киштиҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳои обӣ ва инчунин шаҳракҳои хаймавии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ҷой медиҳанд.

Инчунин губернатори Санкт-Петербург иттилоъ дод, ки барои кумак ба муҳоҷирон  шабакаи махсуси телефонӣ фаъол шудааст, ки ба корафтодагон дар масоили гуногун, аз ҷумла тиббию иҷтимоӣ машварат медиҳад.

Дар баробари ин хориҷиён метавонанд, бо суолҳояшон ба гуруҳи махсус, ки дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" ташкил шудааст, муроҷиат намоянд.

274
Барчаспҳо:
Санкт-Петербург, муҳоҷирон, Русия
Асозода Дилшод Алимурод глава города Нурек  посетил ветерана ВОВ  Гулов Малах

Мақомоти шаҳри Норак ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ хона сохт

0
(Таҷдидшуда 19:28 24.11.2020)
Мақомоти шаҳри Норак эълон кардааст, ки ахиран ба Гулов Малах, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад манзили нави зист иборат аз 3 ҳуҷра сохта тақдим карда шуд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари маӣбуоти раиси шаҳри Норак ахиран раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Гулов Малах рафт.

Раиси шаҳри Норак бо вазъи зисту зиндагонии пири хирад Гулов Малах ошно гардидааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки бо ташаббуси мақомоти шаҳр манзили нави зист иборат аз 3 ҳуҷра, ошхона барои аҳли оилаи Гулов Малах сохта, ба истифодаи онҳо супорида шуд.

Ҳамзамон раиси шаҳри Норак барои мавсими зимистонгузаронӣ ба иштирокчии ҶБВ маблағи пулӣ тақдим кардааст.

Бояд гуфт, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар - Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.

0
Барчаспҳо:
ҶБВ, куҳансарбоз, собиқадорон, Норак, Тоҷикистон