Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов

Пешниҳоди сафири Тоҷикистон: ҳуқуқи муҳоҷирон мустаҳкам карда шавад

138
(Таҷдидшуда 11:09 09.02.2017)
Дар рафти вохӯрӣ бо муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой Сатторов ёдовар шуд, ки бояд ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мустаҳкам карда шавад

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik.Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов хоҳиш намуд, муҳоҷироне, ки натавонистанд дар Русия мақоми худро расман тасдиқ гардонанд, қонунӣ гардонида шаванд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сафорати ҶТ.

Дар рафти вохӯрӣ бо муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой Сатторов ёдовар шуд, ки бояд ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мустаҳкам карда шавад.

Встреча Чрезвычайного и Полномочного Посла РТ в РФ Имомуддина Сатторова с первым замминистра внутренних дел РФ Александром Горовым
Вохӯрии сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсяи Русия Имомуддин Саттров ба муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой

Тарафҳо аҳамияти коркарди механизмҳои танзими равандҳои муҳоҷиратиро қайд карданд.

Ғайр аз ин Сатторов диққати ҳамагонро ба мушкилиҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба монанди хориҷкунӣ аз кишвар, манъ кардани воридшавӣ ба Русия, ҳамчунин надодани маоши муҳоҷирои тоҷик аз ҷониби кордиҳандагони рус ҷалб кард.

"Сафири Тоҷикистон ҳамчуни масъалаи қонунӣ гардонидани муҳоҷиронеро, ки бо сабабҳои мухталиф натавонистанд мақоми худро дар Русия тасдиқ кунанд, пешниҳод кард",- омадааст дар хабари матбуот.

Горовой,  дар навбати худ қайд намуд, ки дар соли 2016 ба қонунгузории Русия тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он ҷазо барои қонунвайронкунии маъмурӣ сабук карда шудааст.

Ҳоло барои пурра намудани қонунгузории муҳоҷират чораҳо андешида мешаванд.

Тарафҳо ҳамчунин масъалаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи амният, мубориза бо терроризм ва ҷинояткориро баррасӣ намуданд.

Сатторов  қайд намуд, ки мақомотҳои ҳуқуқии Тоҷикистону Русия робитаи зич доранд, ки он барои ҳамкории тарафайн аҳамияти муҳим дорад.

138
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, сафорати ҶТ дар Русия, Александр Горовой, Имомуддин Сатторов, Москва, Тоҷикистон-Русия

Муҳоҷиронро дигар ба марзи Қазоқистон намемонанд: полиси Самара роҳро назорат мекунад

155
(Таҷдидшуда 17:39 12.08.2020)
Муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар сарҳади Русия ҷамъ омада буданд, берун карда шуданд, аммо мақомоти минтақа барои пешгирии такрори ин ҳолат чораҳо меандешанд

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik.  Дар маҷмӯъ, то 7 август беш аз ду ҳазор шаҳрванди Узбакистон ва инчунин тақрибан сад шаҳрванди Тоҷикистон аз марзи Русия ва аз вилояти Самара хориҷ карда шуданд.

Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Самара Олга Галтсова хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, бурдани шаҳрвандони хориҷӣ бар асоси марҳилаҳо сурат гирифта, мувофиқи омадани онҳо ба сарҳади Русия амалӣ карда шуд.

Номбурда гуфт, барои онҳое, ки меомаданд, лагери хаймаҳо бо тамоми шароити зарурӣ ташкил карда шуда буд.

Ба гуфти ӯ, шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ҳавопаймо рӯзи 28 июл аз Қазон интиқол доданд ва охирин гурӯҳи муҳоҷирони ӯзбекро 7 август ба кишварашон сафарбар кардаанд.

Аммо эҳтимолияти он, ки муҳоҷирон ба доми қаллобон афтода, дубора ба сарҳади Русия биёянд, боқӣ мемонад, афзудааст Олга Галтсова.

Қиссаи бедаракшавии муҳоҷири тоҷик: аз латукӯб то гум шудани хотира-видео

"Бо мақсади пешгирии ҷамъшавии минбаъдаи шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ноҳияи Болшечерниговски вилояти Самара ва инчунин ҷилавгирӣ аз кӯшиши воридшавии онҳо ба қаламрави вилояти Оренбург, постгоҳи назоратӣ таъсис дода шуд", гуфтааст манбаъ.

155
Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, муҳоҷирон, марз, Самара, Русия
Мард, акс аз бойгонӣ

Қиссаи бедаракшавии муҳоҷири тоҷик: аз латукӯб то гум шудани хотира-видео

422
(Таҷдидшуда 15:25 12.08.2020)
Бобораҷаб Ҷавлиев, ки қариб 20 соли пеш аз Тоҷикистон ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст, феълан хотираашро аз даст дода, дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар Қазоқистон мебошад

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Ҷавлиев бори охир соли 2012 ба хонааш занг зада, хабар додааст, ки дар шаҳри Тула мебошад ва баъд аз он дигар бедарак шудааст.

Ҷавлиев дар Тоҷикистон волидон, зану ду фарзанд дорад, ки тайи 8 соли охир аз ӯ паёме нагирифтанд, гузориш дод шабакаи телевизионии Мир.

Маълум шудааст, ки Ҷавлиев ҳадафи латукӯб қарор гирифтааст, ки дар натиҷа хотираашро аз даст додаст. Ӯ мегӯяд, чӣ гуна дар Қазоқистон қарор гирифтанашро дар хотир надорад. Дар ин кишвар ба ӯ сокини маҳаллӣ Леонтий Демяшев сарпаноҳ додааст ва бо мурури бозгашти қисмани хотира Ҷавлиев тасмим гирифтааст, ки ба ватан назди хонаводааш баргардад.

Феълан Ҷавлиев дар боздоштгоҳи махсус барои шаҳрвандони бидуни аснод қарор дорад ва масъалаи бозгашти ӯ дар баррасии мақомоти Қазоқистону Тоҷикистон мебошад.

422
Барчаспҳо:
бедарак шудан, муҳоҷир, Тоҷикистон-Русия-Қазоқистон
Школьники в масках

Ноиби сарвазири Тоҷикистон гуфт, чӣ бояд кард, то талабаҳо мубталои COVID-19 нашаванд

0
(Таҷдидшуда 20:59 14.08.2020)
Гуруҳи корӣ таҳти раёсати Ширин Исматуллозода, ноиби сарвазири Тоҷикистон, ҳангоми санҷиш дар шаҳри Роғун ва навоҳии Рашт камбудиҳои зиёд дар бахши мубориза бо COVID-19 ошкор кардаст

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Гуруҳи корӣ таҳти раёсати Ширин Исматуллозода аз шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш боздида карда, вазъи соҳаи тандурустӣ ва омодабошии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хонишро санҷидаанд, хабар дод “Ховар”.

“Зимни боздид маълум гардид, ки аҳолӣ, соҳаи маориф ва табибон нисбат ба бемории сироятии COVID-19 ва гирифторшавӣ ба он фориғболӣ нишон медиҳанд.”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дар кӯчаву бозорҳо сокинон бениқоб гашту гузор мекунанд, дар  муассисаҳои таълимӣ  захираи маводи антисептикӣ, ниқоб, варақаҳои тарғиботиву ташвиқотӣ барои пешгирии беморӣ кам ба назар мерасанд.

Муовини сарвазири Тоҷикистон таъкид кардааст, ки “агар ҳар як омӯзгор бо табибон ва волидон ҳамкорӣ кунанд, боварӣ дорам, ки мактаббачагон ҳеҷ гоҳ интиқолдиҳандаи беморӣ намегарданд”.

Исматуллозода дастур дод, ки омӯзгорону муҳассилин бе ниқоб ба дарс надароянд ва дар даромадгоҳи мактабҳо ҳатман маводи антисептикӣ ва ҳароратсанҷ гузошта шавад.

Инчунин дастур дода шудаст, ки аз ҳисоби кормандони миёнаи тиб дар мактабҳо навбатдориҳо ташкил карда шаваду ҳар як омӯзгор 2-3 дақиқаи дарсро ба фаҳмондадиҳӣ барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҷудо кунад.

0
Барчаспҳо:
пешгирӣ, беморӣ, талабагон, Тоҷикистон