Российский паспорт, архивное фото

Дарёфти шаҳрвандии Русия барои зодагони Иттиҳоди Шуравӣ осонтар мешавад

599
(Таҷдидшуда 17:29 24.05.2017)
Дарёфти шаҳрвандии Русия барои донандагони забони русӣ аз ҷумҳуриҳои пешини Иттиҳоди Шуравӣ осонтар хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Ҳаққи дарёфти шаҳрвандӣ бар пояи "асли хок" ё "асли зодбум" дар Русия низ ҷорӣ хоҳад шуд.

"Асли зодбум" яке аз шеваҳои дарёфти шаҳрвандӣ аст ки бар асоси он ҳар касе ки дар сарзамин ё қаламрави як кишвар зода мешавад, шаҳрвандии он кишварро дарёфт хоҳад кард.

Раиси Кумитаи умури миллии Думаи кишварӣ Руслан Балбек ба хабарнигори "РИА Новости" гуфт, пешнависи қонуни дарёфти шаҳрванди бар асоси "асли зодбум", ки Константин Затулин ва Наталя Поклонская таҳия кардаанд, дар моҳи феврал ба маҷлиси қонунгузор пешниҳод шуда ва Кумитаи умури миллии Дума онро баррасӣ карда ва мусбат арзёбӣ кардааст.

Балбек таъкид кард, ки агар ин қонун тасвиб шавад, дарёфти шаҳрвандии Русия на танҳо бар асоси асли ҳамхунӣ ва хешовандӣ, балки аз рӯи асли зодбум низ имконпазир хоҳад шуд.

Вай гуфт, ки меъёри аслӣ барои дарёфти шаҳрвандӣ донистани забони русӣ хоҳад буд. Афзун бар ин, пайванд бо қаламрави Иттиҳоди Шуравӣ ва сарзамини подшоҳии Русия низ дар назар гирифта хоҳад шуд.

Ба гуфти Балбек, ҳаққи осон дарёфт кардани шаҳрвандии Русияро касоне хоҳанд дошт ки гӯишвари забони русӣ бошанд ва дар яке аз ҷумҳуриҳои пешини Иттиҳоди Шуравӣ ва ё қаламрави имперотурии Русия зода шуда бошанд.

599
Барчаспҳо:
шаҳрвандии Русия, Наталя Поклонская, Константин Затулин, Тоҷикистон, Русия
Мавзуъ
Диплумосии Русия дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон

Сябитова шарҳ дод, ки чаро занони рус бо муҳоҷирон издивоҷ мекунанд

2535
(Таҷдидшуда 12:13 27.09.2020)
Чаро миёни издивоҷҳо дар Русия аксари домодҳо хориҷиён ҳастанд, шарҳ дод хостгор ва ровӣ Роза Сябитова

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Бино ба маълумоти идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии минтақавии Русия аксари домодҳо шаҳрвандони хориҷа, аз қабили зодагони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Арманистон мебошанд.

Ровии барномаи "Давай поженимся" хостгор Роза Сябитова ин тамоюлро дар сӯҳбат бо радиои "Давай поженимся" шарҳ дод.

Ровӣ як намоиши телевизиониро мисол овард ва гуфт, ки хориҷиён бештар ба наздашон меоянд.

Ҳамзамон, меҳмонони барнома саъй намекунанд, ки ба ватани худ баргарданд, балки мехоҳанд дар Русия бимонанд.

Сябитова шарҳ дод, ки барои муҳоҷирон издивоҷ яке аз роҳҳои осонтарини қонунигардонӣ дар Русия ба ҳисоб меравад.

Номбурда омилҳои иҷтимоӣ ва биологиро низ сабаби дигари издивоҷи занони рус бо хориҷиён номид.

Вай қайд кард, ки мардон аксар вақт духтарони хурдсоли синни таваллудро ҳамчун ҷуфт интихоб мекунанд ва заноне, ки мехоҳанд барои рушди хеш талош кунанд, бо гузашти солҳо бетаваҷҷӯҳ мемонанд.

“Бинобар шароит, заноне, ки тасмим гирифтанд, барои худ карера созанд  ва барои рушди фардиву баробарии гендерӣ талош кунанд, дар канор монданд. Аммо онҳо низ бояд издивоҷ кунанд ва бинобар ин хушбахтии занонаро аз домодҳои хориҷӣ меҷӯянд", гуфт Сябитова.

Ҳамзамон, ровии телевизион қайд кард, ки ин тамоюл комилан муқаррарист ва занон набояд аз интихоби худ шарм доранд.

2535
Барчаспҳо:
издивоҷ, муҳоҷирон, Русия
Посольство Республики Таджикистан в Москве

Ҷанҷол дар сафорат: муҳоҷири бекормонда бинию ангушти дипломати тоҷикро шикаст

2762
Муҳоҷири 38-солаи тоҷик дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Русия ду нафарро мавриди латукӯб қарор дод

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Рӯзи 24 сентябр ба идораи милисаи Пресненский хабар дода шуд, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар бинои сафорати ин кишвар дар тангкӯчаи Гранатнийи шаҳри Маскав ду нафарро латукӯб кард, иттилоъ дод РИА Новости.

Яке аз ҷабрдидаҳо, мутахассиси пешбари сафорати Тоҷикистон дар Русия мебошад, ки дасту бинияш шикаста, осеби майнаи сар бардоштааст. Ҷабрдидаи дигар ронанда будааст, ки мақоми дипломатӣ надошта ва ҷароҳати ҷисмонӣ низ набардоштааст, хабар дод ожонси хабарии “Москва”.

Аз ҳамлагар шаҳрванди бекормандаи Тоҷикистон зикр мешавад, ки соли таваллудаш 1982 мебошад.

Нисбати нафари муттаҳам дар ҳамла ба кормандони сафорат, барои нақзи қоидаҳои вуруд ба қаламрави Русия санади маъмурӣ тартиб дода шудааст. Манбаъ афзуд, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дошта, ба ҷабрдида кумаки тиббӣ расонда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир ба далели адами парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия талабот ба чиптаҳо барои парвозҳои чартерӣ зиёд шудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз нархҳои гарони  ин чиптаҳо ва ҷой доштани ҳолатҳои қаллобӣ зимни фурӯши онҳо шикоят карда буданд.

2762
Барчаспҳо:
сафорат, дипломатия, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка

1799
(Таҷдидшуда 21:03 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои 7 фармону як қарор дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳур, полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод гардида, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъйин шуд.

Бобокалонзода Луқмон сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъйин гардид.

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод гардида, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.

Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шуд. Шарифӣ Саъдӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид.

1799