Микроавтобус дар роҳ, акс аз бойгонӣ

Дур шудани муҳоҷирон аз пушти фармони нақлиёти умумии Русия мусофиронро саргардон кард

201
(Таҷдидшуда 19:17 01.06.2017)
Сокинони шаҳри Обнински вилояти Калуга дар паи мамнуъ шудани ҳаққи ронандагӣ дар нақлиёти умумӣ барои муҳоҷирон пиёда монданд: имрӯз ду севуми минибусҳои мусофирбари ин шаҳр роҳ науфтод

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Аксари аҳолии шаҳр имрӯз ба кор дер расид, зеро имрӯз ду севуми минибусҳои мусофирбари ин шаҳр кор намекард, гузориш дод хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

Имрӯз субҳ мусофироне, ки мехостанд аз истгоҳи мусофирбарҳои ин шаҳр ба дигар шаҳракҳо сафар кунанд, аз набудани минибусҳо шигифтзада мешуданд.

Дигар рӯзҳо ин истгоҳ пур аз мусофирбар буд ва ҳар кадом бо навбат ба роҳ мебаромад. Аммо имрӯз автовокзал холӣ буд. Дар он ҷо танҳо 2 — 3 минибус ба чашм мерасиду халос.

Мусофирони масири шумораи 2 чанд соат чашм ба роҳи мусофирбар буданд, вале аз онҳо хабаре набуд.

Чуноне ки аз Раёсати нақлиёти шаҳрдории Обнинск хабар доданд, шумораи минибусҳое, ки имрӯз ба хатсайр баромаданд, се маротиба кам шудаст. Куллан дар ин шаҳр 300 минибус мусофирбарӣ мекунанд, ки аз он шумор имрӯз 200-тояшон ба роҳ набаромадааст.

Ёдовар мешавем, ки дар Русия аз 1-уми июни соли 2017 қонуне ҷорӣ шуд, ки бино бар он муҳоҷироне, ки гувоҳиномаи ронандагии русӣ надошта бошанд, ҳаққ нахоҳанд дошт нақлиёти умумиро идора кунанд.

201
Барчаспҳо:
шаҳодатномаи ронандагии русӣ, нақлиёт, муҳоҷирон, Русия