Дабистон, акс аз бойгонӣ

Кӯдакони муҳоҷирон II: Чӣ гуна дар Русия муҳоҷирон барои муҳоҷирон боғча “месозанд”

142
(Таҷдидшуда 10:02 14.06.2017)
Онахон мехоҳад манзиле ё сохтмонеро иҷора карда кӯдакистони хусусӣ ташкил кунад ва корашро бо низом ба роҳ монад

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Соли аввал буд, ки ба Русия омада будам. Ҳамроҳ бо ду фарзанди хурдсолам ба яке аз шаҳрҳои Русия равон шудем. Ғарибие, ки шунида, вале надида будем, бар сарамон омада буд. Мушкили санадҳову иқомату иҷораву кор…

Замоне, ки дар ширкате дар Маскав истихдом шудам, мушкили дигаре пеш омад. Касе набуд, ки фарзандонамро нигаҳбонӣ кунад.

Аз Идораи омӯзишу парвариши шаҳр ёрӣ хостем. Гуфтанд, ин ҷо бояд навбат поид. Навбататон, ки расид, метавонед фарзандонатонро ба кӯдакистон во гузоред.

Ночор, дар ҷустуҷӯи кӯдакбоне шудам, вале нархашон гарон буд. Ин ҳолро доштем, ки яке гуфт, ки зане аз ҳамшаҳриҳоямон дар хонааш "кӯдакистони хусусӣ" ташкил кардаву кӯдакони муҳоҷиронро нигаҳбонӣ мекунад.

Онахон — зани 50-солаи тоҷик панҷ сол боз дар яке аз шаҳрҳои Русия зиндагӣ мекунад. Аз як сӯ зиндагӣ ӯро маҷбур карда, ки барои гузарони рӯзгор даромаде ба даст орад, аз дигар сӯ кори наве барои худ касб кардааст.

"Соли 2011 бори аввал ба Русия омадам. Дар аввал дар шаҳри бегона бисёр саргардон шудем. Баъд маҷбур нигоҳубини наберагонамро ба дӯш гирифтам. Ҳамин сабаб шуд, ки ман дар хона боғчае барои муҳоҷирон ташкил кунам", — мегӯяд вай.

Онахон дар Тоҷикистон аввал дар дабиристон ва сипас дар кӯдакистон кор мекардааст. "Сарукор бо кӯдакон бароям коре нав нест", — мегӯяд ӯ.

"Пас аз фарзанддор шуданам, зиндагиам вайрон шуд. Шавҳарам хонаводаро раҳо карду рафт. Маҷбур мактабро гузошта, барои кор ба боғча гузаштам. Аз ҳамон вақт ба кӯдакон унс гирифтам", — мегӯяд Онахон.

Акнун ин модарбузурги 50-сола дар хонае, ки иҷоранишин аст, "кӯдакистони хусусӣ" ташкил кардааст. Чун барои мусоҳиба ба он ҷо рафтем, дарро писарбачаи 5-6-сола кушод ва дарҳол "ассалому алайкум" гуфта моро ба хона даъват кард. Маълум буд, ки дар ин "кӯдакистон" одобро ҳам ёд медодаанд.

Онахон моро ба ҳуҷарае дароварданд. Ҳуҷра оддӣ буд. Дар он тақрибан 6 — 7 кӯдак буд. Дар кунҷе писарбачаи хурдакаке хобида буд. Ду — се кӯдаки дигар бозӣ доштанд.

"Шароит дар Тоҷикистон, ки вазнин шуд, маҷбур хеста ин ҷо омадем. Баночор мураббии кӯдакистон шуда мондам. Тоҷикон, узбакҳо ва русҳо фарзандонашонро пешам гузошта, ба кор мераванд", — гуфт вай.

Дар ҳамин ҳол духтараки хурдакаке, ки 3 — 4-сола менамуд, аз хоб бедор шуд. Назди мураббиаш омада, рӯяшро бӯсиду сипас машғул ба бозӣ шуд.

"Ин кӯдакон чунон бо ман хӯ гирифтаанд, ки гоҳе ки модарон ё падаронашон меоянд, ки хонаашон бибаранд, намеравам гуфта гиря мекунанд", — мегӯяд бо лабханд Онахон.

Ба гуфтаи вай, бори нахуст зане аз ӯ дархост карда буд, ки фарзандашро ҳамроҳ бо наберагонаш нигаҳбонӣ кунад. "Аз он пас кам-кам муштариён бештар шуданд ва хонаам "кӯдакистон" шуд. Акнун инҷо кӯдакони аз яксола то шашсола нигаҳбониву тарбия карда мешаванд", — мегӯяд вай.

Онахон барои кӯдакбонияш дар як рӯз аз ҳар хонавода 200 рубл дастмузд мегирифтааст. Афзун бар ин, хонаводаҳо хӯроки кӯдаконашонро худашон омода мекунанд.

Вай мегӯяд, дар як руз 5 бор кӯдаконро хӯрок медиҳад. Ҳар чошт онҳоро мехобонад ва барояшон китоб мехонад то хобашон бибарад. Ин бибии тоҷик мегӯяд, кӯдаконро бе шӯхӣ намешавад тасаввур кард, вале ҳарчанд асабҳояш рӯз аз рӯз хастатар мешаванд, аммо чун кӯдаконро дӯст медорад, аз кӯдакбонӣ даст намекашад ва аз дигар сӯ, он ягона даромадаш аст.

"Бояд пеш аз ҳама шиками кӯдакро сер кард. Кӯдак ки гурусна набошад, бозӣ ҳам мекунад, хоб ҳам меравад. Инҳо ба ман унс гирифтаанд. Агар ду — се рӯз касе аз онҳо наояд, пазмонаш мешавам", — мегӯяд мураббӣ.

Ба гуфтаи Она-хола, ҳоло ки дар шаҳр барои кӯдакистон навбат мепоянд, на танҳо муҳоҷирони тоҷик, балки шаҳрвандони Узбакистону Укроин ҳам кӯдаконашонро назди ӯ меоранд.

"Волидон аз мураббигии ман розианд. Кӯдакон зуд ба ман унс мегиранд. Волидон ҳам корашонро давом медиҳанд, ман ҳам ба ҳамин восита барои худ кор пайдо кардам", — мегӯяд вай.

Онахон афзуд, мехост манзиле ё сохтмонеро иҷора карда, кӯдакистони шахсӣ ташкил кунад ва корашро бо низом ба роҳ монад. Аммо чунин имконе надорад ва намедонад, ки касе дар ин замина кумакаш хоҳад кард ё на.

Аз ӯ дархост кардам, ки иҷоза диҳад аз кӯдакон як — ду акс гирам, вале розӣ нашуд.

"Монед, духтарам. Маро боз дарди сар нашавад. Вай рӯз ду — се ҳамсояамон ғур-ғур кардаанд, ки ман ин ҷо боғча ташкил кардаам. Ҳарчанд, ки аз мо ба онҳо ҳеч зараре ҳам намерасад", — гуфт зан.

Аз холаи Онахон сипосгузорӣ кардаму барояшон тавфиқ орзу кардаму аз кӯдакистоне, ки муҳоҷирон барои муҳоҷирон бар по кардаам, берун шудам.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар ҳошияи Рӯзи кӯдакон дар бораи кӯдакони муҳоҷирон матлабе навишта, пешниҳоди хонандагон карда будем.

То ҷое, ки маълумот дорем, "кӯдакистонҳои шахсии муҳоҷирон" дар Русия бисёранд. Аммо то ҳол созмони иҷтимоъие ё давлатие иқдоме накарда, ки барои муҳоҷирон кӯдакистон созад ё мушкили муҳоҷиронро осон кунад. Умедвор мешавем, ки  дар ояндаи наздик шахсони мутасаддӣ дар ин бора фикр хоҳанд кард, зеро муҳоҷирон низ дасту камар баста, барои Ватан, дур аз Ватан ва бидуни ҳеч имтиёзе кор мекунанд ва дар пешрафти Тоҷикистон, бегумон саҳми муҳоҷирон низ калон аст!

142
Барчаспҳо:
кӯдакон, дабистон, муҳоҷирон, Русия
Мигранты у здания Управления Федеральной миграционной службы России

Дар Русия 40% муҳоҷирон бо сабаби коронавирус бекор мондаанд

178
(Таҷдидшуда 15:12 09.07.2020)
Як таҳқиқот муаян кардааст, ки бештар аз 50% муҳоҷирон дар Русия тамоми манбаҳои даромади худро аз даст додаанд

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар Русия, бар асари пандемияи коронавирус бештар аз ҳама муҳоҷирони меҳнатӣ азият кашиданд, хабар медиҳад рӯзномаи тиҷоратии "Ведомости" бо истинод ба як пурсиши РАНХиГС.

Аз рӯйи натиҷаҳои ба даст омада, 40%-и муҳоҷирон ҳангоми пандемия бекор шуданд.

Илова бар ин, 35%-и муҳоҷирон маҷбур буданд ба рухсатии бемузд раванд.

Бештари тағирот ба муҳоҷироне, ки дар Маскав зиндагӣ мекарданд, таъсир расонд. Ҳамин тавр, 76% хориҷиён ҷои кори худро аз даст доданд ё ба рухсатии маҷбурӣ рафтанд.

Дар уммум 51% муҳоҷирон дар Русия ва 54% шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав гуфтаанд "ҳамаи манбаҳои даромад"-ро аз даст додаанд. Ҳамзамон, болоравии даромадҳо ва ё дар як сатҳ боқӣ мондани он танҳо 19% боқӣ мондааст.

Ёдовар мешавем, ки аз аввали сол ҷараёни муҳоҷират ба Русия нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 беш аз 2 маротиба кам шудааст.

178

Коженов тағйиротҳо ҳангоми гирифтани патентро тавзеҳ дод

417
Раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов тавзеҳ дод, ки аз 1 июл тартиботи гирифтани иҷозатномаи кор барои муҳоҷирон чигуна мешавад

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов дар мусоҳиба бо телевизиони "Мир-24" гуфт, ки аз 1 июл муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми дархости патент бояд кадом тағйиротҳоро дар назар бигиранд.

Ӯ ёдрас шуд, ки 18 апрел раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонид, ки мувофиқи он муҳоҷирони меҳнатӣ аз 15 март то 15 июн имтиёзҳои калон ба даст оварданд. Яъне, муҳоҷирон аз супурдани андози патент ва худро ба қайд гузоштан озод шуданд.

"Мақомоти Русия тамоми чораҷӯиҳоро андешиданд, то дар давраи мушкили карантин ба муҳоҷирон кӯмак расонанд", - таъкид кард Коженов.

Ёдрас мешавем, Русия аз 27 март, чун даҳҳо кишвари дигар, марзҳояшро баст ва парвозҳои байналмилалӣ лағв шуданд.

15 июн мӯҳлати амали фармони мазкур то 15 сентябр тамдид гардид.

"Ягона маҳдудият дар он аст, ки касе ки кор мекунад ва даромад дорад, бояд андози патентро супорад. Нафароне ки аз кор маҳрум шуданд, метавонанд, бидуни нигаронӣ аз ҷарима ва депорт дар ҳудуди Русия монанд", - гуфт президенти федератсия.

 

Ҳамчунин ӯ афзуд, ки ба муҳоҷирон иҷозат дода мешавад, ки бидуни убури сарҳад патент ба даст оранд. Зеро марзҳо бастаанд. 

Кӯмак: Коженов байни муҳоҷирон хӯрока тақсим кард - Навор

"Агар дар ин муддати зикргардида мӯҳлати патенти муҳоҷир ба анҷом расад, ӯ бидуни убури сарҳад метавонад навашро ба даст орад", - таъкид кард вай.

Раиси муҳоҷирон афзуд, ки Русия ба ворид шудани муҳоҷирон ба кишвар маҳдудияте ҷорӣ накардааст ва замоне ки карантин ба анҷом мерасад, хоҳишмандон метавонанд ба Русия сафар кунанд.

417
Рустам Эмомали председатель города Душанбе

Ҳудуди Душанбе тағйир меёбад?: Рустами Эмомалӣ вакилонро ба маҷлис даъват кард

0
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо имзои як қарор вакилони халқи Душанберо ба маҷлис даъват кардааст

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Фардо, 15 июл, соати 9:00 дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир мегардад. 

Дар назар аст, дар иҷлосияи мазкур масъалаҳои тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баррасӣ гардад.

Афзун бар ин, вакилони халқи Душанбе як қатор масъалаҳои дигар, аз ҷумла рушди соҳаи энергетика, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ, пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ғайраро ироа кунанд.

Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳр, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум аз 2 то 13 июли соли 2020 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум таклифҳои мушаххасро пешниҳод намуданд.

0