Ба пеш ба Русия: пешсафии Тоҷикистон дар муҳоҷират ба Русия

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкТрудовые мигранты, архивное фото
Трудовые мигранты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таваҷҷуҳи муҳоҷирон ба Русия кам шудааст. Ягона кишваре, ки ҳамоно ба Русия муҳоҷир мефиристад, Тоҷикистон аст

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Тоҷикистон ягона кишвари Иттиҳодияи давлатҳои ҳамсуд аст, ки муҳоҷиронаш дар авоили соли 2017 бештар аз дигарон ба Русия сафар кардаанд.

Бино ба иттилоъи рӯзномаи "Ведомости" дар кулл муҳоҷират ба Русия коҳиш ёфтааст. Бар асоси пажӯҳиши Фарҳангистони улуми Русия шумораи муҳоҷирони қонунӣ дар авоили соли 2017 нисбат ба авоили соли 2016 то 26,8 дарсад коҳиш ёфтааст.

Шодимурод Азизкулов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сарсониҳои як муҳоҷир дар паи эъломи авф: “наздик буд ихроҷам мекарданд...”

Чунончи, сели муҳоҷират аз Украина дар тули сол то 40 дарсад кам шуда, аз 35,3 ҳазор кас ба 21,1 ҳазор кас коҳиш ёфтааст. Далели ин коҳишро роҳандозии низоми бераводид бо кишварҳои Урупо донистаанд.

Шумораи муҳоҷирон аз Қазоқистону Арманистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон низ кам шудааст ва дар сатҳи солҳои 2012-2013 қарор дорад.

Аммо Тоҷикистон ҳамчунон дар муҳоҷират пешсаф аст ва дар шаш моҳи аввали соли 2017 нисбат ба порсол муҳоҷират бештар шудааст. Чунончи, агар дар шаш моҳи аввали соли 2016 ба Русия 5,6 ҳазор кас омада бошад, имсол 6,3 ҳазор тоҷикистонӣ барои кор ба Русия сафар кардааст.

Коршиносон далоили аслии коҳиши муҳоҷират ба Русияро шадидтар шудани қавонини муҳоҷиратӣ, коҳиши музди кору даромадҳо медонанд. Вале ин далелҳо пеши роҳ муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистонро намегиранд.

Лентаи хабарҳо
0